иҷтимоиёт
ПОЙТАХТ СИПАРИ АМНИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
(Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов «Пойтахти давлат ва истиқлоли миллат»)
Мақолаи таҳлилию тадқиқии «Пойтахти давлат ва истиқлоли миллат» ба мавзуи бунёдӣ - шукӯҳу манзалати пойтахти давлат, ҳифзи истиқлоли як миллати воҳиди қадимтарину мутамаддинтарин мо – тоҷикон, аз зовияи фаҳму дарки донишҳои сиёсию фарҳангӣ, маърифатию мазҳабӣ, динӣ, ҳуқуқӣ, марзҳои озодихоҳиву ҳувиятхоҳии ватанпарварона ва шинохти миллӣ таълиф гардида, масоили мубраму дархӯри замону ҳолати воқеиро аз дидгоҳи назариву шоистақавли нигоранда, андар шинохти эътибор ва ҷойгоҳи шоистаи пойтахти кишварамон – Тоҷикистони маҳбуб ба таври мулоҳиза баён ёфтааст.
Дар муқаддимаи мақолаи мавриди назар профессор С. Ятимов баъд аз тавсифи истиқлоли миллӣ таъкид кардааст, ки бидуни ташкилоти сиёсии марказонидашуда, устувор мондан, ҳифзи абадияти миллӣ ва нишонаҳои асосии он – забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва рифоҳи миллӣ ғайри имкон аст. Ва дар анҷоми сухани пешгуфтор ба нуктаи ниҳоии мазмуни мақола ба таври мушаххас ишорат менамояд- «... мавзуи баҳс манзалати сиёсии пойтахти давлат дар чаҳорчӯбаи истиқлоли миллат мебошад...».
Мутобиқ ба баррасии масъала, муаллиф маъниҳои бикру андешаҳои тозаи хешро дар фаслҳои иҷмолии мақола – «Пойтахт»; «Пойтахт ва фарҳанги сиёсӣ»; «Пойтахт ва амният»; «Идеяи миллӣ ва пойтахт»; Истиқлол, пойтахт ва ҷавонон ва хулоса ба таври мураттабу муҷаз манзури хонанда мегардонад.
ФАСЛИ «ПОЙТАХТ ВА ФАРҲАНГИ СИЁСӢ»
Ин нукта шоистаи таваҷҷуҳ аст, ки асрори андеша дар пешгуфтору хулосаи фасли фавқ ба мазмуни зайл анҷом мепазирад.
Асолату салобати давлатдорӣ, шукӯҳу шаҳомати мамлакат марбут аст ба пойтахти он, зеро пойтахт таҷассумнамои зербино, субот, амният ва ба василаи тарҳи шаҳрдории зебову архитектураи ифодакунандаи арзишҳо ва армонҳои миллӣ, хиёбону гулгаштҳои муосир дар чашми хориҷиён, намоди салтанатдории ҳар миллат маҳсуб меёбад ва, хушбахтона, шаҳри Душанбе муносиб ба ин гуна сифатҳост.
Дар ин замина, муҳаббат парвардан ба пойтахти мамлакат, садоқат доштан ба маркази зуҳури эътибори миллати хеш вазифаи муқаддаси ҳар як сокини Тоҷикистони азиз аст.
Масъалаи ҳаётан муҳиму воқеан, нодиру марҳамсоз барои давлат ин амният мебошад ва ин нукта бе баҳс буда, ки заминаи бунёдии рушду нумӯи кишвар дар кулли ҷабҳаҳои зиндагӣ, амну суботу осоиштагист. Аз ҳамин нуктаи назар, сиёсатшиноси муътақид ба истиқлоли андешаи хеш С. Ятимов дар мақолаи «Пойтахти давлат ва истиқлоли миллат» ақидаи возеҳро перомуни нигоштаҳои боло дар фасли Пойтахт ва амният ба қалам дода, суханро аз масъулияти умдаи давлатдорӣ, осудагии кулли кишвар, услуби вижаи роҳандозии фаъолияти маъмурии пойтахт оғоз мебахшанд. Ва баъди ишорае ба ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат (1992-1997) роҷеъ ба асоси оромиву осоиштагии кишвар фарзияи мукаммалу мухтасарро ироа карда, ҷуброннопазирии оқибатҳои ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро барҷаставу муассир ёдрас мешаванд.
Манзалати инсон – инсоне, ки дар тамоми ҳаводиси олам - хосса муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши меҳварӣ дорад, бар асоси сарчашмаҳои илмиву андешаҳои пурмаънии донишмандон арзёбӣ мешавад, дар мақола. Ва таҳлилгари масоили сиёсӣ (муаллифи мақола – С. Я.) бар ин назаранд, ки замони муосир дар раванди ҷаҳонишавӣ – мафкурасозии геополитикӣ (ибораи муаллифи мақола) ба ҳаводисе бархӯрд менамояд, ки ҳаллу фасли ниҳоии онҳо ба тақдири минбаъдаи ин ё он давлат бевосита рабт дорад.
Суқути Афғонистон тайи моҳҳои охир вобас-та аст ба он «туҳфае», ки Ғарб ба кишварҳои минтақа тақдим кард. Хулосаи вазъият дар Афғонистонро муаллифи мақола бо ҳикмати аҳли назар ва ҳарфҳои хирадмандона бозгӯ менамоянд: «... Акнун «Хоҷа дар банд, бандӣ озод». Мулк валангор. Миллат ҳақиру зор. «Зиёӣ дар фирор...». Ва дар ин маврид, аз ҳодисаҳои Афғонистон чунин натиҷа ба таваҷҷуҳи хонандаи бедор пешниҳод мешавад: «...эътиқоду боварҳо бо ҷузъиёташон бояд ба муқаддасоти миллӣ хидматгузор бошанд. Онҳо таҳким бахшанд. Ва вақте чунин пайванди ҳаётбахш сарфи назар гардад, хосият ва ҷаҳонбинии бегона қисмати фаъоли ҷомеаро фарогир шавад, мардум ба бозичаи дасти аҷнабиён табдил меёбанд... Афғонистон зуҳуроти равшани ҳамин моҳият аст».
Хушбахтона, чунонки аз муҳтавои мақолаи мазкур бармеояд, тайи солҳои охир пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази рушди бесобиқаи илму маориф мубаддал гардидааст ва ин музаффарият паёмест аз ояндаи дурахшони мамлакатамон.
Ҳоло замони ихтирои кашфиёт кайҳо фаро расидаву ба тадқиқи асрори илмии заминӣ ва коиноти дастрасӣ надорем, яъне амаламон ҷавобгӯи тақозои давр нест. Дар ин маврид бояд дастаҷамъона бияндешем, рушди пойтахт ва дар маҷмуъ, кулли самтҳои тараққиёти ҷомеамон ниёз ба ихтирооту тадқиқи асрори навини илмӣ дорад, хоса илмҳои дақиқу табиатшиносӣ.
"ИСТИҚЛОЛ, ПОЙТАХТ ВА ҶАВОНОН"
Фасли охири мақолаи «Пойтахти давлат ва истиқлоли миллат» - «Истиқлол, пойтахт ва ҷавонон» буда, муаллиф бо ишораи қатъию огаҳмандона аз давлатдорӣ ва ҳифзу пешбурди манфиатҳои миллӣ суханро шуруъ менамоянд дар ин фасл. Ва тафохур аз фарҳанг ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба хотири пойдории давлат яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди бонангу номуси мамлакат аст.
Тули сӣ соли Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо сарварии хирадмандонаву хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардид.
Дар ҷомеаи муосир шахси донишманд дар раванди бунёдкорию созандагӣ (ба мисли тозакориҳои раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ) нақши муассир дорад, зеро маърифат дидаи ҷони бузургон аст ва орифон ба нури дил кунанд сайри муҳити маърифат. Ҷавонон бояд аз хисоли баргузидаи инсонӣ чун донишмандиву сухангустарӣ хушкалому дилсоф ва соҳибиродаву ҷасур бархӯрдор бошанд. Ҳамвора баҳри доро будан ба ин хислатҳои неки инсонӣ бояд, ки муттасил пайи омӯзишу мутолиаи осори адабии муосиру ҷаҳон саъй намоянду ҷаҳонбинии фарох дошта бошанд. Ва таҳаввулоте, ки чанд соли охир бо роҳбариву ибтикороти раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ ба вуқуъ пайваст, намунаи барҷастаи донишмандиву истеъдоди бофазли ӯст, ки шахсияташон бархоста аз миёни ҷавонони бомаърифату ҳушманди мамлакат. Ва муаллиф воқеъбинона мефармояд:
«Ҳамаи ин иншоот ва корхонаву муассисаҳоро дар кӯтоҳтарин муддат шаҳрдорӣ, соҳибкорон, ҳазорон-ҳазор ҷавонони мамлакат месозанд. Онҳо аз дуру наздик бо тарҳрезӣ, нақшбандӣ, ташаббус, даъват ва роҳбарии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба майдони корзори пойтахт ворид шуда, ин бозсозиро оғоз, идома ва суръат бахшидаанд. Ҳамин тавр, амал «лаёқат ва истеъдод эътимодро тақвият медиҳад. (Гёте)».
Меҳриддин ҒИЁСӢ,
мудири бахши шуъбаи иттилоот,
робитаҳои илмӣ ва омӯзиши тамаддуни Шарқи Маркази мероси хаттии АМИТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.02.2022 №: 32 Мутолиа карданд: 479