Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
АИР «Новости». Максимилиан Крах, вакили олмонӣ аз ҳизби "Алтернатива барои Олмон", гуфтааст, ки иддаоҳо дар бораи "ҳамлаи"-и Россия ба Украина сохта буданд ва хатари аслӣ дар эҳтимоли ҳамлаи Киев ба Донбасс аст.
RT. Президенти ИМА Ҷо Байден изҳор дошт: «Мо ба русҳо таҳдид намекунем ва хостори бесуботӣ дар Россия нестем. Ман ба шаҳрвандони Россия муроҷиат мекунам: шумо душмани мо нестед. Ва ман бовар надорам, ки касе хоҳони як ҷанги хунин ва харобиовар алайҳи Украина бошад».
ТАСС. Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Лиз Трасс бо ҳамтои олмонии худ Анналена Бербок, Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ва вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан-Ив Ле Дриан вазъ дар атрофи Украинаро баррасӣ кард.
ТАСС. Бар асари тирпарронии ҷангҷӯён, ду сарбози суриягӣ дар вилоятҳои мухталифи ин кишвар кушта, нуҳ низомӣ ва як ғайринизомӣ захмӣ шуданд. Дар ин бора муовини раҳбари Маркази Россия оид ба оштии ҷонибҳои даргир дар Ҷумҳурии Арабии Сурия, контр-адмирал Олег Журавлев хабар дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 882