logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ҶОЙГОҲИ ҶАҲОНӢ. ИТТИҲОДУ ҲАМБАСТАГӢ ШАРТИ ПИРӮЗИҲОИ МИНБАЪДА АСТ

Тоҷикон баъд аз заволи Иттиҳоди Шуравӣ, бо гузашти зиёда аз ҳазор сол дигарбора соҳиби давлати мустақил гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар ақсои олам шинохта шуд. Ҳарчанд мо Истиқлоли давлатиро ба даст овардем, вале дар оғози амр ин нукта собит шуд, ки ҳанӯз барои мустақиман давлатдорӣ кардан заъфиятҳои зиёде дорем. Гузашта аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳое дар ҳайати шуравӣ буд, ки аз ин империяи бузург ҳеҷ меросе нагирифт.
Аз ин рӯ, зарур буд, ки баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати мамлакат ба созандагӣ ва эҳёи иқтисоди миллӣ ҷиддан камар мебаст. Вале, бадхоҳони миллати мо ва гурӯҳҳои фурсатталаб дар ибтидои истиқлолият авзои кишварро ноором карданд ва ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ замина гузоштанд, ки оқибатҳои фоҷиабори он дар таърихи давлатдории навини тоҷикон доғи ҳамешагист. Аввали солҳои 90-уми асри гузашта вазъ дар мамлакат торафт печидатар мегардид. Акнун ба Тоҷикистон сарваре лозим буд, ки кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад. Ба бахти баланди миллати мо, ин рисолатро ҷавони далеру шуҷоъ Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда гирифтанд. Замоне, ки фарзанди барӯманд ва номбардори миллат Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлат интихоб шуданд, миллат дар пайи ҷангу хунрезиҳои бераҳмона парешону ғурбатзада, модарон дар фироқи фарзандони гумкардаву тифлон аз ғами кушта шудани падаронашон нолаву фиғон мекарданд. Бародар қасди рабудани ҷони бародар дошт. 
Ҷангу низоъҳои хунин ба соҳибистиқлолӣ ва бақои миллат таҳдид менамуд. Душманони миллат барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон ба ҳар роҳу восита алангаи ҷангро баланд мекарданд. Аз чунин ранг гирифтани кор, мардум умедашро аз ояндаи дурахшони кишвар канд. Баъзе сиёсатмадорон аз вазифаи идоракунии давлат даст мекашиданд ва як қисми дигараш қабули ин ё он вазифаро рад мекард, зеро суиқасд бар ҷони соҳибмансабон зиёд гардида буд. Вале дар ин миён буданд ашхосе, ки паҳлуи Роҳбари давлат истода, аз кишвару миллати хеш ҳимоя намуданд. Хушбахтона, бо саъю талоши онҳо ва, хусусан бо файзи хиради Раҳбари тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон, Хуршеди саодат болои миллат оҳиста – оҳиста нур пошидан гирифт. 
Яке аз аввалин иқдомҳои Сарвари давлат эълон намудани афви умум, халъи силоҳ ва баргардондани гурезаҳо ба Ватан буд. Авҷи парешониҳо ва ғурбати тоҷикон дар хоки кишварҳои ҳамсоя, бахусус Афғонистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гурезаҳо бо чунин суханон муроҷиат намуданд: «Ҳамватанони азиз, ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам. Як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем. Пушту паноҳи шумо Ватан аст. Шуморо хонаву даратон, фарзандонатон, хешу таборатон интизоранд… Ба Ватан баргардед, ҳамватанони гиромӣ…!». 
Эмомалӣ Раҳмон бо андешидани тадбирҳои хирадмандона, шуҷоату матонати фавқулода садҳо ҳазор гурезаро ба Ватан баргардонданд.  
Баъд аз талошҳои пайваста ва зери хатар гузоштани ҷони худ муваффақ гардиданд, ки бо мухолифон созишу оштӣ намоянд ва марҳала ба марҳала ваҳдату якдилӣ, сулҳу суботи кишварро таъмин созанд. Ба ибораи дигар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат ва миллатро аз хатари нестшавӣ раҳо карда, ба марҳалаи нави рушд роҳнамоӣ намуданд. 
Алҳол ҷомеаи ҷаҳон ба Тоҷикистон бо диди нав назар мекунад, зеро кишвари замоне гирифтори ҷанги хонумонсӯз ба яке аз кишварҳои амнтарини сайёра мубаддал гаштааст. Далели ин гуфтаҳо чанде қабл аз ҷониби Маркази таҳлилии амрикоии Gallup дуюмин кишвари амнтарини сайёра эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маркази пажӯҳишии фавқуззикр пас аз назарсанҷии шаҳрвандони 142 давлати дунё Тоҷикистонро дар раддабандии амнтарин кишварҳои олам баъд аз Сингапур дар ҷойи дуюм ихтисос дод. Вале ин бори аввал набуд, ки кишвари мо дар чунин раддабандиҳо мавқеи сазовор касб намудааст. Чунончи, соли 2019 маҷаллаи байналмилалии молиявии англисии "Global Finance" кишвари моро ба рӯйхати кишварҳои амнтарини сайёра шомил карда буд. 
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон муассис ва узви фаъоли чандин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, дар тарҳи сиёсатҳои минтақавию байналмилалӣ нақшофар мебошад. Боиси ифтихори ҳар тоҷикистонӣ ва тоҷикони ҷаҳон аст, ки ҷойгоҳи шоистаи кишвари мо дар робита ба ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ пайваста таҳким меёбад. Айни ҳол, соири кишварҳои олам барои татбиқи ташаббуси чаҳоруми Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» машғули ибтикороти муҳиме ҳастанд, ки ба нафъи тамоми аҳли башар хоҳад буд.
Дар замони феълӣ, ки вазъи ҷаҳон торафт ҳассос мегардад, ҳар як узви ҷомеаи озоди моро зарур аст, ки дар ҳифзу таҳкими чунин дастовардҳои бесобиқа, сулҳу ваҳдати комил нақше аз худ боқӣ гузорад. Зеро, ҳастанд душманони дохилу хориҷие, ки аз музаффариятҳои давлату миллати тоҷик устухонашон месӯзад. Ин тоифаи ватанбезор, ки ҳамагон медонанд, ҳамеша дар камин нишаста, аз хурдтарин воқеот ҳангома месозанд ва ҳоло бепарда аз гурӯҳҳои ҷинояткор низ, пуштибонӣ мекунанд, ки мо далели онро дар мисоли ҳодисаҳои Хоруғ мебинем. Аз ин рӯ, набояд ба онҳо иҷозат дод, ки бо истифода аз ҳар фурсате дар байни мардум низоъ барангезанд ва ваҳдати миллиро халалдор намоянд. Зеро кулли дастовардҳои таърихии мо дар замони Истиқлоли давлатӣ аз файзи хиради Пешвои муаззами миллат ва ҳамин ваҳдату оромии ҷомеа аст.
 
Сайфулло АШУРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2022    №: 33    Мутолиа карданд: 955
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед