logo

Хабарҳо

ДУШАНБЕ. ОИНИ ТАМАДДУНМЕҲВАРИРО ТАҚВИЯТ БАХШЕМ!

 
Дар асоси дастури  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гурӯҳи корӣ бо сокинони маҳаллаи Ҳамадонӣ, минтақаи 112 ва кормандони ҷамъиятҳои “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” доир ба одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва пешгирии бемории сироятии COVID – 19 вохӯрӣ баргузор намуд. 
 
Зимни вохӯрӣ масъулону кормандони КИ ҲХДТ дар  ноҳия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва як қатор роҳбарони корхонаю ташкилотҳо доир ба нуктаҳои асосии Паём, аз ҷумла дастгирии занону ҷавонон, тақвияти корҳои ободонию тозагӣ, таблиғу ташвиқи афкори ватандӯстона сухан ронданд. Аз ҷумла, Заррина Файзуллозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, А. Каримова, муовини раиси ноҳия, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки дар робита ба иҷрои нуктаҳои Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ бештар аз пештара саъю талош варзанд. 
Зикр гардид, ки тарғиби ғояҳои созандагию меҳанпарварӣ дар байни ҷавонон яке аз нуктаҳои муҳимтарини Паём буда, нафарони собиқадор дар роҳи амалисозии он бояд фаъол бошанд. 
Ба иттилои Ҳангома Давлатзода, мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, имрӯзҳо сафи аъзои ҷавони ҲХДТ рӯ ба зиёдшавӣ дошта, аз боло рафтани огоҳии онҳо аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дарак медиҳад.   
- Баробари корҳои дигари бунёдкорӣ, сокинони шаҳрро зарур аст, ки аз худ ба дигарон рафтору гуфтори намунавӣ нишон дода, ба ҳусни зебоафзуни шаҳр доғ наоранд ва дар риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ хунукназарӣ накунанд. Солҳои охир дар натиҷаи заҳмату ибтикороти раиси шаҳр Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардидааст. Ободониҳои бемислу пуршаҳомат ҷараён доранд. Чорабиниҳои фарҳангию илмӣ авҷи тоза гирифта, пойтахти Тоҷикистон ба асолати тамаддунмеҳварии худ устувор қадам мегузорад, - изҳор намуд Ҳангома Давлатова. 
Тавре аз КМИ ҲХДТ иттилоъ доданд, чунин силсилавохӯриҳо дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар робита ба ҷашну чорабиниҳои миллӣ, омодагӣ ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, гиромидошти фарҳангу худшиносӣ, ҷилавгирӣ аз гаравидани ҷавонони ноогоҳ ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ пайваста ба роҳ монда шудааст. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 810
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед