Хабарҳо
АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
ШАҲРИ ВАҲДАТ
ТАШРИФИ САЙЁҲОНИ ДОХИЛИЮ ХОРИҶӢ БЕШТАР МЕГАРДАД
- Соли 2021 аз минтақаҳои истироҳатӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ваҳдат 38067 сайёҳи дохилию хориҷӣ боздид намуд. Аз ҳисоби хизматрасонӣ дар самти сайёҳӣ ба буҷети маҳаллӣ 1 миллиону 291 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2020-ум 938 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, - гуфт Мирзо Исмоилзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр, зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин, дар нишаст зикр гардид, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 607 иншооти гуногунсамт ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, 29 корхонаи саноатӣ, 39 тандурустӣ, 56 маориф, 38 варзишӣ, 11 фарҳангӣ, 174 иншооти хизматрасонӣ, 30 бинои истироҳатӣ ва роҳҳои шаҳраку деҳот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
З. РАҶАБ
ШАМСИДДИН ШОҲИН
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ 191 ИНШООТИ ҶАШНӢ
- Дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмон ва нав-созии 191 иншоот ба анҷом расид. Аз ҷумла, танҳо соли рафта 3 беморхона, 8 маркази саломатию бунгоҳи тиббӣ, 9 дорухона, 39 маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуд. 420 ҷойи кори доимӣ ва 100 ҷойи кори мавсимӣ ташкил гардиданд, - гуфт Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар нишасти хабарӣ.
Мавсуф иброз дошт, ки соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 71 миллиону 837 ҳазору 800 сомонӣ расид, ки нисбат ба соли пешин 50,7 миллион сомонӣ зиёд аст. Вале дар ҳамин давра фаъолияти ду корхона: КФД «КА Шӯрообод» ва ҶДММ «Зафар» қатъ гардид.
Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 300 миллиону 614 ҳазор сомонӣ баробар гардид.
Суннати СОДИҚ
АГЕНТИИ ОМОР: СОҲАИ КИШОВАРЗӢ 6,6 ДАРСАД РУШД ЁФТААСТ
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 дар маҷмуъ, 9932 кори оморӣ анҷом дода, бо мақсади кам кардани сарборӣ дар заминаи ихтисори ҳисоботи куҳна шакли нави ҳисобот ҷорӣ намуд. Дар доираи ҷамъоварӣ ва таҳлили ҳисобот вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат муайян гардида, рушди соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла кишоварзӣ, баланд арзёбӣ мешавад.
Тавре Гулнора Ҳасанзода, директори агентӣ, иттилоъ дод, дар соли сипаришуда соҳаи кишоварзӣ 6,6 дарсад рушд карда, истеҳсоли маҳсулоти ғалла ва зироатҳои полизӣ афзоиш ёфт. Инчунин, нархи мева 6,7 дарсад (себ 21,5 дарсад), тухм 14,4 ва биринҷ 7,5 дарсад арзон гардид.
Дар баробари маҳсулоти арзону дастрас, аз аввали соли 2021 нархи чанд маҳсулоти хӯрокворӣ, ба монанди сабзавот 16,4 дарсад (карам 1,8 баробар, сабзӣ 17,2, нахӯд 16,0 ва картошка 7,1 дарсад), инчунин, равған ва чарбу 20,8 дарсад (равғани пахта 25,1 дарсад, равғани растанӣ 24,0 ва маҳсулоти гӯштӣ 15,1 дарсад) боло рафтааст. Сабаби болоравии арзиши маҳсулот, асосан, аз ҳисоби баланд шудани нархи сӯзишворӣ (1,6 баробар), аз ҷумла бензин ва гази моеъ 1,7, сӯзишвории дизелӣ 1,6 баробар арзёбӣ мегардад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ХУРШЕД ИКРОМӢ АЗ МУШКИЛОТИ ММТ НИЗ ГУФТ
10628 нафар довталаб дар имтиҳони марказонидаи дохилшавӣ (ИМД – 2021) аз қайди Маркази миллии тестӣ гузашт, вале дар имтиҳонҳо иштирок накард. Тибқи таҳлилҳои Марказ, 29, 1 дарсад бо сабаби муҳоҷират, 28 дарсад надоштани имкони пардохти маблағи таҳсил, 8, 1 дарсад бо сабаби таҳсил дар хориҷа ба имтиҳон ҳозир нашуд.
Дар ин бора Хуршед Икромӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Хуршед Икромӣ зикр намуд, ки нишондиҳандаи иштироки довталабон дар имтиҳони соли 2021 нисбат ба соли 2020, ки дар муқоиса ба ҳамаи солҳо баландтар аст, 5, 69 фоиз коҳиш ёфтааст. Иштироки нисбатан кам дар гурӯҳи ихтисосҳои 1 – ум – табиӣ ва техникӣ дида мешавад.
Лола РИЗОӢ
ДОНИШКАДАИ ТИББӢ-ИҶТИМОӢ КЛИНИКА ТАЪСИС МЕДИҲАД
Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон бо вуҷуди навтаъсис будан, ба таҳкими ҳамкорӣ бо Россияву Украина, гузарондани Конфронси байналмилалии илмию амалӣ бо иштироки ходимони тиб аз Чехия, Ӯзбекистон ва Россия, инчунин, нашри нахустин шумораи маҷаллаи илмии муассиса муяссар шуд.
Ин нуктаро Зарина Ибодзода, ректори Донишкада, зимни нишасти матбуотӣ ироа кард.
Ҳамзамон, хабар дода шуд, ки дар шафати Донишкада сохтмони бинои шашошёнаи клиникаи таълимӣ-тиббӣ оғоз ёфт.
- Ҳоло шумораи кабинет ва озмоишгоҳҳои амалӣ ба 75 расида, имсол тавонистем тавассути тарғиби дурусти масъулон ва фаъолияти сомона 15 шаҳрванди хориҷиро ба таҳсил фаро бигирем, - афзуд Зарина Ибодзода.
Бузургмеҳри БАҲОДУР
РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД
- Дар доираи барномаи Эразмус+ ҳайати профессорону омӯзгорон дар баробари ҳамшарикон аз Словакия, Юнон, Фаронса, Австрия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон лоиҳаи TRIGGER-ро татбиқ месозанд, ки мақсади он ба кор таъмин намудани хатмкунандагон дар Осиёи Марказӣ мебошад, - гуфт Рустам Ғаниев, директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, дар нишасти хабарӣ.
Ғайр аз ин, дар доираи озмуни нави барномаи Эразмус+ бо Донишгоҳи Неапол (Италия) лоиҳа таҳия шуда истодааст, ки вазифаи он табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон дар се соли оянда (2022 - 2025) мебошад. Ба иттилои Рустам Ғаниев, соли гузашта низ омӯзгорон ба Россия, Қазоқистон, Беларус ва Ӯзбекистон барои иштирок дар чорабиниҳои илмӣ ва гузарондани корҳои илмию тадқиқотӣ сафар намуданд.
Лола РИЗОӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 933