Хабарҳо
СААД, СҲШ ва ИДМ терроризмро якҷоя саркӯб мекунанд
Мир24. Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар мубориза бо терроризм фаъолияти худро ҳамоҳанг мекунанд. Дар ин бора миёни ниҳодҳои дахлдори ин созмонҳо санади вижа ба имзо расид.
Бар асоси созиши ҳосилшуда се созмон уҳдадоранд, ки ҳамкориҳои муштаракро дар ҷустуҷӯ ва ба ҷавобгарӣ кашидани террористону ҳамдастони онҳо тақвият бахшанд.
Дабири кулли СААД Станислав Зас гуфт: «Тасвиби чунин санади ҳамкорӣ нишон медиҳад, ки мо вобаста ба таҳдидҳои дорои хусусияти террористиву ифротгароӣ мавқеи муштарак ва арзёбиҳои ҳамсон дорем».
Лукашенко роҳи барқарории равобит бо Литваро таъкид сохт
АИР «Новости». Президенти Беларус Александр Лукашенко муколамаи ошкорои самимиро ягона роҳи эҳёи равобити неки ҳамсоягӣ бо Литва номид.
«Беларус ҳамеша истиқ-лолият ва соҳибихтиёрии ҳамсояҳои худ, инчунин, таваҷҷуҳи онҳоро ба рушди устувори иқтисодӣ ва шукуфоӣ эҳтиром мекунад. Белорусҳо ва литвагиҳо халқҳои бародаранд, ки наздикии онҳо илова бар ҳамҷавории ҷуғрофӣ, тавассути як таърихи муштараки чандинасра мушаххас мешавад”, - гуфта шудааст дар матни табрикотии Лукашенко ба мардуми Литва ба муносибати Рӯзи барқароршавии давлати Литва.
Вай изҳори итминон кард, ки сарфи назар аз мушкилоти пандемия, сиёсӣ ва иқтисодӣ, тафовути назарҳо оид ба масъалаҳои амният, суҳбати самимӣ ва ошкоро - ягона роҳи барқарор кардани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ мебошад.
Шолс ва Байден гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд
Газета.ру. Президенти Амрико Ҷо Байден ва Канслери Олмон Олаф Шолс зимни гуфтугӯи телефонӣ вазъи кунунии Украинаро баррасӣ карданд.
«Тарафҳо аз изҳороти Президенти Россия Владимир Путин дар бораи идомаи талошҳои дипломатӣ истиқбол карданд.
Оғози муколамаи созанда оид ба масъалаҳои амнияти Аврупо, татбиқи созишномаҳои Минск ва бо дастгирии Олмон ва Фаронса ба даст овардани пешрафт дар формати нормандӣ муҳим аст. Ин кор аз муносибати Маскав вобаста аст»,- гуфта мешавад дар изҳороти девони вазирони Олмон.
Дороиҳои Гулнора Каримова ба Ӯзбекистон баргардонда мешаванд
Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, нахустпрезиденти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, омода аст, 131 миллион долларро аз Швейтсария тавассути Фонди боварии бисёрҷонибаи Созмони Милали Муттаҳид ба Ватан баргардонад.
11 феврали соли ҷорӣ Швейтсария ва Ӯзбекистон вориди музокирот гардида, ба тавофуқ расиданд, ки тариқи Фонди болозикр дороиҳои Гулнора Каримова баргардонда хоҳанд шуд.
Мақомоти давлатии Ӯзбекистон бо мақомоти салоҳиятдори Швейтсария, ИМА, Фаронса, Федератсияи Россия ва кишварҳои дигар ҷиҳати баргардондани дороиҳои ғайриқонунии Г. Каримова ва шарикони ӯ, ки дар натиҷаи фаъолияти ҷиноятӣ ба даст омадааст, фаъолона кор бурда истодаанд. Чанд рӯз қабл аз Фаронса ба Ӯзбекистон 10 миллион доллар баргардонда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Гулнора Каримова моҳи августи соли 2015, ҳангоми дар қайди ҳаёт будани падараш – Ислом Каримов барои тамаъҷӯйӣ ва сарпечӣ аз пардохти андоз гунаҳкор дониста шуд. Вай 18 декабри соли 2017 ба 10 соли зиндон маҳкум гардида, додгоҳ тибқи як парвандаи дигари ҷиноятӣ 18 марти соли 2020 муҳлати адои ҷазоро ба 13 солу чор моҳ дароз кард.
Дар ин бора Мирасрор Аҳроров, бо истинод аз дафтари матбуоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шаҳри Тошканд ба “Ҷумҳурият” хабар дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 760