Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
ТАСС. Реҷеб Тайип Эрдоган, Президенти Туркия, эълом дошт, ки мехоҳад бо Президенти Россия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом диҳад, то муносибати ӯро ба идеяи баргузории мулоқоти сеҷонибаи президентҳои Россия, Украина ва Туркия дар ин кишвар бифаҳмад.
Lenta.ru. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Россия, изҳор дошт, ки дар сурати эътибор пайдо кардани қонуни Британияи Кабир дар бораи он ки Лондон ҷиҳати ҷорӣ намудани таҳримҳо алайҳи ҳама гуна созмонҳои марбут ба Россия ҳуқуқ пайдо мекунад, Маскав низ бо чунин чораҳо посух хоҳад дод.
Lenta.ru. Жан-Ив Ле Дриан, вазири корҳои хориҷии Фаронса, гуфт, ки меъёрҳои танзимкунандаи амният дар Аврупо дигар вуҷуд надоранд ва шартномаҳои назорати аслиҳа амалан куҳна ва беаҳамият шудаанд.
Мир 24. Дар Бразилия шумораи қурбониёни боришоти шадид ба 94 нафар расида, эҳтимол дорад, ин шумора боз ҳам афзоиш ёбад.
Росбалт. Президенти Россия Владимир Путин гуфт, ки ӯ ва ҳамтои бразилиаш Ҷаир Болсонару дар Кремл гуфтугӯи хеле муфассал ва созанда анҷом доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 799