Хабарҳо
"Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам!"
Таҳти ин унвон аз 17 то 22 феврал дар шаҳри Душанбе Фестивали II дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ баргузор мешавад. Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид.
Тавре шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳр хабар дод, фестивали мазкур ба 29-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ бахшида шуда, барои мақсаднок истифода намудани инфрасохтори соҳаи варзиши пойтахт, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани руҳияи афсарону сарбозон дар роҳи содиқона хизмат кардан ба Ватан, ҷалби ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, шиносоӣ бо шароити хизмати афсарону сарбозон ва ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ доир мегардад.
Тибқи ин қарор сарраёсати молияи шаҳр муваззаф гардидааст, ки ҷиҳати ташкил ва баргузории фестивал 105 ҳазору 590 сомонӣ ҷудо намояд.
Маҷлиси раёсати Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ, раиси комиссия Сироҷиддин Муҳриддин баргузор гардид, - иттилоъ дод Вазорати корҳои хориҷӣ.
Таъкид шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии комиссия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ворид намудани мероси фарҳангии моддӣ, ғайримоддӣ ва табиии кишвар ба Феҳристи мероси ҷаҳонии СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад.
Густариши ҳамкорӣ бо Бонки осиёии рушд
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар мулоқот бо директори бахши иҷтимоии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд Рие Хираока гуфт, ки бонки мазкур яке аз шарикони фаъоли вазорат ба шумор рафта, баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби он пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Рие Хираока омодагии бонкро баҳри густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.
Робитаи фарҳангӣ бо Эрон тақвият меёбад
Дар Теҳрон вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Маҳдии Имонипур баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.
Мулоқот ба муносибати ташрифи ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ ба Эрон ҷиҳати ширкат дар Ҷашнвораи байналмилалии театрии «Фаҷр» барпо гашт.
Намоиши навор дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон
Дар шаҳри Риёз бо ташаббуси Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Арабистони Саудӣ Форуми иқтисодӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид.
Зимни суханронии худ дар форум сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ имконияту зарфиятҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, иқтидорҳои гидроэнергетикӣ, кишоварзӣ, саноатӣ ва сайёҳии Тоҷикистон, инчунин, имтиёзҳои фискалиеро, ки дар қонунгузории кишвар барои сармоягузорони хориҷӣ пешбинӣ шудааст, муаррифӣ намуд.
Дар чорабинӣ навори видеоӣ дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.
Ҷаласаи Кумитаи ҳидояткунандаи Лоиҳаи Фонди иқлими сабз
Ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳидояткунандаи Лоиҳаи “Устувории ҷомеаҳои осебпазир ва аз нигоҳи озуқаворӣ ноамн ба пайомадҳои иқлимӣ ва гуногунсозии воситаҳои зиндагӣ дар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Фонди иқлими сабз маблағгузорӣ мегардад, баргузор шуд.
Дар он раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, директори кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва масъулони вазорату идораҳои дахлдор иштирок доштанд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои амалишавии лоиҳа аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 612