logo

иҷтимоиёт

АЛОВУДДИН АБДУЛЛОЕВ. ДИЛИ БОЗ ЯК ҲУНАРМАНДИ НОТАКРОРИ ТОҶИК АЗ ТАПИДАН БОЗ МОНД...

 
17 феврал Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт. Дар чанд соли охир бар асари пандемияи COVID – 19 як идда ҳунарварони шинохтаро аз даст додем, ки ин талафот гаронтарин маҳсуб мешавад. Аловуддин Абдуллоев миёни мардум аз маҳбубияти хосе бархӯрдор буд. Ӯ, ҳамчунин, дар рушди театру синамои миллӣ саҳми босазо гузошт.
Аз соли 1989, пас аз хатми шуъбаи актёрии Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода,  дар саҳнаи Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Бохтар фаъолият менамуд. Чанд сол роҳбарии ин дастаи овозадори ҳунариро низ ба зимма дошт. Ҳамчун ҳунарпеша дар саҳнаи ҳамин театр сабзида, ном баровард. Аз саҳнаҳои умумӣ ва нақшҳои лаҳзаина то образҳои ҷовидонаро аз намоишномаҳои классикаи ҷаҳонӣ ва драматургияи миллӣ офарида, ҳунарашро зина ба зина сайқал дод ва ба оҳистагӣ, ба таври ҷовидона дар қалби мухлисонаш ҷой гирифт. Беҳтарин офаридаҳояш Сганарел аз намоиши «Табиби зӯракӣ» ва Скапен аз «Найрангҳои Скапен»-и Жан Батист Молйер, Султонбек аз «Аршин мал-алан»-и Узеир Ҳоҷибеков, Лак аз «Лаку Пак»-и Абдулҳафиз Қодирӣ ва Иброҳим Усмон, Эзоп аз «Масал бигӯ, Эзоп»-и Гилйермо Фигейредо ба ҳисоб мераванд. Ба ҳамаи офаридаҳои Аловуддин Абдуллоев эҳтиросоти шадид, муҳаррикӣ, ҳаракоти зебо, лаҳни шево ва бадеҳакории ногаҳонӣ хос аст. 
Истеъдоди нодираш дар таҳия ва иҷрои нақши асосӣ дар намоиши  «Найрангҳои Скапен» ошкор гардид. Хотироти худро аз тамошои асар доктори илми санъатшиносӣ, профессор Низом Нурҷонов чунин ба қалам додааст: «Намоиш ҳамаро бо руҳияи зиндадилона ва фараҳбахши худ мафтун намуд… Ӯ дар ҳар лаҳзаи асар, ҳар як луқмаи он, хулқу атвор, ҳар як иштирокчии мазҳака амалиёт ба даст оварда, серҳаракатии намоиш, суръати тундутези он, задухӯрдҳояшро таъмин намуд. Спектакл тамошобоб буд. Чизҳои беҷон: курсӣ, асо, халта ва ҳоказо низ дар рафти намоиш  зинда  гардида,  фаъ-олона иштирок доштанд, муҳити хандаро барпо месохтанд. Бори гарони намоишро худи иҷрокунандаи нақши Скапен Аловуддин Абдуллоев ба зимма гирифта, ба он ҷон бахшидааст. Ҳамаи воқеаҳо дар атрофи ӯ давр мезананд. Тамоми вуҷуди ҳунарпеша - бадан, дасту по ба ҳаракат даромада, гӯиё забон пайдо кардаанд. Скапен дар иҷрои Аловуддин Абдуллоев ҷавони табиатан зирак ва доно буда, душвориҳоро уҳдабароёна паси сар мекунад». 
Аловуддин Сганарели маъруфашро низ бо ҳамин сабк офарида буд. Сганарел аз бахти барояш дастдода муфид истифода бурда, худро дар нақши табиб хеле озоду воқеӣ ҳис менамояд. Ӯ дар баробари ҳамёнашро пур кардан, ба дигарон низ кумак карданро хеле устокорона иҷро менамояд. Султонбекаш аз намоиши машҳури «Аршин мал-алан», марди миёнасоли серғайрат ва муҷарраду дар айни шукуфоӣ ба меҳрубонӣ ниёздошта аст. Пайкари босалобат ва дар ҳолати зарурӣ хеле қаиш, ҳаракоти омиронаву дар айни ҳол хеле нафисаш ба қаҳрамони офаридааш хеле зебидаанд. Дар чеҳрааш  мимикаи хос нақш баставу лаҳни нарми як андоза мутантанаш образро хотирмон намудаанд. Эзопаш бошад, дар баробари машаққати тоқатфарсо ва заҳмати беинтиҳо дар худ ба таври аҷибе ҳикмати ҷовидонаро хулоса кардааст. Қиссаи Городничийаш аз «Муфаттиш»-и Николай Василйевич Гогол достони алоҳида аст. Дар қатъият, такаббур ва ҷиддияти сохтаи ин амалдори музофотӣ тамоми иллатҳои замонаш баръало нишон дода шудаанд. 
Аловуддин Абдуллоев дар ҳунари ҳамзистӣ бо ҳамбозон ҳамто надошт. Дар создастаи тули ин солҳо дар Театри шаҳри Бохтар ташкилшуда яккатоз буданаш ошкор шуда истад ҳам, ин нукта низ ниҳон намемонд, ки ӯ бо энергетикаи хосаш ҳамкасбонашро осон ба ҳаракат ва дар ҳар намоиш муҳити аҷиби эҷодиро фароҳам меовард. «Бо Аловуддин дар саҳна кор кардан ба кас ҳаловат мебахшид», - мегӯяд партнёри деринаи Аловуддин - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Меҳрӣ Ҳоҷибоева. Дуэти зебои офаридаи ин ду ҳунарманд аз намоиши «Лаку Пак» беҳтарин саҳнаҳои кишварро зеб додааст. 
Бо образҳои хотирмонаш дар синамо чеҳра ва ҳунарашро дар саҳфаи таърих ба таври абадӣ дарҷ намуд. Нақшҳои офаридааш дар филмҳои марҳилавӣ ва машҳури синамои миллӣ, ба мисли «Братан», «Падари моҳтобӣ», «Туҳмат», «Чоҳ», «Қиёми рӯз», «Шоҳид» ва «Интихоби ман», филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Бағоч», «Фарзандони бегона», «Қарзи виҷдон», силсилафилми «Хуррамдиёр» аз ҳунари волояш дарак медиҳанд. Дар дубляжи филмҳо низ ширкати фаъол дошт. Дар таҳияи чандин филми ҳуҷҷатӣ ба сифати мушовиру коргардон ширкат варзидааст. 
Ҳунару истеъдоди нотакрораш дар ҳамкорӣ бо телевизион ошкор гардид. Маҳз тавассути телевизион ӯ ҳамчун ҳунарманди нотакрори нақшҳои мазҳакавӣ муаррифӣ ва эътироф гашта, дар чашму қалби миллионҳо тамошогарон ҷо шуд.  Таҷассумгарии возеҳу бадеҳакории нодираш дар ҳамин макон сайқал ёфт. Образҳои хурд аз ҳунарманд талаб менамуданд, ки аз тамоми имконоти фитриву ҷисмониаш ба таври васеъ истифода барад. Бо номи Аловуддин Абдуллоев театри як актёр паҳлуҳои нав касб намуда, ӯро дар ин самт яккатози аср муаррифӣ сохт. Ӯ ба қавли Низом Нурҷонов устоди нақшҳои ҳаҷвӣ буданашро «тавассути офаридани як силсила хулқу атвори гуногуни мардумӣ тасдиқ кард. Дар кирдору рафтор, имову ишора, ҳаракат, тарзи суханронӣ, либоспӯшӣ, сифатҳои ба қаҳрамон хосро ба даст оварда, бо ин эҷодкориаш фардияти образро таъмин намуд». Дар ин самт барномаи махсусу машҳури телевизиониаш «Шӯхиҳои Аловуддин» ба ҳунарманд роҳи васеъро боз намуд. Қаҳрамонҳои шӯхиҳояш аз рӯзгори атрофиён гирифта шуда,  муаллифи аксари асарҳо ҳам, худаш мебошад. Дар ин миниатюраҳои мукаммали ҳаҷвӣ тамоми нақшҳоро, аз ҷумла занонро, худи ҳунарманд меофарад. Ба ин васила, ҳунараш сайқал ёфта, ҳунарпеша василаҳои нави тасвирро ба даст овард. 
Дар зиндагиаш ӯ ба як намоди тобноки ҳунар табдил ёфт. Нобиғаи саҳна ва яккатози саҳнаи ҳаҷви замон буд. Дар муқоиса бо ҳунари ӯ дигар ҳунарпешаҳое, ки дар ин самт фаъолият мекунанд, хеле хурду назарногир менамоянд. Дар ҳаҷв равияҳои навро ҷорӣ намуд, ки имрӯз муқаллидони зиёд пайдо намудааст. Эстрадаи театрии тоҷик маҳз тавассути ҳунари Аловуддин Абдуллоев дар садаи навин рушд намуда, ба арши аълои худ расид. Ӯ нагузошт, ки ҳарза ва алфози қабеҳи кӯчабозорӣ ба саҳна барояд. Дар асарҳои таҳиянамудааш назокати хос ва диди нозукаш баръало мунъакис мешуд. Образҳои офаридааш низ аз ботини пок, қалби нозуку зебопараст ва ҷаҳонбинии васеъ қисса мекунанд. Тани танҳо собит кард, ки як фарди фаъолу донишёр низ дар олами ҳунар театри худро таъсис дода метавонад ва он театр “Театри Аловуддин” аст.
Робитаи ҳунарманд бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» хеле қавӣ буд. Дар саҳифаҳои рӯзнома чандин маводи хонданӣ доир ба рӯзгор ва образҳои мондагораш нашр шудаанд. Дар маросими ҷамъбасти яке аз озмунҳои рӯзнома, ки дар соли 2020 дар кохи фарҳанги Данғара баргузор гардид, ровӣ ва таҳиягари маросим буд. 
Ёди ҳунарманд ба мисли образҳои хотирмонаш ба таври абадӣ дар қалби миллионҳо мухлисонаш маскан гирифтаанд.   
 
«ҶУМҲУРИЯТ»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2022    №: 34    Мутолиа карданд: 1158
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед