иҷтимоиёт
БАРТАРИИ ШИРИ МОДАР БА КӮДАК
Шири модар беҳтарин ғизо барои тифли навзод ба ҳисоб рафта, вобаста ба вақти рӯз, басомади ғизодиҳӣ ва синну соли кӯдак ба таври табиӣ ҳам аз рӯи миқдор ва ҳам сифат тағйир меёбад, то рушди солимро таъмин намояд. Таъкид мешавад, ки модар дар давоми 30 дақиқаи баъди таваллуд бояд ба кӯдаки худ сина маконад.
Шири модар хеле осонҳазм аст, ҳеҷ гуна қабзият, дарунравӣ ва дарди шикамро ба вуҷуд намеорад. Дар баробари ин, ҳамеша дастрас буда, вайрон ё турш намешавад. Ҳарораташ низ ҳамеша муътадил аст. Ба тифли навзод, мувофиқи талаботаш, давоми як шабонарӯз аз 8 то 12 маротиба сина макондан лозим аст. Шири модар ва синамаконӣ алоқамандӣ ва меҳри байни модару кӯдакро зиёд менамояд. Модар уҳдадор аст, ки тифлро маконад ва ҳуқуқи ӯро поймол насозад. Шири модар пешгирикунандаи як қатор бемориҳо, аз ҷумла сироятӣ, дарунравӣ, ҳассосият буда, ҷиҳати инкишофи дурусти навзод аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Талаботи кӯдаконро ба пуррагӣ бо ғизо, витаминҳо, электролитҳо, иммуноглобулинҳо, ҳатто дар рӯзҳои гарм бо об низ таъмин менамояд. Ҳангоми синамаконӣ кӯдак, инчунин, тамоми витаминҳо ва минералҳои заруриро мегирад.
Ғизои дуруст гарави саломатии кӯдак мебошад. Дар таркиби шири модар унсурҳои ғизои солим мавҷуданд. Бехатарӣ ва фоиданокии шири модар ва беқиёс будани он ҳам дар илм ва ҳам дар таҷриба исботи худро ёфтааст. Ҳуҷайраҳои таркиби шири модар зиндаанд ва беҳуда нест, ки шири модарро “хуни сафед” низ меноманд.
Ба кӯдакон набояд бидуни зарурат ғизои сунъӣ дод, зеро мутахассисон исбот намудаанд, ки дар таркиби ғизоҳои сунъӣ маводи зиддисироятӣ, витаминҳо, чарбҳои зудҳалшаванда ва сафедаҳое, ки барои инкишофи мағзи сари кӯдак лозиманд, вуҷуд надоранд. Тибқи таҳлилҳо, кӯдаконе, ки ғизои сунъӣ истеъмол мекунанд, нисбатан осебпазир буда, бештар ба фарбеҳшавӣ, бемориҳои сироятии меъдаю рӯда, камхунӣ, дарунравӣ ва касалиҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд.
Синамаконӣ ба модари навзод низ аҳамияти калон дорад. Ҳангоми синамаконӣ кашишхӯрии бачадон ва хориҷшавии ҳормони окситотсин зиёд гардида, модари навзод аз хунравии баъди зоиш эмин мегардад, инчунин, синамаконии барзиёд ҳомилашавии занҳоро кам гардонда, онҳоро ором ва ширашонро зиёд мегардонад. Синамаконӣ, модаронро аз хавфи гирифторшавӣ ба бемории саратони сина муҳофизат менамояд.
Мусофир ҚОСИМ,
муовини сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат,
Бахтиёр МАҶИДОВ,
духтури навзодони шуъбаи таваллуд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.02.2022 №: 34 Мутолиа карданд: 531