logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗИМ ИБРОҲИМ: «ИМСОЛ ДАР ВМКБ 17 ПУЛ СОХТА БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД»
Тайи соли равон дар пайи гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ ва бо сармоягузорон маблағгузории 26 лоиҳаи сохтмону навсозии роҳу пулҳо имконпазир гардид. Ҳамзамон, бо дастури Сарвари давлат доир ба сохтмону навсозии роҳ ва пулҳои ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадбирҳои нав андешида шуданд. Аз ҷумла, дар назар аст, ки имсол 17 пул дар ВМКБ сохта ба истифода дода шавад. 
Дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 
Ба суоли хабарнигори рӯзнома доир ба сохтмони қитъаи Роғун – Нурободи шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат – Рашт – Лахш – сарҳади Қирғизистон номбурда посух дод, ки корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо бо суръати баланд ҷараён дошта, бовар аст, ки дар муҳлати муайяншуда анҷом меёбанд.  
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо иштироки Пешвои миллат бунёди қитъаи роҳи Ваҳдат – Обигарм – Нуробод оғоз ёфт, ки ин масир ду нақб, панҷ пул, 28 истгоҳ ва пиёдароҳҳои замонавиро дар бар гирифта, барои анҷоми он 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гаштааст. Ин қитъаи шоҳроҳ бояд то соли 2023 сохта шавад. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
 
 
 
ШЕРАЛӢ СИДДИҚЗОДА: «ЛОИҲАҲО БА БЕҲБУДИИ ВАЗЪИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ РАВОНА ШУДААНД»
- «CASA-1000. Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» бо маблағи 26 миллион доллари ИМА (аз моҳи апрели соли 2020 то соли 2024) ва «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» 37 миллион доллар (аз моҳи июли соли 2020 то соли 2025) тарҳҳое ҳастанд, ки барои густариши соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар маҳалҳо роҳандозӣ шуданд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Шералӣ Сиддиқзода.
Лоиҳаи аввал бисту ду ҷамоатро дар 65 деҳаи шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Левакант ва ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Кӯшониён,Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҷайҳун, ки ба хати интиқоли барқи CASA-1000 наздиканд, фаро мегирад. Инчунин, лоиҳа панҷоҳ маҳаллаи ҷамоатҳои деҳоти наздисарҳадии Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфараро дастгирӣ менамояд. Ба «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» бошад, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (Кӯлоб, Панҷ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор бо 24 ҷамоату 222 деҳа) ва ноҳияҳои ВМКБ (Ванҷ, Ишкошим, Шуғнон бо 20 ҷамоат ва 167 деҳа) шомиланд.
Шералӣ Сиддиқзода илова кард, ки порсол азхудкунии маблағҳо дар «CASA-1000. Лоиҳаи дастгирии ҷомеа»  856,4 ҳазор доллар ё 102,1 дарсад ва «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» 2094,7 ҳазор доллар ё 103,8 дарсадро ташкил дод.  
Лоиҳаи аввал аз чор ва лоиҳаи дуюм  аз се қисм иборат аст. «CASA-1000. Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» ба ташаббусҳои маҳаллӣ барои рушд, беҳтаргардонии таъмини неруи барқ дар деҳот, сармоягузорӣ ба инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ, зери идоракунии ҷомеа, таҳкими иқтидор ва худидоракунии маҳаллӣ, идоракунии лоиҳа, мониторинг, арзёбӣ ва коммуникатсияро дар бар мегирад. Лоиҳаи дуюм низ ба беҳбудии вазъи иҷтимоии мардуми деҳот равона шудааст.
 
Кароматулло АТО
 
 
 
САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯ
231 ХОҶАГӢ БА ҶОЙҲОИ БЕХАВФ КӮЧОНДА МЕШАВАД
Дар баробари корҳои омӯзиши геологӣ ва истихроҷи маъдан Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта дар самти омӯзиши гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ дар асоси дархостҳо ба 231 хоҷагӣ барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчидан тавсия дод. Аз  ҷумла, дар 12 кӯча ва маҳаллаи шаҳри Душанбе, 13 деҳаи шаҳри Роғун, 33 деҳаи шаҳри Ҳисор,  25 деҳаи шаҳри Турсунзода, ҳамчунин, ноҳияҳои Восеъ, Ховалинг, Панҷ ва амсоли инҳо хулосаи муҳандисӣ пешниҳод гардид. 
Дар ин бора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геология, иттилоъ дод. 
Ба гуфтаи номбурда, барои муайян кардани хавфи таъсири равандҳои экзогенӣ, пеш аз ҳама, сел, обхезӣ, сангфароӣ, ярч ва дигар намуди равандҳо дар 886 деҳа, маҳалла ва кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадқиқот гузаронда шуданд. Онҳо  дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор амалӣ гардида, дараҷаи хавфу хатар муайян мешавад. Дар шаҳри Душанбе барои бунёди биною иншоотҳо низ аз ҷониби саридора хулосаи муҳандисӣ дода шуд.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
УБАЙДУЛЛОИ ФАЙЗУЛЛО 
БА САВОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ПОСУХ ДОД  
Убайдуллои Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки дар соли мозӣ нақшаи андозҳо дар ҳаҷми 58 миллиону 466,2 ҳазор сомонӣ ё худ 106,9 дарсад иҷро шуд. Аммо нақшаи андоз аз даромад иҷро нагардид, аз ин ҳисоб ба буҷети маҳаллӣ 5 миллиону 718,1 ҳазор сомонӣ ворид нагашт. 
Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1-уми декабри соли 2021-ум 7 миллиону 913,5 ҳазор сомонист.  
Сабаби мавҷуд будани бақияпулиҳои андозро шарҳ дода, раиси ноҳия гуфт, ки, асосан, он аз ҳисоби тамдиди солҳои пешин ва сари вақт пардохт нагардидани нақшаи моҳона оид ба пардохти бақияпулиҳои ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои кооперативии истеҳсолӣ ва тиҷоратие, ки аз андоз ва андози иҷтимоӣ қарздор ҳастанд, ҷамъ шудааст. 
Дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2021-ум 11 парвандаи маъмурӣ баррасӣ гардида, шаҳрвандон барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба маблағи 44 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима пардохтанд.
 
Зокир ҲАСАН
 
 
 
МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 4 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР 
Соли гузашта аз ҷониби кормандони Агентии назорати  маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 ҷиноят вобаста ба интиқолу фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор гардида, аз муомилоти ғайриқонунӣ 357 килограмму 638 грамм (183 кг 230 гр соли 2020) маводи нашъаовар мусодира шуд. Дар иртибот ба ин, 134 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 198 нафар ба суд ирсол гашт. Дар маҷмуъ, аз ҷониби ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 4 тоннаю 83 килограмму 274 грамм маводи нашъаовар мусодира гардидааст. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, директори агентӣ, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. 
Гузашта аз ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 106 килограмм моддаҳои психотропӣ, инчунин, 21 ҳазору 537 дона ҳаби синтетикӣ мусодира намуданд.
Зикр шуд, ки агентӣ фаъолияти 47 гурӯҳи ҷиноятиро (107 нафар) ва се гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро қатъ гардондааст.
 
М. БАҲРОМ
 
 
 
АБДУЛҲАКИМ РОЗИҚЗОДА БЕШТАР АЗ МУШКИЛИҲО ГУФТ
Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ, асосан, аз мушкилиҳо дар бахши дифои рисолаҳои илмӣ гуфт ва олимони солхӯрдаву таҷрибадорро ба ҳамкорӣ даъват кард.
Номбурда то ба ҳол воридшавии шахсони тасодуфиро ба илм таъкид карда, аз ҷумла изҳор дошт: «Чанде пеш дар як муассиса шурои илмӣ таъсис додем, дар як сол як диссертатсия пешниҳод накарданд. Дар чунин ҳол омода кардани олимони ҷавон душвортар мешавад. Дар ин замина баъзан илтимосҳои ноҷо ва ҳатто фишорҳо ба мушоҳида мерасанд, ки ҷойи афсӯс аст. Илм ҷойи чунин корҳо нест, машаққат, бедорхобӣ ва ҷустуҷӯйи силсиладор асли ҳадафи пажӯҳиш мебошад».
Комиссияи олии аттестатсионӣ бинобар зиёд шудани рӯйбардор, сохтакорӣ ва ё плагиат дар корҳои илмӣ соли гузашта бо мусоидати Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаеро дастрас кардааст, ки дар ифшои чунин ҳолатҳо ёрӣ мерасонад.
Барномаи антиплагиат танҳо дар ин ниҳод мебошад ва оянда сохторҳои марбутаи пажӯҳишӣ дар ин маврид бо онҳо фаъолият мебаранд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ
АЗ ПАВИЛИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЗИЁДА АЗ 300 ҲАЗОР НАФАР МЕҲМОНОН ДИДАН НАМУДАНД 
 
Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли сипаригардида тибқи дархости вазорату идораҳо Палатаи марказӣ ва палатаҳои вилоятӣ дар ташкил ва баргузории 17 намоишгоҳи дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат намуда, иштироки зиёда аз 900 нафар соҳибкори ватаниро ҳам ба таври ҳузурӣ ва ҳам маҷозӣ таъмин намуд.
Ҳамчунин, дар ин давра  Палатаи марказӣ ва палатаҳои вилоятӣ дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳо дар ташкил намудани 20 Бизнес – форум ва Бизнес миссияҳои доираи соҳибкорӣ, 30 конференсияву семинар – вебинарҳо ва 31 мизи мудаввар ба таври онлайн ва офлайн мусоидат намуда, иштироки намояндагони худро дар чорабиниҳои мазкур таъмин кардаанд.
Ҷамшед Ҷумъахонзода зикр намуд, ки Палатаи савдо  ҳамчун танзимгари  миллӣ барои дар сатҳи баланд иштирок намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии “Экспо – 2020” дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб корҳои муҳимро ба анҷом расонд. Дар заминаи ин намоишгоҳ бори нахуст маҳсулоти хушкмеваи ватанӣ, аз ҷумла  ширкати содироткунандаи «Зардолу ва К» ва маҳсулоти сангии ширкати «Асрори Санг», ба бозори Амороти Муттаҳидаи Араб роҳ ёфтанд. 
Намоишгоҳи ҷаҳонии «ЭКСПО – 2020» муддати 6 моҳ: аз 1 октябри соли 2021 то 1 апрели соли 2022 дар шаҳри Дубай амал мекунад. Аз оғози кушодашавии павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин давра аз он зиёда аз 300 ҳазор нафар меҳмон дидан намуда, бо фарҳангу нигораҳои таърихӣ, имконияти сармоягузориву сайёҳии кишвар, ҳайвонҳои нодир ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон шиносоӣ пайдо намуданд.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 617
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед