Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
АИР «Новости». Ба гузориши шабакаи телевизионии CBS бо истинод ба як намояндаи баландпояи Департаменти давлатӣ, ИМА аз Россия ба пешниҳодҳои худ дар масоили амниятӣ посух гирифт.
INTERFAX.RU. Ҳайати вижаи нозирони САҲА аз шоми чаҳоршанбе дар Украина беш аз 500 таркишро дар наздикии хатти даргириҳо дар шарқи Украина сабт кардааст, - гуфт раҳбари намояндагӣ Яшар Халит Чевик.
ТАСС. Марио Драги, Сарвазири Италия, гуфт, ки сафари ӯ ба Россия дар рӯзҳои наздик имконпазир аст.
ТАСС. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен омода аст, ки дар поёни ҳафтаи оянда бо вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров мулоқот кунад.
Gazeta.ru. Ба гуфтаи Бенуа Фокон, шореҳи рӯзномаи “The Wall Street Journal”, Арабистони Саудӣ дархости Президенти ИМА Ҷо Байденро дар бораи афзоиши истихроҷи нафт қонеъ накард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 613