logo

Хабарҳо

Путин дар Кремл бо Лукашенко мулоқот мекунад

 
ТАСС. Владимир Путин,  Президенти Россия, нахустин дидори имсолаи худро бо ҳамтои белорусиаш Александр Лукашенко баргузор мекунад. Гуфтушуниди сарварони давлатҳо имрӯз дар Кремл барпо мегардад.
Барои Путин ин гуфтугӯ идомаи як силсила тамосҳои рӯбарӯи байналмилалӣ хоҳад буд. Ҳамин тавр, танҳо дар ин ҳафта, ӯ  дар Кремл бо Канслери Олмон Олаф Шолс ва Президенти Бразилия Жаир Болсонару мулоқот намуд. Пеш аз ин, раҳбарони Аргентина, Маҷористон, Қазоқистон ва Фаронса аз Россия дидан карданд.
Дар миёни мавзуъҳои мубрам, ки ахиран дар музокирот садо медиҳад, амният дар Аврупо ва авзоъ дар атрофи Украина мебошад. Дар баробари ин, аз ҷумла масъалаҳои дигари марбут ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба низ, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.  
 
СММ таҳдидҳои асосӣ ба  инсониятро  номбар кард
Lenta.ru. Коршиносони Барномаи Соз-мони Милали Муттаҳид оид ба  муҳити зист (UNEP)  сӯхторҳои харобиовари ҷангал, овозҳо ва дуди воситаи нақлиёт, заводу фабрикаҳо ва амсоли инҳоро яке аз таҳдидҳои аслии башарият унвон кардаанд. Ба гуфтаи коршиносон, ин зуҳурот ба табиат ва саломатии инсон таъсири манфии чашмрас доранд. Матни гузориш дар  сомонаи созмон нашр шудааст.
Тибқи ин санад, аз соли 2002 то соли 2016 ҳамасола дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 423 миллион гектар ҷангал сӯхтааст. Ба гуфтаи коршиносон, тақрибан 67 дарсади сӯхтор, аз ҷумла сӯхтори дарахтон, дар кишварҳои Африқо рух медиҳад. Бо вуҷуди ин, UNEP пешгӯӣ мекунад, ки офатҳои табиии хатарнок бо гузашти солҳо бештар мешаванд, аз ҷумла дар он қисматҳои ҷаҳон, ки барои онҳо хос нестанд.
“Ин ба тағирёбии иқлим, аз ҷумла болоравии ҳарорати ҳаво ва хушксолиҳои зуд-зуд, вобаста аст. Омили дигари хатар ин тағйирёбии истифодаи замин, аз ҷумла қасдан буридани ҷангалҳо барои  парвариши зироатҳо ва чорводорӣ ё бозсозии  шаҳрҳо, мебошад", - гуфта мешавад дар гузориш.
 
Токаев: «Қазоқистон бояд аз инҳисорот дар иқтисод ва сиёсат комилан халос шавад»
Мир24. Президенти  Қазоқистон  Қосим-Жомарт Токаев дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиони давлатии «Qazaqstan» иброз дошт, ки кишвар бояд аз инҳисорот (монополияҳо) дар иқтисод ва сиёсат комилан халос шавад.
Албатта, ин кори осон нест, аммо мо бояд, бешубҳа, ба он бирасем. Илоҷи дигар надорем, - таъкид кард Сарвари давлат.
Токаев ёдовар шуд, ки дар кишвар ҳукмронии доираи танги одамон дар соҳаи иқтисодӣ ба назар мерасад. «Дар мо чунин тамоюл торафт вусъат меёбад. Инро бисёриҳо, махсусан соҳибкорон,  хуб медонанд. Ин ба рақобати воқеӣ халал мерасонад ва васеътар гӯем, хилофи адолат аст», - шарҳ дод Президент.  
Токаев волоияти қонунро барои ҷомеа муҳимтарин масъала номид. “Мутаассифона, шаҳрвандони зиёде ҳастанд, ки намехоҳанд қонунҳоро риоя кунанд”, - гуфт ӯ.   
 
Сафири Россия: «Ҳама номзадҳо ба мақоми  Президенти  Фаронса ҷонибдори рушди равобит бо Маскав ҳастанд»
ТАСС. Дар Фаронса вазъияте ба вуҷуд омадааст, ки барои Аврупои Ғарбӣ ғайриодӣ мебошад, зеро ҳамаи номзадҳои асосии президентӣ дар ин кишвар ҷонибдори рушди муносибатҳо бо Россия мебошанд. Дар ин бора  сафири Россия дар Фаронса Алексей Мешков дар пахши шабакаи телевизионии «Россия – 24» хабар дод.
Мешков таъкид кард, ки ин "ангезаи иловагӣ" медиҳад, то дар ин давраи пешазинтихоботӣ  рушди равобити дуҷониба қатъ нагардад. Ба саволи возеҳи баранда дар бораи он, ки оё баъзе аз ин номзадҳо ҷонибдори чунин ҳамкориҳо танҳо барои худнамоист, сафир инро рад карда, изҳор дошт, ки онҳо ба ҷонибдории қатъи «таблиғоти беасос зидди Россия дар Иттиҳоди Аврупо» ҳатто пеш аз он, ки номзад шаванд, сухан гуфта буданд.
"Президенти Фаронса Эммануэл  Макрон тули давраи президентии худ аз рушди муносибатҳои дуҷониба фаъолона пуштибонӣ кард", - ёдовар шуд сафир.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 814
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед