фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
МУАММОИ МАТЕМАТИКӢ
1. Дар оила падар, модар ва се духтари онҳо зиндагӣ доранд. Синни якҷояи аъзои оила 90 сол аст. Фарқи солҳои духтарон 2-солӣ буда, синни модар аз суммаи солҳои духтаронаш 10 сол зиёд аст. Фарқи байни солҳои падару модар ба синни духтари дуюмашон баробар аст. Ҳар кадоме аз аъзои оила чанд сол доранд?
Гирдоваранда Муъминҷон ҶУМЪАЕВ,
омӯзгори МТМУ №40,
шаҳри Истаравшан
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
ЕКАТЕРИНАИ II
НОМАИ МАЛИКАИ БУЗУРГ ОИД БА ВАКСИНАГУЗАРОНӢ
Номаи Екатеринаи II оид ба ваксинагузаронӣ дар хонаи музоядаи бритонии MacDougalls фурӯхта шуд, - хабар медиҳад рӯзномаи «Вечерняя Москва». Тибқи натиҷаҳои савдо он ба маблағи 951 ҳазор фунт стерлинг (бештар аз 95 миллион рубл) ба савдо рафт.
Дар хабар омадааст, ки аслӣ будани нома аз тарафи олимон тасдиқ гардида, ба соли 1787 рост меояд. Дар паёми император, ки худ яке аз аввалинҳо шуда дар Россия вояи зидди нағзак (оспа)-ро гирифтааст, ба генерал – фелдмаршал Пётр Румянтсев, то чи андоза муфид будани ваксинаро ҳикоят мекунад. Ин аввалин ҳуҷҷати маъруф роҷеъ ба сафарбарии Россия ба ваксинагузаронӣ гардид.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
БЕРУН АЗ СИЁСАТ
АНГЕЛА МЕРКЕЛ КАРТОШКА ҲАМ МЕКОРАД
Ангела Меркел, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, канслери Олмон дар солҳои 2005-2021, маъруф бо тахаллуси «Марҷони Олмон» машғулиятҳои аҷиби писандида дорад, ки яке аз онҳо коштани картошка аст.
Бино ба гуфтаи ӯ, бо фаро расидани мавсими кишт, на танҳо бо картошкапарварӣ, балки бо шинондани дарахтҳои мевадиҳанда саргарм мешавад.
Яке аз воситаҳои дигари дилхушии Ангела пухтани таомҳои хос аст. Дар аксари мавридҳо вай меҳмонони азизашро дар хонаи худ пазироӣ карда, хӯрокҳое мепазад, ки ретсепти онҳоро танҳо худи кадбону медонад ва то ҳанӯз ба касе ошкор накардааст.
Хӯроки нодири ӯ шӯрбои мурғӣ аст, ки бо макарони ҷӯшондашуда омезиш ёфтааст ва чанде аз аҳли сиёсат ба чашидани он шарафёб гардидаанд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
«ҚУДРАТИ ИНСОН»
6. РЭЙ ЧАРЛЗ
Вақте мегӯянд, ки ин мутриби нобино бо беш аз 70 албоми оламшумулаш дар дунёи мусиқӣ табаддулот кардааст, бовари кас намеояд. Охир, ӯ ҳамагӣ ҳафт сол дошт, ки биноияшро аз даст дод.
Оилае, ки ҳунарманд таваллуд мешавад, қашшоқ буд, ҳатто миёни сиёҳпӯстон аз нодортаринҳо маҳсуб меёфт. Ба қавли худи Рэй: «Мо аз ҳама поён истода, ба дигарон бо ҳавас менигаристем, ҳама аз мо боло, поёнтар аз мо танҳо замин буду бас».
Қиссаи кӯршавии Рэй хеле муассир аст. Вақте панҷ сол дошт, додари аз худаш як сол хурд ба ҳавз меафтад. Рэй ҳар қадар кӯшиш мекунад, вале барои наҷоти ҷигаргӯшааш коре карда наметавонад, зеро кашида баровардани додараш барои Рэйи панҷсола хеле вазнин буд. Ана ҳамин ҳолат, яъне шоҳиди ғарқшавии кӯдак буданаш, хеле зуд ба асаби Рэй таъсир мегузорад ва чашмонаш якбора хира шудан мегиранд. Баъди ҳамагӣ ду сол бошад, ӯ тамоман нобино мешавад.
Бо вуҷуди ин, муҳити тоқатфарсои хона, бепадарӣ ва камбағалии бемисл Рэйи дар ҳафтсолагӣ нобиношударо водор месозад, ки аз худ касе созад, то модари муштипарашро аз тангдастӣ наҷот диҳад. Қудрати зиндагиофараш буд, ки Рэй ба сифати устоди мусиқӣ камол ёфт ва дар услуби соул, ҷаз ва ритм-энд-блюз дар як дам, ба қавле, Амрикову оламро гирифт. На як бору ду бор, балки 17 маротиба ҷоизаи «Грэмми»-ро сазовор шудаву сабтҳои нодираш дар китобхонаи Конгресси ИМА барои ҷовидонӣ ҳифз шудаанд.
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МЕДОНАМ, КИ МЕШИНОСӢ
Ашӯр Сафар дар кӯча бо Ҳабибулло Искандаров, собиқ мудири маориф вомехӯрад.
- Ашӯрҷон,- даст ба салом дароз карда мегӯяд Искандаров. – Бовар кун, аз он тарафи роҳ туро дида, шинохтам.
- Медонам, ки мешиносӣ, домулло. Вақте намешинохтӣ, мудири маориф будӣ,- ҳозирҷавобӣ мекунад Ашӯр Сафар.
Гурез САФАР
МУЪҶИЗАҲОИ ВАРЗИШӢ
САДАМА, КОМА, УЗРХОҲӢ АЗ МОДАР ВА МУВАФФАҚИЯТ
Колби Стивенсон, лижарони ИМА дар синни 18-солагӣ (соли 2016) ҳангоми садамаи автомобилӣ осеби ҷиддӣ бардошт. Табибон ҳолаташро вазнин арзёбӣ карда, мегуфтанд, ки варзишгар дар дами марг аст, агар зинда ҳам монад аз ҷой хеста наметавонад. Зеро Колби аз 30 ҷойи баданаш ҷароҳат бардошта, дар кома буд. Хушбахтона, баъди чанд рӯз ба ҳуш омада, пеш аз ҳама, аз модараш, ки давоми ин муддат болои сараш буд, узр пурсид. Ҳамин тавр, пас аз гузашти ним сол дубора ба лижаронӣ шуруъ кард. Ӯ на танҳо ба варзиши ҳирфаӣ баргашт, балки муваффақ шуд. Дар чемпионати ҷаҳон соли 2021 аз риштаи слоупстайл мақоми дуюмро касб намуда, дар як қатор мусобиқоти дигар пирӯз омад. Муҳимтарин дастоварди варзишгари қавиирода дар корномаи варзишиаш чанде қабл иттифоқ уфтод, ки дар Бозиҳои олимпии зимистонаи Пекин – 2022 аз риштаи биг-эйр медали нуқра гирифт.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
ДУ ПАНД
Ҳамеша ба қалбатон гӯш диҳед, гарчи дар самти чапи шумо қарор дорад, ҳамеша рост хоҳад гуфт.
* * *
Ҳеҷ вақт ба худат мағрур нашав. Баргҳо ҳамеша вақте мерезанд, ки фикр мекунанд, тилло шудаанд.
Ҳозиркунандаи чоп Абдулқодири РАҲИМ
ЭКОВЕКТОР
ШИРКЕНТ
Боғи таърихиву табиии Ширкент дар ҳудуди шаҳри Турсунзода ҷойгир буда, 3000 гектар масоҳат дорад. Он бо мақсади ҳифзи ҳайвоноту наботот ва сайёҳии экологӣ ташкил шудааст. Яке аз объектҳои ин макон изи динозаврҳо мебошад, ки таваҷҷуҳи бештари сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст. 150 намуди ҳайвонот ва 40 намуди парандагон, дороии нодири ин макон ба ҳисоб мераванд. Иқлим, рустанӣ ва гулу буттаҳои он барои сайёҳии экологӣ хос мебошад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
МАВЗЕЪҲОИ ДАСТНОРАСИ САЙЁҲӢ
АЛЕРТ, КАНАДА
Деҳаи беназири Алерт дар Канада ҷойгир буда, аз ҳама шимолтарин нуқтаи аҳолинишин дар ҷаҳон аст. Дар ҳудуди он якчанд истгоҳҳои обуҳавошиносӣ ва таҳқиқотӣ мавҷуданд. Аҳолиаш тақрибан 10 нафар буда, ба ғайр аз сокинони маҳаллӣ дар ин ҷо 5 метеоролог ва 70 ҳарбӣ иқомат мекунанд. Алерт соли 1950 таъсис ёфт. Барои расидан аз деҳаи Алерт то наздиктарин нуқтаи аҳолинишин 3578 км масофаро тай кардан лозим меояд.
Шароити иқлими ин ҷо басо вазнин буда, дар фасли зимистон сардӣ то 34 дараҷа мерасад. Ҳарорат танҳо дар моҳҳои июл ва август болотар аз сифр мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки Алерт замини тамоман бесамар аст, аммо дар ин ҷо мавҷудоти зинда ҳаст, масалан, барзагов, харгӯши арктикӣ, паранда ва ҳатто гург. Рустанӣ танҳо бо гулсанг ва ушна маҳдуд аст. Алерт барои дӯстдорони варзиши экстремалӣ ва табиатшиносон ҷолиб мебошад. Дар тобистон ин деҳа бениҳоят зебост.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
ИНСОН ВА АСРОРИ КОИНОТ
ЧАНД ДАЛЕЛИ АҶИБ
1. Айни замон астро-номҳо тақрибан ду ҳазор экзосайёраро кашф кардаанд, ки дар дигар галактикаҳо ҷойгиранд.
2. Ситора ва сайёраҳо тақрибан 5 фоизи массаи коинотро ташкил медиҳанд, 95 фоизи боқимонда аз куҷост то ҳол маълум нест.
3. Танҳо дар галактикаи мо ҳамасола чиҳил ситораи нав пайдо мешавад.
4. Ҳар рӯз тақрибан дусад ҳазор метеорит ба замин меафтад, вале ҳамаи онҳо дар атмосфера сӯхта нобуд мешаванд.
5. Дар соли 2011 астрономҳо сайёраеро кашф карданд, ки 92 фоиз аз алмос иборат аст. Ин ҷисми гаронбаҳои осмонӣ аз сайёраи мо 5 маротиба калонтар ва дар масофаи 4000 соли рӯшноӣ дур ҷойгир аст.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
НОГУФТАҲО АЗ ОЛАМИ ПАРАНДАҲО
МЕДОНЕД, КИ ПИНГВИН ҲАМ «ШОҲОНА» МЕШАВАД?
*Ин парандаи шиновар 18 намуд буда, калонтаринаш пингвини императорӣ, ки дар сардии 60 дараҷа ба сар мебарад. То 40 килограмм вазн дошта, сайдро аз чуқурии то 570 метр ба даст меорад. Маъмулан, 20 – 25 сол умр мебинад.
*Пингвини шоҳона (королевский пингвин) зеботарин намуди он асту 75 – 90 сантиметр қад ва 10 – 15 килограмм вазн дорад. Онҳоро бештар дар ҷазираҳои Георгии Ҷанубӣ ва Фолкленд вохӯрдан мумкин аст.
*Пингвинҳои тилломӯй бошанд, аз намудҳои паҳнгаштатаринанд, ки 20 миллионро ташкил медиҳанд. Расмашон дар парчам ва нишони ҷазираҳои Георгии Ҷануб ва Сендвичеви Ҷанубӣ ҷой дода шудаанд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
КӮДАКОНИ МИЛЛИОНДОР
ЧӢ ТАВР МЕТАВОН ЗУД ПУЛДОР ШУД?
Писарбачаи канадагӣ Райан Росс аз ҳама ҷавонтарин миллиондор ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил гашт. Сароғоз вай китоби модараш «Чӣ тавр пул кор кардан мумкин аст» - ро хонд ва ҳамоно ба соҳибкорӣ пардохт. Ҳанӯз айёми кӯдакиаш фермаи хурди мурғпарвариро созмон дод. Сипас, ба ивази 20 доллар ба даравидани майдони сабзазор ва чаманистонҳо шуруъ кард. Аз ин маблағ ба коргарони иҷорагирифтааш 15 доллар пардохт менамуд. Пулҳои ҷамъовардаашро ба ширкати худ, ки бо обпошии чаманистонҳо машғул буд, ворид мекард. Ба дӯстонаш, ки дар ширкаташ кор мекарданд 100 – долларӣ ҳақ медод ва аз фармоишгар 200 доллар мегирифт. Маблағи бадастмеовардаашро сарфи амволи ғайриманқул менамуд ва ин ба ӯ имкон дод, ки дар нуҳсолагӣ соҳиби аввалин миллион гардад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ТОЛСТОЙ - ЁРДАМЧӢ
Дар истгоҳи роҳи оҳан хонуми сарватманде аз фойтун поён шуд, ки анҷомаш зиёду вазнин буд. Ҳарчанд атрофро назар кард, аробакаше ба чашмаш нахӯрд, ки борҳояшро то вагон бурда расонад. Ногоҳ марди фақирсуратеро дида, хоҳиш кард, ки агар ёрдам кунад, ҳаққи хизматашро медиҳад. Марди роҳгузар ҳам, ки яқинан мусофир буд, бе он ки чизе гӯяд борҷомаҳои хонумро то ҷойи нишасташ бурда мерасонад. Хонум ҳам миннатдорона 20 тин бароварда ба ёрдамчӣ медиҳад.
Аз қазо рӯзи дигар хонум ба ҳамоиши хайриявие ба яке аз донишгоҳҳои Москва даъват мешавад. Дар ҷамъомади бошукӯҳ шахсиятҳои маъруфи илму адаб, профессорону аъзои шурои ҷамъиятии назди донишгоҳ яке паси дигар баромад мекунанд. Дар ҳамин ҳолат вақте ровӣ ному насаби граф Лев Николаевич Толстойро мегирад, аҳли толор аз ҷой бархоста, бо кафкӯбиҳои беист ӯро то саҳна гусел мекунанд. Вақте мардум менишинанду хонум дар рӯбарӯяш «ёрдамчӣ»-яшро мебинад, аз бехудӣ қариб аз ҳуш меравад.
Бесаброна анҷоми ҳамоишро интизор шуда, назди устод меояд:
- Лев Николаевич, хоҳиш мекунам, маро бубахшед. Он амале, ки дар истгоҳи роҳи оҳан кардам, нисбати Шумо таҳқир буд.
- Ягон ҷойи бахшишпурсӣ нест хонуми зебо. Дирӯз ман сидқан хизмат кардам ва шумо аз рӯи адолат ҳаққи заҳмати маро додед.
Аз русӣ тарҷимаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ДОРОТАРИН ҲУНАРМАНДОНИ ОЛАМ
3. МЭЛ ГИБСОН
Мэл Гибсон, ҳунарманд, коргардон, сенарист ва продюсери амрикоӣ ва австралиягӣ буда, соли 1956 дар иёлати Ню – Йорк таваллуд шудааст. Дар оила фарзанди шашум аст. Ҳангоми хурдсолиаш оилаи онҳо ба Австралия кӯч мебандад. Айёми дар донишгоҳ таҳсил карданаш ба синамо рӯ овард ва аввалин нақши худро дар филми «Шаҳри тобистона» бозӣ кард. Соли 1996 барои коргардонӣ дар филми «Шердил» (Храброе сердце) ба гирифтани ҷоизаи «Оскар» ва «Глобуси тиллоӣ» мушарраф гардид. Айни ҳол дороии ӯ 425 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Таҳияи Комрон САФАР
БАРНОМАСОЗИ 6-СОЛА БА КИТОБИ РЕКОРДҲОИ ГИННЕС ВОРИД ГАРДИД
Писарбачаи 6-солаи ҳин-ду Арҳам Талсания ҳамчун барномасози ҷавонтарин ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гардид. Ин толибилми синфи ду услуби барномасозии «Python» - ро аз худ намуда, дар маркази тестии Pearson VUE имтиҳон супурдааст. «Ман мехоҳам замимаву бозӣ ва системаҳои барномасозиро тартиб дода, ба нафарони ниёзманд кумак расонам», - иқрор шудааст Арҳам.
Падари писарак, ки пешааш муҳандис - барномасоз аст, мегӯяд, ки писараш сараввал ба бозиҳои гуногун шавқ дошт ва баъдан барои сохтани он машғул шуд. Баъди он ки Арҳам асосҳои барномасозиро аз худ намуд, акнун бозиҳои хурди шахсии худро тартиб дода метавонад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ҲУКМҲОИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
АРИЭЛ КАСТРО
ЗИНДОНИЕ, КИ УМРАШ ПОЁН МЕЁБАДУ МУҲЛАТИ АДОИ ҶАЗОЯШ НЕ
Ариэл Кастро, сокини 53-солаи Пуерто-Рико, ки қаламрави бурун-марзӣ ва иёлати озоди ИМА аст, бо ҳукми аҷибе умрбод аз озодӣ маҳрум шуд. Ӯро барои одамрабоӣ, боздошти ғайриқонунӣ ва таҷовуз ба номус ба ҳабси абад ва 1000 соли зиндон маҳкум карданд. Ин ҷинояткор солҳои дароз 3 занро дар асорати худ нигоҳ дошта, ба онҳо дастдарозӣ карда, ҳам аз ҷиҳати равонӣ озор додааст.
Айбномаи Ариэл Кастро парвандаи аз ҳама пурсарусадо дар Пуерто-Рико буда, ҳукми ба ӯ эълоншуда низ дар таҷрибаи мурофиаҳои судӣ бесобиқа аст.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
САРГУЗАШТИ БОВАРНОКАРДАНИИ АҶОИБ ДАР ТИБ
5. ПЕНГ ШУЛИН
Танаш ду тақсим шуду зинда монд
Соли 1995 Пенг Шулини хитоӣ ба садамаи автомобилӣ дучор мегардад, ки бар асари он танаш ду тақсим мешавад. Аммо бо вуҷуди чунин ҷароҳати вазнин бардоштан, ӯ зинда мемонад. Дар бемористон ҷарроҳиҳои зиёдро паси сар мекунад. Дар баробари ин, барои Пенг протези махсус бо пойҳои бионикӣ месозанд, ки туфайли он роҳ мегардад.
Аз русӣ тарҷимаи Нигина РАҲМОН
ТАВСИЯ
ЧӢ ГУНА АЗ ТАНБАЛӢ РАҲО ЁБЕМ?
6. «МАН МЕТАВОНАМ» ШИОРАТОН БОШАД
Шуруъ кунед. Даст рӯи даст нагузоред ва натарсед. Агар фикре доред, амалӣ кунед. Аз шикаст натарсед. Шикаст хӯрдан дар коре аз танбалӣ ва як ҷо нишастан беҳтар аст. Дар бадтарин шароит бо иқдом кардану шикаст хӯрдан таҷриба мегиред. Аммо, бо танбалӣ руҳияатон харобу беарзиш мешавад.
Ба худ бигӯед: «Ман метавонам». Шикасту нокомиҳоро фаромӯш кунед. Умедвор бошед, ки бо мусбатандешӣ ва талош ба ҳар хостаи худ хоҳед расид. «Аммо» ва «агар» - ро канор гузоред ва барои шуруъ танҳо ба худатон такя кунед. Дармони танбалӣ иқдом кардан аст. Беҳаракат ва сокит будан шуморо ба чоҳи торики танбалӣ мефиристад.
Таҳияи Кароматулло АТО
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.02.2022 №: 34 Мутолиа карданд: 2789