сиёсат
АЗ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИФТИХОР ДОРЕМ! АЗ ХОТИРАҲОИ ҲАМХИЗМАТОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Бо гузашти солҳо ёди айёми ҷавонӣ, бахусус хотироти хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, гуворо гаштаву касро ба гузаштаи пурифтихор мебарад. Ҳамчуноне ки ҳамсуҳбатони мо Абдуҷаббор Саъдуллоев, Абдуманнон Каримов, Шаҳобиддин Юсупов, Бердиёр Эшболтаев ва Зайниддин Саъдиев аз ҳамхизматӣ бо Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфарозанду шодмон ва ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» ташриф овардаанд, то гулхани ёди панҷоҳу як соли қаблро барафрӯзанд.
Умед аст, суҳбати мо, ки дар остонаи Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сурат гирифт, барои насли ҷавону ояндасози кишвар метавонад намунаи ибрат бошад. Ба кору пайкори тоҷикписарон дар Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ пайравӣ намуда, баҳри хидмати Ватан камари ҳиммат банданд.
ТОҶИКПИСАРОН НАМУНА БУДАНД
«Ҷумҳурият». Ҳоло суханро оғоз мекунем аз сафари ҳайати 50-нафара, ки аз Душанбе баҳри адои хизмати ҳарбӣ роҳ гирифтанд ҷониби Хабаровск.
Абдуҷаббор Саъдуллоев: 28 октябри соли 1971 як гурӯҳ ҷавонписарон аз саросари кишвар дар шаҳри Душанбе барои сафарбарӣ ба Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ ҷамъ омадем. 50 касро интихоб карданд, ки дар миён Ҷаноби Олӣ ҳам буданд. Баъди аз комиссияи тиббӣ гузаштан, 2 ноябр соати 9 бо ҳавопаймои «ИЛ - 18» ба самти вилояти Новосибирск ва аз он ҷо ба Хабаровск парвоз кардем. Моро ба қисми ибтидоии омӯзиши ҳарбии «N» бурданд. Шаш моҳ нозукиҳои ҳарбиро аз худ кардем. Пасон, як қисмамонро ба ҷазираи Заячийи вилояти Хабаровск ва гурӯҳи дигарро ба шаҳри Владивосток фирис-тоданд, ки ҳини хизмат дар Флоти уқёнуси Ороми Флоти ҳарбӣ-баҳрии Иттиҳоди Шуравӣ дую ним солро дар баҳру уқёнус паси сар кардем.
«Ҷумҳурият». Аз аксу ҳуҷҷатҳои бо худ овардаатон пайдост, ки шумо – тоҷикписарон бо хизмати намунавӣ вирди забонҳо будаед. Аз ҷумла, соли 1974 дар рӯзномаи «Боевое знамя» Пешвои миллат ва шумо – Абдуманнон Каримов ҳамчун аълочиёни Флоти уқёнуси Ором муаррифӣ гаштаед. Мехостам суҳбатро дар ин хусус идома диҳем…
– Воқеан, мо – ҷавонони тоҷик, дар флот сарбаландона ва хеле ҷасурона хизмат кардем. Аз ин рӯ, фармондеҳи флот мунтазам моро қадр мекард. Аз ҷумла, дар нашрияи «Боевое знамя» бо Ҷаноби Олӣ аксҳоямонро бо матн ҳамчун аълочиёни флот ҷой доданд. Пешвои миллат ҳам мошинист ва ҳам минёри (сарбозе, ки мина мегузорад ё майдонро аз он пок мекунад) дараҷаи аввал буданд. Ин муваффақияти хеле калон маҳсуб меёфт ва ба кам касон даст медод. Дигарон ба мо бо чашми ҳайрат менигаристанду мо бо ҳисси ифтихор хизматро идома медодем.
БА МИСЛИ ГӮШТУ НОХУН ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ
«Ҷумҳурият»: Зайниддин Саъдиев шумо низ Аълочии Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ ва мотористи дараҷаи аввал будед. Кадом лаҳзаҳо бо Пешвои миллат то имрӯз дар хотири шумо нақш бастаанд?
– Ман дар ротаи 6-ум будаму Ҷаноби Олӣ дар ротаи 5-ум. Он кас маллоҳи калон буданду ман маллоҳ. Як маротиба ҳамроҳ нав-батдор истодем. Ҳама суханашон аз тоҷику Тоҷикистон буд. Моро талқин менамуданд, ки миёни дигар халқҳо намуна бошем. Ҳама қариб як синну сол доштем, вале ҳис мешуд, ки дар шинохти миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаҳмиши васеътар доштанд.
Дигар ин ки дар як киштӣ 120 нафар будему як қисми ҳарбӣ ҳисоб меёфтем. Бояд гуфт, ки хидмат дар киштӣ анъанаҳои хоси худро дорад. Аз рӯи одат, ба нафаре, ки аввалин бор ба киштӣ меояд, як банка оби баҳр менӯшонанд. Маъмулан, ин об ниҳоят шӯр асту нӯшиданаш вазнин. Вале иҷрояш ҳатмӣ. Ҳамин хел санҷишҳоро гузаштаву шарафи сарбози баҳрӣ буданро шарафёб гаштем.
«Ҷумҳурият»: Ҳангоми хизмат барои тафреҳ ансамбл ҳам ташкил карда будед. Барои кӣ ҳунарнамоӣ мекардед?
Абдуманнон Каримов: Бале, дар қисми ҳарбӣ ансамбли тоҷикӣ созмон додем. Як рубоби электрикӣ ҳам сохта доданд. Ман рубобнавоз будам. Бо забони тоҷикӣ суруд мехондему бачаҳо либоси миллӣ пӯшида мерақсиданд. Дигар миллатҳо, махсусан русҳо, аз тамошои мо ба ваҷд меомаданд. Бо ифтихори тоҷикӣ мезистем. Дар дуриҳо ҳам дил ба ёди Ватан метапид…
Бердиёр Эшболтаев: Дар тақвияти гуфтаҳои боло ҳаминро зикр карданиам, ки дидори ҳамватанон, ҳатто шунидани овозашон, ба тан зӯру ба дидагон нур мебахшид. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки дар фурудгоҳи Ҷумҳурии Халқии Демократии Яман овози шоири шаҳир Мирзо Турсунзодаро тариқи радио шунида, гӯё ба дидори наздиконам шарафёб гаштам:
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба cap
форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам
садои ту.
Агарчи дар миён тӯфону мавҷи
баҳрҳо буданд.
Вале омад ба гӯши ман садои
рӯдҳои ту.
«ФАХР ДОРЕМ, КИ АЗ МИЁНИ МО ПРЕЗИДЕНТ БАРОМАД»
«Ҷумҳурият»: Абдуҷаббор Саъдуллоев шумо бо Сарвари давлат дар як рота хизмат кардаеду хотироти зиёд доред. Аз он чӣ дидед, чӣ чиз омӯзанда буд?
– Пешвои миллат аз ҳамон давра бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ – хоксориву ҷавонмардиашон фарқ мекарданд. Ҳамрозу ҳамдами бачаҳо дар лаҳзаҳои бемориву рӯ ба рӯ шудан бо ягон мушкилӣ буданд. Фикр кунед, ки аз 15 ҷумҳурӣ сарбоз буд, аммо аз миёни ҳама Ҷаноби Олӣ ташкилотчии комсомолӣ (комсорг) таъин шуданд.
Бемуҳобот, ҳар кас ба ин дараҷа намерасид. Пешвои миллатро дониши фароху заковати азалиашон ба ин мартаба расонд. Танҳо як лаҳзаро ёд меорам: мо пас аз чил сол бо ҳам вохӯрдему 5 – 6 соат суҳбат кардем. Гуфтему хандидем. Акнун, ҳамхизмати мо Президенти Тоҷикистон буданд, вале бо ҳамон тамкину таҳаммули пешин...
«Ҷумҳурият»: Чӣ таманниёте доред?
Абдуманнон Каримов, Шаҳобиддин Юсуфов: Мо бо ҳамхизмати худ – Ҷаноби Олӣ фахри бепоён дорем. Сарфарозем, ки аз миёни мо Президенти Тоҷикистон баромаданду имрӯз болои сарамон Сарваранд. Ба Ватани азизамон сулҳро армуғон овардаву осоиши халқро таъмин намуданд. Бигзор ин оромишу осоиш бардавом бошаду иттифоқи мардум поянда.
23 феврал Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҷаноби Олиро бо ин санаи хотирмон, ки худ бунёдгузори Артиши миллианд табрик гуфта, барояшон умри дарозу тансиҳатӣ, сари баланду рӯи сурх ва муваффақияту комёбиҳои беназирро таманно дорем. Ба бахти мардуми сарбаланди тоҷик, ҳамеша дар офият бошанд.
«Ҷумҳурият»:
Воқеан, нақши ин мактаб дар камолоти ҷисмониву маънавии ҳар фард барҷаста аст, ки дар яке аз суханрониҳояшон Сарвари давлат гуфтаанд: «Фаромӯш накунед, ман дар Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ хизмат кардаам. Се соли расо – аз 1971 то 1974, дар киштии ҷангӣ арзу тули баҳри Сиёҳ ва уқёнуси Оромро чен кардаам. Хуллас, ҳар кас, ки ба баҳр баромада бошад, хуб медонад: агар лангар ба об андохта шавад, ҳеҷ шамоле киштиро бурда наметавонад. Ман ҳам чунин лангаре дорам, ки ҳеҷ гоҳ аз он канда шуда наметавонам: он ҳисси масъулият аст дар пеши мардуми Тоҷикистон, ки маро Президенти худ интихоб кардааст».
Ба ҳар кадоми Шумо ташаккури бепоён барои суҳбати хубу хотирмон.
Суҳбаторо Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.02.2022 №: 35 Мутолиа карданд: 1294