logo

иҷтимоиёт

САНГВОР. ТАТБИҚИ НИШОНДОДИ ПАЁМ ҲАДАФИ КАЛИДӢ

21 декабри соли 2021 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гашт. Дар ноҳияи Сангвор ҷиҳати татбиқи  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми  Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр ёфтаанд, чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Қарори раиси ноҳия аз 31 январи соли 2022, №22 оид ба татбиқи  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардид, бо роҳбарии раиси ноҳия Маҳмадшоҳ Давлатзода сардорони ниҳодҳои қудратӣ, ташкилоту муассисаҳо ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар ҷамоатҳои деҳот, деҳаҳои сераҳолӣ муҳтавои Паёмро ба аҳолӣ расонда истодаанд.  
- Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ дар радифи таҳлили ҳамаҷонибаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, инчунин, ба чанд масъалаи муҳими ҳаёти иҷтимоӣ таваҷҷуҳ намудаанд, ки ба самтҳои фаъолияти мо низ иртиботи мустақим доранд. Аз ҷумла, таъкидҳои қатъии Сарвари давлат вобаста ба ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши донишҳои муосир ва пешгирӣ аз ҳар гуна хурофот, масъулияти моро дар роҳи васеътар намудани фаъолиятҳои тарғиботӣ бо истифода аз имконоти дастрас бештар мегардонад, - гуфт раиси ноҳия ва афзуд:  
- Мардуми мо дар тули даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд ва ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат мекашанд. Бовар дорам, ки то Ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон - 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду миёна сафарбар менамоем, ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некуаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр намуданд: «Ман ба қудрати созандаву офарандаи мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам ва як нуктаро дилпурона изҳор менамоям: мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем». 
- Дар ин раванд қарзи имонӣ ва вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддаси ҳаётамон ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагиамон гиромӣ дорем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем. Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд,- иброз дошт Маҳмадшоҳ Давлатзода ва андешаҳои худро чунин хотима бахшид: 
«Соли оянда ҷиҳати идомаи татбиқи ташаббуси чоруми глобалии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" дар пойтахти кишварамон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад, ки ин ифтихори мо, тоҷикон, аст. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. 
Иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар  Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён доштанд, ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати иҷрои онҳо саъю кӯшиш менамоянд». 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2022    №: 35    Мутолиа карданд: 432
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед