иҷтимоиёт
ТАРҶУМАИ БАДЕӢ: АЗ МУШКИЛОТ ТО РОҲҲОИ ҲАЛ
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва дигар мулоқоту суҳбатҳо пайваста ба миён мегузоранд, ин муаррифии миллат дар арсаи олам мебошад. Инчунин, бо боло бурдани сатҳи маънавиёти ҷомеа мо, хосса аҳли зиёро, вазифадор мекунанд. Табиист, ки яке аз роҳҳои ғанӣ гардондани маънавиёт ин дастрасии ҷомеа ба донишҳои фарогир тавассути мутолиаи адабиёти ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Мутаассифона, донишу фаҳмиши фарогири ин гуна асарҳои мондагори сатҳи ҷаҳонӣ батадриҷ сол ба сол коҳиш меёбад. Номҳову асарҳои нав, адибони воқеан, оламшумул дигар ҳатто барои суханшиносон ба пуррагӣ маълум нест. Равобити васеи фарҳангие, ки пештар вуҷуд дошт, ҳолиё аз миён нарафта бошад ҳам, қонеъкунанда ба назар намерасад.
Солҳои пешин асарҳои бисёре аз нависандагони сатҳи ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ сари вақт тарҷума мешуданд. Баъзе аз ин адибон бо хонандагон вохӯриҳо баргузор мекарданд. Хонандаи тоҷик ба иловаи ин ба василаи забони русӣ ба асарҳову адибони кишварҳои давлати шуравӣ ва дигар мамолики хориҷӣ ошно мешуд. Албатта, дар навбати худ ин масъалаи доғ танҳо ба кишвари мо иртибот намегирад. Он ҳатто кишварҳои пешрафтаву абарқудратро ба ташвиш овардааст. Бо вуҷуди он ки сатҳи забономӯзӣ сол ба сол боло меравад, вале тарҷумаи асарҳои адибони ҷаҳонӣ ва адибони мо ба дигар забонҳои олам ҳанӯз на танҳо дар сатҳи зарурӣ нест, балки бениҳоят поён рафтааст. Ҳатто дар маъруфтарин Озмуни ҷумҳуриявӣ - «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки Сарвари давлат аз фонди худаш ва ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти миллат таъсис додааст, дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» нисбатан маҳдуд будани фарогирии дониши на танҳо иштирокчиён, балки суханшиносон ҳам ба хубӣ эҳсос мешавад.
Пас, чӣ бояд кард? Имрӯз кадом адибони ҷаҳон дар сафи пеши адабиёт гом мегузоранд? Мавзуъҳое, ки онҳоро ба таҳрик меандозанду ба ташвиш мегузоранд, оё ба сатҳи зиндагии мо, психологияи мардумамон мутобиқату созгор буда метавонанд? Бо кадом роҳу васила метавон тарҷумаи бадеиро равнақу ривоҷ дод ва ба соҳаи пешрафта табдил намуд? Тарҷумаи асарҳои адибон ба тарзи таваккалӣ бояд сурат бигиранд ва ё низоме муайян дошта бошанд? Дарки руҳи асар, адиб ва интиқоли он ба забони дигар чӣ гуна даст дода метавонад? Вазъи омӯзиши адабиёти ҷаҳон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дар кадом поя аст? Аз рӯи кадом меъёрҳо ба иштирокдорони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» баҳогузорӣ карда мешавад?
Оид ба ин масъала хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Абдулқодири Раҳим бо доктори илми филология, мудири кафедраи «Адабиёти муосири тоҷик»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, довари Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» (дар соли 2021) Шамсиддин Солеҳов ҳамсуҳбат гардид. Ӯ, аз ҷумла, зимни посух ба ин пурсишҳо изҳор дошт:
- Воқеан, Шумо масъалаи хеле муҳим ва доғи имрӯзаи ҳаёти фарҳангӣ ва адабии ҷомеаи моро ба миён гузоштед. Масъалае, ки зикр кардед, хеле серпаҳлу ва қобили андеша мебошад.
Аввалан, дар мавриди роҳандозӣ гардидани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳаминро гуфтаниям, таҷрибаи баргузор гардидани он тайи чанд соли охир собит намуд, ки ин иқдом, воқеан, дуруст ва саривақтӣ мебошад. Баъди эълон гардидани озмун, тибқи мушоҳидаи мо, миқдори хонандагони китобхонаҳои оммавии ҷумҳурӣ даҳҳо ва садҳо маротиба зиёд гардид. Ин маънии онро дорад, ки тадриҷан ҷавонони мо ва ҳатто калонсолон, ба мутолиа ва китобу китобхонӣ ҳар чи бештар алоқаманд мешаванд. Яъне, ҳадафи эълони ин озмун комилан дар фазои фарҳангии ҷумҳурии мо амалӣ гардида истодааст.
Дар мавриди ошноии ҷавонони мо бо адабиёти ҷаҳон бояд гуфт, ки дар ин самт мо мушкилиҳои зиёд дорем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки хонандагони мо, ҳатто онҳое, ки дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» иштирок мекунанд, мутолиаашон хеле маҳдуд ва доираи адибоне, ки бо осори онҳо ошноӣ пайдо кардаанд, боз ҳам маҳдудтар аст. Мо пештар осори зиёдеро ба забони русӣ мутолиа, ё аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ба хонандагон пешниҳод мекардем. Аммо имрӯз ҳамин масъала ҳам дар муҳити адабию фарҳангии мо ба ду по мелангад. Ҳолиё ҳатто мутахассисони мо, онҳое, ки донишгоҳҳоро хатм кардаанд, ба таври лозимӣ забони русиро намедонанд. Ин ҷо шояд нуқси асосӣ дар низом ва барномаҳои таҳсилоти олии мо бошад. Масалан, дар замони шуравӣ дар факултаҳои филология дар баробари забони русӣ адабиёти рус дар ду - се нимсола ба пуррагӣ таҳсил мешуд, чунки адабиёти рус, аввалан, яке аз адабиётҳои бузургтарини дунё мебошад. Дуюм, адабиёту фарҳанги мо дар тули қариб дусад соли охир бо фарҳангу адабиёти русӣ иртибот ва робитаи бевосита дорад. Ба ибораи дигар, нуфузи ин адабиёти бузург ва адабиёту фарҳанги мо равшан, инчунин, бидуни баҳс аст. Вале ман намедонам, кадом “боақл” ин адабиётро аз низоми таҳсили ҳатто факултаҳои филологияи тоҷик ихтисор намуд. Вақте ки кор бо филологҳо чунин мебошад, аз тахассусҳои дигар чиро метавон интизор шуд. Мо мехоҳем, намехоҳем, дар гузашта, имрӯз ва оянда ҳам забони русӣ барои иртибот бо ҷаҳони мутамаддин барои мо забони миёнарав ҳисоб меёбад. Сониян, омӯзиши забони русӣ нисбат ба забонҳои дигари хориҷӣ барои мардуми мо хеле осон ва дастрас мебошад. Ҳамаи ин омилҳое ҳастанд, ки масъалаи тарҷумаи адабиёти бадеиро дар кишвари мо хеле доғ кардаанд. Имрӯз ҳарчанд шумораи зиёди донандагони забонҳои хориҷиро дорем, вале ин нафарҳо қудрат, ё ҳунари аз забони асл ба забони тоҷикӣ тарҷума кардани асарҳои адабиро надоранд, чунки тарҷума кори эҷодӣ аст ва кори эҷодӣ ҳунару истеъдоди хоссаро хостор аст. Ҳолиё мо имконият дорем, ки ба таври алоҳида аз ҳисоби адибони ҷавону соҳибистеъдод ва қаламкашони ҳавасманд гурӯҳи муайяни тарҷумонҳоро аз забонҳои бузургтарини дунё омода созем. Дар ин маврид, ба назари ман, омӯзиши таҷрибаи ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон бароямон зарур мебошад. Онҳо чанд сол пеш як бунгоҳи тарҷума таъсис доданд, ки ҳайати зиёди кормандон ва маблағгузории махсус аз ҳисоби давлат дорад. Вазифаи ин бунёд тарҷумаи беҳтарин намунаҳои адабиёти дунё аз забонҳои асл ба забони ӯзбекӣ ва тарҷумаю интишори асарҳои муҳиму мондагори адабиёти классикӣ ва муосири ӯзбек ба забонҳои хориҷӣ мебошад. Дар ин маврид ҳам кори тарҷума ба низом медарояд ва ҳам хонандаи имрӯза бо дастовардҳои муҳими адабиёти халқҳои ҷаҳон ошноӣ пайдо мекунад. Албатта, ба ин монанд марказе дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъсис дода шудааст, аммо ҳанӯз, он тавре ки интизор дорем, ба муваффақият ноил нагардидаем. Мутаассифона, тарҷумонҳоямон муваффақ нашудаанд, ки ҳолату руҳи асарро ба мутолиакунандагон, тавре ки ҳаст, бирасонанд. Дар тарҷумаи русии ин гуна асарҳо мо норасоиҳои мазкурро мушоҳида карда наметавонем. Тарҷумаҳои мо низ бояд ба ин сатҳ бирасанд. Инчунин, дар интихоби адибону асарҳои воқеан ҳунариву адабӣ набояд хато бикунем. Бо муҳимтарин дастовардҳои адибони ҷаҳон сари вақт хонандагони тоҷикро бояд ошно бисозем. Интихобу тарҷумаи асарҳо набояд таваккалӣ сурат бигиранд. Мо аз ин бурд нахоҳем кард. Ба тарҷумаи адабии асарҳои адибони бузурги ҷаҳон мутахассисони варзидаи миллат, зарур аст, ки машғул бошанд.
Бори дигар таъкид мекунам, ки ин бардоштҳо натиҷаи мушоҳидаҳо ва иштироки бевоситаи худи ман дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. Чунонки ба мушоҳида расид, дар ду соли охир аксари довталабоне, ки дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон иштирок мекунанд, ё донишҷӯйи факултаҳои рус ва ё хатмкардагони донишгоҳҳо мебошанд ва мутолиашон ҳам бештар дар доираи адабиёти ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ маҳдуд мегарданд. Аз ин ҷиҳат, вақти баҳогузорӣ ҳайати ҳакамон ҳам ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд, чунки аксари он осоре, ки дар Низомнома тавсия шудааст, аз доираи мутолиаи довталабон берун мемонад. Ман гумон мекунам, ки барои ҳалли ин мушкилӣ ҳам аҳли адаб, ҳам масъулини ниҳодҳои давлатӣ, ҳам устодону роҳбарони муассисаҳои таълимии олии кишвар якҷоя бояд иқдоми муштарак гиранд. Дар акси ҳол, мо аз равандҳои адабиёти дунё дар канор мемонем ва дастовардҳои адабиёти худро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда наметавонем.
Бори дигар таъкид мекунам, ки эълон шудани “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, воқеан, иқдоми ҷиддӣ, саривақтӣ ва муҳими фарҳангпарварона аст, ки аз тарафи Сарвари давлат роҳандозӣ шуд ва баргузории он бевосита назорат мешавад. Ин иқдом бояд аҳли адаб ва илму фарҳанги моро водор намояд, ки дар самти китобу китобхонӣ, тарҷума ва интишори муҳимтарин асарҳои адабиёти ҷаҳон, ташкили бозорҳои китоб, роҳандозии масъалаи тарҷума, махсусан, тарҷумаи бадеӣ, ташаббусҳои созандаю саривақтӣ намоянд.
Абдулқодири РАҲИМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.02.2022 №: 35 Мутолиа карданд: 482