logo

иҷтимоиёт

МЕҲРИ ПАДАР НА КАМТАР АЗ МУҲАББАТИ МОДАР АСТ

Падар. Бо шунидани ин калима пеши назар шахсе ҷилва медиҳад, ки бо бозувони рустамонаву нигоҳи самимона қувватамон мебахшад. Маҳз, ҳамин нигоҳҳои меҳрбор моро умеди фардои зиндагӣ медиҳад. Воқеан, дунёи падар дунёест бемисл. Дар он муҳаббати самимиву орзуҳои ширин нуҳуфтаанд. Падар ишқ аст. Ишқе, ки олуда ба чизе нест, поку беолоиш аст. Падар зиндагист, зиндагие саршори хушиҳо. Падар ҳаёт аст, ҳаёти ҷовидона. Падар шоҳсутунест, ки бемамоният бар он такя хоҳӣ кард. Падар умед аст, такягоҳ аст, заҳматкаш аст. Онест, ки бо кумакаш бидуни мушкилӣ метавонӣ хостаҳоятро бароварда гардонӣ. Ҷое хонда будам, ки падаре бо сабаби пириву фаромӯшхотирӣ, аз фарзанд барои такрор пурсидани як ашё сарзаниш мешунавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки падарон ба хотири фарзанд тайёранд садҳо маротиба ба як суоли онҳо ботамкинона ҷавоб гӯянд… 
Боре тасодуфан назди истгоҳ бо пирамарди лоғару хаста аз гирудори зиндагӣ ва нобаробариҳои қисмат вохӯрдаму саргузашташро шунида паиҳам ба худ суол кардам, ки наход то ин андоза фарзанд дилсангу дилсард бошад? Ин пирамарди хастадил бо сабаби солхӯрдагиву пас аз марги ҳамсар эҳтиёҷ пайдо кардан ба нигаҳбон, бори гарони келину писараш шудааст. Бе хоҳиши ӯ писар ҳуҷҷатҳои хонаро ба номаш гузаронда, ба бародарону хоҳаронаш гуфтааст, ки ё падаратонро бурда ба хонаи пиронсолон монед ва ё нигоҳубинашро ба навбат ба уҳда гиред. Ниҳоят, ӯро аз хонае, ки бо лойдевор бунёд кардааст, берун мекунанд. Ҳангоми суҳбат аз чашмони хирагаштаи пирмард ашки сӯзон мерехт ва ӯ зуд – зуд бо дастони ларзон манаҳашро пок карда: «танҳо умедам ба марди Худо Эмомалӣ Раҳмон аст» -, мегуфт. Хонандаи азиз, чаро ин суҳбати сарироҳиро мисол овардам. Чун дар ҳаёти ҳаррӯза ҳар яки мо бо чунин ҳолатҳо рӯ ба рӯ мегардему бештар онҳоро нодида мегирем. Охир, ин ҳамон мардест, ки ҷавониашро сарфи ба камол расидани фарзанд кардааст. Ҳамон мардест, ки ҳангоми тифлӣ шонаҳояш ҷойи нишасти фарзанд буд. Барои ояндаи фарзанд ба корҳои сангине даст зад, то ӯро хӯронаду пӯшонад ба умеде, ки дар шебу фарози зиндагӣ дастгирашон бошад. Чуноне шоир мефармояд:
Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ 
дасти писар гирад,
Ба умеде, ки дар пирӣ писар 
дасти падар гирад.
Пас, чаро имрӯз дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхориҳо асояш набошем?!
Воқеан, бузургиву ҷоннисориҳои падарон аст, ки имрӯз мо дар фазои осоишта ба сар мебарем. Ба хотири оромии зиндагӣ ва ҳифзи марзу буми миллат ҳазорон мардони мо қурбон гардиданд ва ба хотири ором хобидани мо ҷонбозиҳо кардаанд. Бештар мешунавем, ки гӯё падар меҳр надорад, вале агар жарфтар ба чашмонаш бингарӣ моломоли меҳр аст. Муҳаббате, ки тамоми замину осмонро ба ларзиш меорад. Падар бузургу беҳамтост, Офтобест, ки бо буданаш хона ободу, бо дурахшаш дунёро гармӣ мебахшад. Паёмбари ислом Муҳаммад (с) дар бораи пуштибону ризқрасон будани падарон сухан карда, эҳтиром намудану қадр карданашро фарз донистааст. Шоҳиди онем, ки Пешвои миллат дар тамоми суҳбату вохӯриҳояшон аз ҷавонон хоҳиш менамоянд, ки ҳурмати волидонро ба ҷо оранд. Онҳоро қадр кунед. Падару модарро дар дами пирӣ танҳо нагузоранд. Ҳамеша таъкид менамоянд, ки онҳо ҳастиашонро барои шумо бахшидаанд. 
Дар ҳақиқат, падару модар қуввати бозувону оромиши қалби фарзанданд. Падар қиблагоҳ аст. Дунёи падар аҷиб аст. Давлатест, ки ҳама чиз дар он муаммову сарбаста аст. Вале гуфтан мумкин аст, ки оламест баҳри фарзандон аз ҳама дард фориғ. Чун ҳамешагӣ мо инсонҳо пас аз фориғ шудан аз оғӯшу насиҳатҳои пандомезашон ба қадрашон мерасем, ки, аллакай, дер шудааст. Падаронро дӯст бояд дошт, ба мисли модар ва Меҳан. Чун муҳаббати падар камтар аз модар нест. 
 
Падар эй кишвари бедарди тифлӣ, 
Падар эй сарпаноҳи шодии ман.
Туро ман дӯст медорам ду дунё, 
Туро ман дӯст медорам чу Меҳан.        
 
Гулнисои САЪДОНШО,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2022    №: 35    Мутолиа карданд: 466
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед