logo

иҷтимоиёт

ВАКСИНА. ОМИЛИ МУҲОФИЗАТИ ИНСОН ВА ТАҲКИМИ МАСУНИЯТ

Таҷрибаи ҷаҳони муосир равшан сохт, ки бо вуҷуди шароиту имкониятҳои бемаҳдуд боз зуҳуроте ҳам метавонанд, ҳаёти инсониятро ба ларза оваранд ва то андозае монеи рушди бомароми зиндагӣ дар рӯйи олам гарданд. Намунаи маълуми ин гуфтаҳо бемории нави  COVID-19 мебошад, ки охири соли 2019 дар минтақаи Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин пайдо шуд ва дар давоми се-чор моҳ тамоми дунёро фаро гирифт. Одамони бо ҳаёти орому осуда одаткарда аз зуҳури ин беморӣ ва пайомадҳои маргбори он якбора ба даҳшат афтоданд ва қариб тамоми аҳли ҷаҳон гӯшанишин шуд. Вақт аён кард, ки ҷаҳон ба таъбири устод Рӯдакӣ, “ҳамеша гирдгардон аст” ва имкон дорад, ки балоеву вабое аз куҷое пайдо шавад ва фарзандони Одамро ба зону нишонад.
 
Хушбахтона, ақли солим ва неруи илмии башарӣ дар асоси ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву тифоқӣ ва шинохти дурусти хавфу хатарҳои дар пасманзари ин беморӣ нуҳуфта заминасози муборизаҳо гардид. 
Дар кишвари мо бо тадбирҷӯйиҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамовозиву ҳамраъйии сокинони шарафманди мамлакат чораҳои фаврии бехатариву беҳдоштӣ рӯйи кор оварда шуд. Ҳама бо масъулияти баланд хатарҳои коронавирусро дарк намуда, талаботи муқаррарнамудаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятии  COVID-19-ро сари вақт иҷро намуданд.  Дар пешгоҳи арсаи мубориза ва ҷабҳаи талошу пайкор табибон ва кормандони соҳаи тандурустӣ қарор гирифтанд. Онҳо ҷони хешро ба гарав гузошта, ба савганди худ садоқат нишон дода, барои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва халқ камари ҳиммат бастанд.
Бахусус, ин чорабинӣ ва маъракаи муҳим дар пойтахти мамлакат бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар сатҳи баланди касбиву омодагӣ ташкил шуд. Дар радифи кулли пизишкони мамлакат ҷомеаи тифоқу таҷрибаандӯхтаи Муассисаи давлатии шаҳрии “Маркази саломатии № 14”-и пойтахти мамлакат бо мақсади иҷрои фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва Раёсати тандурустии шаҳр баробари таъсиси бахши алоҳидаи эмгузаронӣ дар худи марказ, инчунин, 31 бригадаи сайёри ваксинагузаронӣ созмон дода, ҳамарӯза дар маҳаллаҳо, коргоҳу корхонаҳо, мактабу кӯдакистонҳо, масҷидҳо ва дигар коргоҳу муассисаҳо барои эмгузаронӣ тадбирҳои амалӣ меандешанд. Пизишкон ба аҳолӣ зарурати қабули ваксинаро фаҳмонда, таъкид месозанд, ки мардум ба хурофот дода нашуда, бояд аз ваксинаи ройгон истифода баранд ва саломатии худро, ки гавҳари бебаҳост, ҳифз намоянд.
Бояд зикр намуд, ки халқи тоҷик аз айёми қадим миллати соҳибтамаддуну соҳибфазилат аст. Ин миллати номдор ба ҷаҳониён алломагони илму дониш, амсоли Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Фахруддини Розӣ, Насириддини Тӯсӣ, Муҳаммади Хоразмӣ, Абулқосим Маҳмуд ибни Умари Замахшарӣ, Умари Хайём ва ҳазорон ҳазор нобиғагонро ҳадя намудааст. Олимону муҳаққиқон ҳамеша ба ҳақиқату воқеият такя намудаанд, аз таҷрибаҳо истифода бурдаанд ва ҳосили андӯхтаҳои худро ба имрӯзиёну фардоиён ба мерос гузоштаанд. Дар таърихи илм усул ва шеваҳои дурусту санҷидашудаи Абуалӣ ибни Сино барои пешгирии бемории вабои дар Хоразми қадим рухдода боиси ёдоварист. Ин ҳакими фарзона таъсири амалии даво, парҳезу беҳдошт, покиву назофат ва худшиносиро омили раҳоӣ аз кулли офату бемориҳо дониста буд. Дар осори ӯ ва китобҳои олимони дигари соҳаи тиб ягон вақт амалҳои хурофотӣ ва боварҳои ғайритасаввуротӣ омили таъсиргузору манфиатбахш ба шумор нарафтаанд.
Аз ин лиҳоз, дар ҳазорсолаи сеюм рӯ овардан ба ҳама гуна фаҳмишҳову таълимоти хурофотӣ ҳалокатбор аст. Бояд ҳар як сокини мамлакат ба қадри ғамхориҳои давлату Ҳукумат ҷиҳати пешгирии беморӣ бирасад. Ваксина омили ягонаи муҳофизати инсон ва таҳкими масунияти ӯ ба ҳисоб меравад. 
Ба андешаи мо, дар баробари пизишкону кормандони соҳаи тандурустӣ, бояд олимону муҳаққиқон, омӯзгорону рӯзноманигорон, шоирону нависандагон, эҷодкорон ва фаъолони ҷомеа дар тарғибу ташвиқи суду фоидаи ваксина ёрии амалӣ расонанд. Мо бояд ҳарчи бештар маъракаи эмгузарониро тезонда, барои ташкили масунияти умумихалқӣ нақши муассир гузорем.
 
Барот МИРСАИДОВ,
пизишки Муассисаи давлатии шаҳрии 
“Маркази саломатии № 14”-и шаҳри Душанбе 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2022    №: 35    Мутолиа карданд: 979
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед