Хабарҳо
“TEL AVIV GRAND SLAM 2022”
Темур бо медали биринҷӣ баргашт
Гӯштигири соҳибноми тоҷик Темур Раҳимов (+100 кг) дар мусобиқаи “Tel Aviv Grand Slam 2022” (17 – 19 феврал, Исроил) медали биринҷӣ гирифт.
Варзишгари тоҷик то даври нимниҳоӣ бар Серафим Компаниез (Исроил) ва Стефан Ҳегйи (Австрия) ғолиб омада, дар нимфинал аз Гурам Тушишвили (Гурҷистон) шикаст хӯрд. Дар нерусанҷӣ барои зинаи сеюм Энди Грандаи кубагиро ноком сохта, бо медали биринҷӣ ва 1500 евро сарфароз гардид.
Бозиҳои олимпӣ хотима ёфт
Пас аз 16 рӯзи нерусанҷиҳои хотирмону диданӣ Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпии Пекин – 2022 ба анҷом расид.
Ҳамин тавр, аз рӯйи ҳисоби медалҳо мақоми аввалро Норвегия 37 (16 тилло, 8 нуқра, 13 биринҷӣ) касб намуд. Ба даҳгона Олмон 27 (12-10-5), Чин 15 (9-4-2), ИМА 25 (8-10-7), Шветсия 18 (8-5-5), Нидерландия 17 (8-5-4), Австрия 18 (7-7-4), Швейтсария 14 (7-2-5), Россия 32 (6-12-14) ва Фаронса 14 (5-7-2) шомил гардиданд.
Бояд гуфт, ки Бозиҳои зимистонаи XXV олимпӣ соли 2026 дар Италия баргузор мегардад.
ҲОККЕЙ
Россия натавонист унвони қаҳрамониашро дар олимпиада ҳифз намояд
Тими мунтахаби Россия оид ба ҳоккей дар финали Бозиҳои олимпӣ аз дастаи Финландия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Голҳоро аз дастаи ғолиб Покка ва Бёрнинен заданд. Шайбаи ягонаи русҳоро Григоренко ба ҳадаф расонд.
ҶОМИ ОСИЁ – 2022
Рақибони Тоҷикистон муайян гардиданд
Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё – 2022 миёни футболбозони то 23-сола (1 – 19 июн, Ӯзбекистон) мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар гурӯҳи “D” бо тимҳои Арабистони Саудӣ, АМА ва Ҷопон бозӣ мекунад.
Се гурӯҳи дигар чунинанд: Гурӯҳи «А»: Ӯзбекистон, Эрон, Қатар, Туркманистон. Гурӯҳи «В»: Австралия, Урдун, Ироқ, Кувайт. Гурӯҳи «С»: Корея, Тайланд, Ветнам, Малайзия.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 669