Хабарҳо
Розигии Путин ва Байден барои баргузории як нишаст вобаста ба масоили амниятӣ
ТАСС. Президенти Россия Владимир Путин ва Президенти ИМА Ҷо Байден пешниҳоди Роҳбари Фаронса Эммануэл Мак-ронро дар бораи баргузории нишаст оид ба масъалаҳои амният ва суботи стратегӣ пазируфтанд.
Саволҳои марбут ба ин ҳамоишро Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Россия ва Энтони Блинкен, Котиби давлатии ИМА, 24 феврал омода мекунанд.
Чунин мулоқот танҳо ба шарте баргузор мешавад, ки Россия ба Украина ҳамла накунад.
Рӯзи якшанбе Президенти Фаронса Эммануэл Макрон бо Роҳбари Россия Владимир Путин, ҳамчунин, Президенти ИМА Ҷо Байден, Президенти Украина Владимир Зеленский, Канслери Олмон Олаф Шолс ва Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар Беларус 10 ҳамоҳангсози халалдор кардани раъйпурсӣ боздошт шуд
INTERFAX.RU. Сергей Кабакович, сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи марказии Кумитаи тафтишот, дар шабакаи телевизионии ONT гуфт, ки айни замон ҳудуди 10 ҳамоҳангсоз ва иҷрокунандаи халалдор кардани раъйпурсӣ аз манотиқи гуногуни кишвар боздошт шуд. Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.
Вай тавзеҳ дод, ки ба Кумитаи тафтишотии Беларус аз Кумитаи амнияти давлатӣ дар бораи содир кардани кирдорҳои ифротгароёна, ки дар кӯшиши расондани таъсири ғайриқонунӣ ба аъзои комиссияҳои интихоботӣ ифода шудааст, мавод ворид гардидааст.
«Ба маводҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, дар робита ба ин ҳодиса, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст», - гуфт Кабакович.
Қаблан Кумитаи амнияти давлатии Беларус аз ифшои гурӯҳи афроде хабар дода буд, ки қасд доштанд баргузории раъйпурсӣ дар ин кишварро халалдор кунанд. Ба гуфтаи ин идора, онҳо аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ мешуданд.
Фаронса тақозоҳои Россия дар бораи густариши НАТО-ро одилона номид
Gazeta.ru. Вакили Парлумони Аврупо ва раиси ҳизби «Иттиҳоди миллӣ» - и Фаронса Ҷордан Барделла гуфт, ки талабҳои Россия дар бораи тавсеа надодани НАТО ба Шарқ одилона аст.
Ба гуфтаи ӯ, соли 1991 миёни Амрико ва Михаил Горбачёв, Президенти Иттиҳоди Шуравӣ, созишномаи шифоҳӣ баста шуда буд, ки иттифоқро ба самти шарқ густариш надиҳад. Вай зикр кард, ки ин созишнома риоя намегардад ва ИМА бо мантиқи «ҷанги сард» ба марзҳои Россия наздик мешавад.
Барделла гуфт, ки ҷанг бо Россия ва Амрико ғайриимкон аст, аммо мо бояд бархӯрди мутавозинро ҷустуҷӯ кунем ва ба коҳиши шиддати вазъ дар атрофи Украина ноил шавем.
Ҷонсон ва Макрон дар бораи зарурати иҷрои созишномаҳои Минск ба мувофиқа расиданд
Lenta.ru. Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон ва Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар бораи вазъи атрофи Украина гуфтугӯ карданд. Тибқи изҳороти ҷониби Британияи Кабир, раҳбарони ду кишвар бар зарурати риояи комили тавофуқоти Минск аз ҷониби Россия ва Украина ба мувофиқа расиданд.
Ҷонсон, ҳамчунин, ба Макрон гуфтааст, ки «уҳдадориҳо»- и Президенти Россия Владимир Путин барои баргардондани неруҳо аз Беларус пас аз машқҳои низомӣ нишонаи омодагии Роҳбари Россия барои ҳалли дипломатии буҳрон аст.
Ба навиштаи расонаҳои фаронсавӣ, Путин дар суҳбати телефонӣ бо Макрон, ки 20 феврал сурат гирифт ва тақрибан ду соат идома дошт, пас аз анҷоми тамринҳо нияти хуруҷи неруҳо аз Беларусро тасдиқ кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 555