logo

Хабарҳо

Қоҳир Расулзода масъулонро ба иҷрои босифати корҳо даъват кард

 
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Левакант аз рафти амалишавии Лоиҳаи барқарорсозии агрегатҳои Неругоҳи барқи обии “Вахш” дидан намуд. 
Гуфта шуд, ки дар баробари пурра таҷдиду навсозии агрегатҳои неругоҳҳои барқи обии мамлакат, шаш агрегати силсиланеругоҳҳои барқи обии “Вахш” дар шаҳри Левакант, ба маблағи 136 миллион доллари амрикоӣ пурра таъмиру навсозӣ мегардад. 
Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки аллакай муҳаррикони панҷ агрегат пурра иваз гардида, дар агрегати шашум корҳои навсозӣ идома доранд. Қоҳир Расулзода таваҷҷуҳи масъулонро ба сифати корҳои бунёдгарӣ ҷалб карда, дар назди онҳо дар самти баланд бардоштани сифати кору хизматрасонӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.
 
 
Ҷамолиддин Абдуллозода бо Ифтихорномаи вижаи СҶТ қадр шуд
Бо мақсади муборизаи босамар бар зидди сирояти COVID-19 ва дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ифтихорномаи вижаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қадр гардид.
Ҷоизаро Илкар Даштан, мушовири ТҶТ оид ба сиёсати тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷамолиддин Абдуллозода тақдим намуд.
Тавре зикр гашт, Тоҷикистон аз ҷумлаи шаш кишвари ҷаҳон ба шумор меравад, ки дар мубориза бар зидди сирояти COVID-19 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
 
 
Вохӯрӣ бо муовини Дабири кулли СММ
Зимни мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла дар бахши татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва ташаббуси “Нури рӯшноӣ”  баррасӣ шуданд. 
Масъалаи раванди таҳияи чаҳорчӯбаи нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 низ мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳамчунин, ҷонибҳо атрофи татбиқи ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар доираи он, аз ҷумла Конфронси Душанбе – 2022 суҳбат оростанд.
 
 
«Нақши занон дар таҳкими тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ғояҳои арзишҳои миллӣ»
Бо ҳамин ном бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки афсарзанони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд, мақсад аз баргузории ҳамоиш талқини ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ миёни ҷавонон буда, баргузории он дар дигар қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ идома дорад. 
Иштирокчиён аз хизмати содиқонаву софдилонаи хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла занону духтарон ёдрас шуданд.
 
 
Рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ
Ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои низомии ҳудуди вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод гузаронда шуда, наврасону ҷавонони синни даъватӣ бо шароити хизмати сарбозон аз наздик шинос гардиданд, - менависад хадамоти матбуоти раиси вилоят.
Таъкид шуд, ки имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.
 
 
Созишнома барои расондани кумак ба ниёзмандон
Миёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Созишнома оид ба расондани ёрӣ дар шакли маводи озуқавории мавриди ниёзи аввал ба қишри ниёзманди аҳолии Тоҷикистон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба имзо расид. 
Ба иттилои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, санади мазкурро котиби генералии ҶҲАТ Баҳодур Қурбониён ва намояндаи Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ имзо карданд.
Кумаки мазкур барои зиёда аз 9 ҳазор оилаҳои ниёзманди Тоҷикистон пешбинӣ шуда, тавассути ҶҲАТ дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба ниёзмандон тақсим мешавад.
 
 
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 577
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед