logo

сиёсат

ТАВОНМАНДИИ ДАВЛАТ АЗ ҚУДРАТИ АРТИШ АСТ

Барои ҳамчун неруи пурқудрати мудофиавӣ ташаккулу такомул ёфтани Артиши миллӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста тадбирҳои амалӣ андешида шуда, нисбат ба афсарону сарбозон ғамхориҳои ҳамешагӣ зоҳир мегарданд. Роҳнамоии оқилонаи Сарвари давлат ва дуруст ба роҳ мондани заминаҳои бунёдии Қувваҳои Мусаллаҳ, ки 29 сол муқаддам аз сифр оғоз шуда буд, имрӯз Артиши миллии моро ба неруи тавоно ва сипари боэътимоди давлат табдил додааст.
Қобили зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат, дар ҳар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба рушду таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани шароити хизмат ва навсозии техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ дастуру ҳидоятҳои созанда медиҳанд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ Президенти маҳбуби кишвар ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, чунин дастур доданд: «Бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд». Ин таъкиди Сарвари давлат дар ҳоли шиддат гирифтани авзои минтақа ва, умуман, ҷаҳони муосир, ки метавонад ҳар лаҳза ба амнияту суботи кишварҳо таҳдид намояд, басо саривақтӣ ва дастури кори ҳамешагист.
Воқеан, тавре медонем, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле таъсис ёфт, ки даргириҳои дохилӣ дар мамлакат идома дошта, барои он пойгоҳи аввалия ва заминаҳои моддию техникии ҳарбӣ вуҷуд надоштанд. Дар чунин давраи сангин бо талошҳои судманди Сарвари давлат Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ташкили воҳидҳои зарурии низомӣ, аз ҷумла таъсиси қӯшунҳои дохилӣ, зудамал, хушкигард, неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дигар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ, муҳайё намудани техника ва лавозимоти ҳарбӣ, инчунин, тарбияи кадрҳои баландихтисос муваффақ шуд.
Ҳоло, мо сол ба сол шоҳиди пешрафт ва иқтидори баланди мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳ, таъмини артиш бо низомиёни касбӣ, беҳтар гардидани шароити хизмат мегардем, ки дар маҷмуъ, бозгӯи рушду такомули Артиши миллӣ аст. Феълан, дар назди ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ марказҳои таълимӣ, майдончаҳои варзиш амал мекунанд, ки ба омодагии ҷангии қӯшунҳо мусоидат менамоянд. Гузашта аз ин, мустаҳкам намудани руҳияи низомии афсарону сарбозон, ҳифзи арзишҳои ватандорӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ дар меҳвари асосии корҳои тарбиявӣ қарор гирифтаанд.
Мо бояд дарк намоем, ки набзи сиёсии ҷаҳони имрӯз ҷомеаро дучори шаклҳои нави муқовимати низомӣ намуда, зуҳуроти терроризму экстремизм, ки аз ҷумлаи фаъолтарин хатарҳои ҷаҳонист, сокинони сайёраро дар ҳоли нигаронӣ қарор додааст. Вале имрӯз, мардуми сарбаланди тоҷик мутмаин ҳастанд, ки Артиши миллӣ бо такя ба он таҷрибае, ки дар солҳои гуногун касб кардааст, ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат дар таъмини сулҳу субот муваффақ хоҳад буд. Бо ин ҳол, шарти пирӯзиҳои дигари мо дар он аст, ки бояд ҳама афроди ҷомеа дар баробари афсарону сарбозони кишвар дар роҳи ҳифзи марзу бум, ваҳдату оромӣ аз худ иродаи матин нишон диҳанд ва эҳсоси баланди садоқату самимият ба халқу Ватани азиз дошта бошанд. Зеро дар ҷаҳони пуртӯфони муосир иҷрои чунин рисолат аҳамияти бештар касб намуда, ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат аз ҳар яки мо вобаста аст. 
 
Баҳодур ИСОЗОДА, 
муовини раиси суди  ноҳияи Шоҳмансур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2022    №: 36    Мутолиа карданд: 1092
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед