logo

Хабарҳо

ИЛМ. САҲМИ ЗАНОН ДАР ТАШАККУЛИ МАОРИФ

 
Бонувони тоҷик дар рушди илм нақши мондагор доранд. Бо пажӯҳишҳои фароху доманадоре, ки то имрӯз дар самтҳои гуногун анҷом додаанд, садҳо суоли беҷавобро посух дарёфтаву бо ихтирооташон бисёр муаммои иқтисодиву иҷтимоиро ҳаллу фасл намудаанд. Ин нукта зимни ҳамоиши “Саҳми занон дар рушди илм”, ки дар доираи  Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон  доир гардид, зикр шуд.
 
Ҳамоиш, ки  бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои кишвар баргузор гардид, бонувон – олимони кишварро ба ҳам овард.
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси кумита бо зикри он, ки нақши бонувони кишвар дар пешрафти илм созгор мебошад, ба ҳамоиш оғоз бахшид. “Тоҷикистон чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд барои донишандӯзии бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҷиҳати ба илм пайвастани онҳо шароити зарурӣ фароҳам меорад. Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки шумораи занон дар роҳи илм сол ба сол зиёд мегардад. Агар соли 1991 дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 1 835 номзади илм ва 226 доктори илм дарс мегуфтанд, ҳоло ин нишондод ба  2 505 номзади илм ва 650 доктор расидааст. Дар Академияи миллии илмҳои кишвар бошад, 2 академик, 3 узви вобастаи Академияи миллии илмҳо, 25 доктори илм, 96 номзади илм, 72 докторанти PHD бо пажӯҳишҳои доманадорашон дар рушди илм саҳми созгор мегузоранд.
Бонувони тоҷикро бо пажӯҳиши пурмуҳтаво ва ихтирооташон дар сатҳи байналмилалӣ низ, мешиносанду эътироф менамоянд”, - гуфт Ҳ. Қурбонзода. 
Зарур шумурда шуд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, вусъати рақобатҳои геополитикӣ, авҷи зуҳуроти хатарноки ифротгароиву терроризм ва дигар мушкилоти глобалӣ таҳқиқи ҳамаҷонибаи афкори фалсафию ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва ахлоқиву маънавӣ талаби замон буда, омӯзиши фарҳанги моддиву ғайримоддии миллат бояд самти афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ бошанд. Занону ҷавонон бояд аз ақидаҳои хурофотӣ дур ва донишҳои муосирро ҷиддӣ омӯхта, рӯйдодҳои ҷомеаро аз нуқтаи назари илму мантиқ дуруст таҳлил кунанд ва дар зиндагӣ роҳи ростро интихоб намоянд.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки соли гузашта аз 77 нафар ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 47 нафар ва аз 79 ғолиби Озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” 18 нафарашон бонувон мебошанд, ки аз фаъол гардидани занон дарак медиҳад. 
“Нақши занон дар ташаккули таҳсилот ва рушди илм дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон”, “Механизмҳои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ – омили муҳими рушди иқтисоди миллӣ”, “20 – солаи рушди илмҳои техникӣ ва мақоми бонувон дар он” аз ҷумлаи мавзуъҳое буданд, ки дар ҳамоиш баррасӣ шуданд.  Зимнан, Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм бо қарори Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 11 - уми феврал дар сартосари ҷаҳон таҷлил мегардад. Кумитаи кор бо занон ва оила соли нуҳум аст, ки дар доираи ин ҷашн Ҳамоиши ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илм» - ро ба хотири ҷалби бештари занону бонувон ба пажӯҳиши илмӣ, муаррифии фаъолияти илмии занону бонувони кишвар доир менамояд.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 572
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед