Хабарҳо
РОҲСОЗӢ. КАМБУДИҲО ДАР МАБЛАҒГУЗОРӢ
Маҳмадулло Файзалиев, сардори Идораи хоҷагии давлатии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ниҳоди онҳо таъмиру нигоҳдории 2750,3 километр роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумро ба уҳда дорад.
Дар соли сипаришуда чунин корҳоро ба анҷом расондаанд: таъмири ҷорӣ (100%-и нақша), омодагӣ ба тирамоҳу зимистон (55,6%), таъмири роҳҳо (100,1%), таъмири пулҳо (88%), таъмири лӯлаҳо (81%), таъмири асосӣ (66,2%).
Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ аз ҳама кам аз буҷетҳои маҳаллии навоҳии Қубодиён (10 ҳазору 100 сомонӣ) ва Шаҳритус (26 ҳазору 400 сомонӣ) маблағ ихтисос дода шудааст, ки кофӣ набуд.
Соҳибкорони маҳаллӣ дар таъмири роҳ, сангфаршсозӣ, таъмири лӯлаву пулҳо саҳм гузоштанд.
“Дар мувозинаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди тобеи идораи мо, - афзуд М. Файзалиев, - ба ҳолати 1 октябри соли 2021 -ум 110 техника мавҷуд буда, 87 ададаш ба хати тайёр гузошта шудааст.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 771