Хабарҳо
ПУТИН БО МАКРОН ВА ШОЛС ГУФТУГӮИ ТЕЛЕФОНӢ АНҶОМ ДОД
Мир 24. Шоми 21 феврал Владимир Путин бо роҳбарони Фаронса ва Олмон гуфтугӯҳои телефонӣ анҷом дод, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Россия.
Роҳбари Россия Эммануэл Макрон ва Олаф Шолсро дар бораи натоиҷи ҷаласаи Шурои амният, ки дар он, аз ҷумла вазъи атрофи Донбасс, муроҷиати раҳбарияти ҶМД ва ҶМЛ дар мавриди эътирофи истиқлолият баррасӣ шуд, ошно кард. «Президенти Россия гуфт, ки ният дорад дар ояндаи наздик фармони дахлдорро имзо кунад. Президенти Фаронса ва Канслери Олмон аз ин таҳаввулот изҳори таассуф намуданд», - гуфта мешавад дар изҳорот.
Ҳамзамон, ҷонибҳо барои идомаи тамосҳо изҳори омодагӣ карданд.
ФАРМОНҲОИ ПУТИН НАШР ШУДАНД
Lenta.ru. Фармонҳои Президент Владимир Путин дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск ( ҶМД ва ҶМЛ) дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудаанд.
21 феврал Президенти Россия Владимир Путин фармонҳо дар бораи эътирофи истиқлолияти ҶМД ва ҶМЛ, инчунин, созишномаҳо бо сарварони ҷумҳуриҳо Денис Пушилин ва Леонид Пасечник дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумакҳои мутақобиларо имзо кард. Ин тасмим пас аз ҷаласаи Шурои амнияти Федератсияи Россия гирифта шудааст.
СҶТ: «ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС ТО ОХИРИ СОЛИ 2022 МЕТАВОНАД ХОТИМА ЁБАД»
CentralAsia (CA). Пандемияи коронавирус метавонад то охири сол хотима ёбад, агар пас аз мавҷи «омикрон» дар ҷаҳон хуруҷи зиёди сироятҳо ба вуҷуд наояд. Дар ин бора намояндаи вижаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Россия Мелита Вуйнович изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, шумораи зиёди сироятҳо дар якҷоягӣ бо қобилияти мутатсия кардани вирус ба мо имкон намедиҳад, дақиқ пешгӯӣ кунем, ки вазъ чӣ гуна хоҳад буд. Аммо як хушбинии эҳтиёткорона вуҷуд дорад, авҷи он вақте ба охир мерасад, ки «омикрон» тамоми ҷаҳонро давр занад.
НЕБЕНЗЯ: «РОССИЯ БА КУШТОРИ НАВИ ХУНИН ДАР ДОНБАСС РОҲ НАМЕДИҲАД»
RT. Намояндаи доимии Россия дар СММ Василий Небензя дар ҷаласаи Шурои амнияти СММ гуфт: «Мо то ҳол барои дипломатия ва роҳи ҳалли дипломатӣ бозем, аммо дигар ният надорем, ки ба куштори нави хунин дар Донбасс иҷозат диҳем».
Ба гуфтаи вай, кишварҳои Ғарб таҳти сарварии Амрико, дар авзои атрофи Украина нақши бениҳоят манфӣ бозида, Киевро ба ҷойи водор кардан ба иҷрои уҳдадориҳои худ дар тавофуқоти Минск, ошкоро таҳрик медоданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 714