logo

Хабарҳо

Сироҷиддин Муҳриддин бо Гви-Еоп Сон мулоқот кард

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо директори минтақавии Дафтари ҳамоҳангсозии рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Гви-Еоп Сон суҳбат орост.
Дар вохӯрӣ ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла ислоҳоти СММ оид ба рушди устувор ва фаъолияти намояндагиҳои СММ дар ин самт ва соҳаҳои дигари авлавиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
 
 
Дидор бо ҳайати порлумони Аврупо
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо ҳайати порлумони Аврупо таҳти роҳбарии раиси Кумитаи корҳои байналмилалии порлумони Аврупо Дэвид Макаллистер мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла ҳамкориҳои байнипорлумонӣ, инчунин, вазъ дар минтақа ва дигар масъалаҳо мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтанд.
 
 
Масъалаи инъикоси дунявият дар адабиёти классикии тоҷик
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Аҳамияти андешаҳои дунявӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ» конфронси илмӣ доир гардид. Дар ҳамоиш, ки бо иштироки роҳбарияти академия, Вазорати маориф ва илм, олимон ва коршиносон сурат гирифт, масъалаҳои инъикоси дунявият дар адабиёти классикии тоҷик баррасӣ шуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳо Саймумин Ятимов, директори Маркази мероси хаттии АМИТ, номзади илмҳои таърих Раҳматкарим Давлатов, устоди Донишгоҳи миллӣ, адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон перомуни афкори дунявӣ ва тафаккури миллӣ, дунявият ҳамчун асоси пойдории давлат ва сохти конститутсионӣ, нақши таълим ва ҷаҳонбинии илмӣ дар рушду устувории пояҳои давлатдории миллӣ мубодилаи афкор намуданд.
 
 
Валентина Матвиенко ба Душанбе меояд
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовинони раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Константин Косачев ва Николай Журавлёв зимни як вохӯрӣ муносибатҳои Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои иқтисоду савдо, тандурустӣ, маориф ва илм, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ муҳокима карданд.
Онҳо, инчунин, масоили омодагӣ ва баргузории сафари расмии раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенкоро ба Душанбе, ки 24-25 феврал дар назар аст, баррасӣ намуданд.
 
 
Ифтитоҳи Маркази омӯзишӣ барои занони роҳбар
Дар асоси розигии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои намояндагии СММ - Занон дар Тоҷикистон бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ бо мақсади таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо марбут ба масъалаҳои занон, баланд бардоштани иқтидори зеҳнии онҳо, рушди захираи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон, дарёфт ва омодасозии кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани мавқеи устувори занон дар ҷомеа “Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат” ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи он ректори академия Абдухалил Ғафурзода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода, директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов ва шарикони хориҷии  академия, аз ҷумла намояндагии СММ - Занон дар Тоҷикистон, намояндагии Бунёди кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) ширкат карданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 699
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед