logo

сиёсат

КАФОЛАТИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

 
Дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа кору пайкори хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қобили таҳсин ва шоистаи арҷгузорӣ мебошад. Зеро онҳо дар солҳои вазнини муқовиматҳои мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи кишвари азизамон содиқонаву сарбаландона иҷро карда, дар заминаи ба эътидол овардани вазъият, бахусус пешгирии ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ саҳми басо муҳим гузоштанд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари суханрониҳои худ бо қаноатмандӣ изҳор менамоянд, ки артиши амалан дар ҷойи холӣ таъсисдодаи мо имрӯз ба як сохтори муқтадир, муназзам ва боэътимод табдил ёфтааст. 
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар ҷузъу томҳои низомӣ ҷавононе хизмат менамоянд, ки зодаву парвардаи даврони Истиқлоли давлатӣ мебошанд ва дар руҳияи ватанпарастӣ ба камол расидаанд. Ҳоло падару модарон ва омӯзгоронро зарур аст, ки ба обутоби ҷисмониву маънавӣ, сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ, забондонӣ, ҳисси ватандӯстӣ, одоби муошират ва дигар сифатҳои шахсиву ахлоқии ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат бар дӯши онҳо вогузор мегардад, диққати ҷиддӣ диҳанд, хизмати ҳарбиро дар вуҷуди онҳо ба як амри виҷдонӣ табдил диҳанд. Дар зеҳну шуури ҷавонон парвариш кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, муҳаббат ба Ватанро таҳким бахшанд. 
Ҷавононро мебояд, ки корномаҳои пур аз ифтихору ҷавонмардии қаҳрамонони халқи тоҷик, аз ҷумла Спитамену Деваштич, Муқаннаву Маҳмуди Торобӣ, Темурмалику Восеъ, ки барои ҳифзи Ватани худ қаҳрамониҳо ва далерию матонат нишон додаанд, омӯхта, пайкори онҳоро сармашқи кори худ қарор диҳанд. Дар баробари ин, бояд имрӯз аз ҷасорати падару бобоёнамон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз муборизони сохти конститутсионӣ низ ифтихор дошта бошем ва аз ватандӯстиву фидокории онҳо сабақ гирем. Ҷавонони даврони Истиқлоли давлатӣ бояд доимо зираку ҳушёр бошанд, то фазои орому осудаи имрӯзаи кишварро, ки ба ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст, ҳамчун гавҳари чашм ҳифз намоянд. 
Дар замони мо экстремизму радикализм ва терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ барои ҷомеаи чаҳонӣ хатарҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки саркардагони ин зуҳуроти хатарнок дар иртибот бо қувваҳои нотавонбин дастовардҳои давлатҳоро нодида мегиранд, воқеияти ҷомеаро аз мавқеи ғаразноки худ маънидод менамоянд ва мақсад доранд, ки бо амалҳои ношоистаи худ дар байни ин ё он халқ ва мардум таҳлука андозанд, ҷудоӣ ба миён оранд. Мисоли чунин ҳаракатҳои ситезаҷӯро мо дар фаъолиятҳои тахрибкоронаи аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ нисбат ба давлату миллати худ мебинем, ки мудом дар пайи ноором кардани авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат мебошанд. Онҳо дар роҳи расидан ба мақсадҳои худ, асосан, ба ҷавонон, ки таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд, умед мебанданд, онҳоро гумроҳ намуда, аз паси худ бурданӣ мешаванд, ки баҳри пешгирии он ҳар яки мо бояд масъул бошем. 
Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ бо ишора ба неруи созанда, бунёдкорона ва ватандӯстонаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле бамаврид таъкид намуданд: «Роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуктаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд”. 
 
Тоҷибой СУЛТОНӢ, 
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2022    №: 37    Мутолиа карданд: 792
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед