logo

иҷтимоиёт

«ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН». ҶИЛДИ СЕЮМ АЗ ЧОП БАРОМАД

Ба ифтихори 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷилди сеюми китоби «Душанбе-қалби Тоҷикистон» бо зевари нашр пероста гардид. Китоб дар чопхонаи Граф-принт бо сифати баланд чоп шуда, дар муқоваи он акси Пешвои муаззами миллат  ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷой дода шудаанд.   Мураттиби китоби «Душанбе-қалби Тоҷикистон» собиқадори меҳнат, хизматчии давлатӣ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дорандаи ифтихорномаву мукофотҳои сохтору ниҳодҳои гуногуни кишвар Мирзоамин Мирсаидзода мебошад. 
Ҷилди сеюми китоби «Душанбе – қалби Тоҷикистон» идомаи мантиқии ҷилдҳои 1 ва 2 буда, дар он раванди корҳои созандагиву ободонии 5 соли охири шаҳри Душанбе инъикос шудааст. Китоби мавриди назар, ки арзиши баланди илмию таҳқиқотиро дорад, аз 380 саҳифа иборат буда, нигоштаҳои он бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф шудаанд. 
Китоби «Душанбе – қалби Тоҷикистон» зери назари президенти АМИТ академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расида, пешгуфтори он ба қалами номзади илмҳои таърих Мавсума Муинӣ тааллуқ дорад. 
Дар китоб аксҳое ҷой дода шудаанд, ки муҳтавои нигоштаҳоро таҳким мебахшанд. Ҳар як мақола ҳадафи муайяни худро дорад. 
Мураттиби китоби «Душанбе - қалби Тоҷикистон» Мирзоамин Мирсаидзода фориғултаҳсили Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад, ки дар вазифаҳои гуногуни соҳаи мактабу маориф фаъолият намудааст. 
Соли 1978 Мирсаидзода котиби масъули ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва мадании Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роҳи Оҳан, имрӯза ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, интихоб мешавад ва зиёда аз 8 сол дар ин бахш кор кардааст. Маҳорату малакаи ташкилотчигӣ, масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва корбарии Мирзоамин Мирсаидзодаро роҳбарияти Кумитаи иҷроияи вакилони халқи шаҳри Душанбе ба инобат гирифта, соли 1986 ба кор ҷалб карданд. Ӯ беш аз 22 сол ҳамчун мутахассиси муваффақ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ, аз ҷумла инспектори Раёсати фарҳанги Комиҷроияи шаҳри Душанбе, мутахассис, сардори Раёсати хоҷагии манзилӣ-коммуналии шаҳри Душанбе ва  мудири шуъбаи робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе фаъолият намудааст. 
Мирзоамин Мирсаидзода ҳанӯз аз айёми ҷавонӣ ба эҷод рағбати зиёд дошт. Мақолаву нигоштаҳои ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ мунтазам нашр мешуданд. 
Китобҳои «Душанбе дар шоҳроҳи Ваҳдат», «Дари кушоди худшиносӣ», ҷилди якум ва дуюми «Душанбе-қалби Тоҷикистон» маҳсули эҷоди Мирзоамин Мирсаидзода мебошанд. Унвони китобҳо собит менамояд, ки муҳтавои марказии  нигоштаҳои адибро мавзуъҳои арҷ гузоштан ба таърихи миллат, таҳкими эҳсоси хештаншиносиву  ватанпарастии хонандагон, бахусус насли ҷавони кишвар ва васфи шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд. 
Бо 3 забон нашр шудани ҷилди сеюми китоби «Душанбе-қалби Тоҷикистон» барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани дастовардҳои 5 соли охири Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд. 
Муҳаббат ба пеша, садоқат ба Меҳан, масъулиятшиносӣ ва чашмикордонии Мирзоамин Мирсаидзода  боис гардид, ки дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намояд. Ӯ 3 даъват вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  ва 3 даъват вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардидааст.
Соли 1999 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамари давлатӣ Мирзоамин Мирсаидзода бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мегардад. 
 
Гулбону БОЗОРОВА,  аспиранти АМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2022    №: 37    Мутолиа карданд: 440
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед