иҷтимоиёт
ОЗОДАВУ БОНИЗОМ. ЯК РӮЗИ ХОТИРМОН БО АСКАРБАЧАҲО
Ҳайати шахсии қисми ҳарбии "Н"-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, иди касбии худ – Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳро дар руҳияи баланди омодагӣ ҷиҳати ҳифзи марзу буми мамлакат истиқбол мегиранд. Чун вориди қисми ҳарбӣ гаштам, ин ҷо сафкашии пагоҳирӯзии ҳайати шахсӣ ҷараён дошт. Вазифаҳо барои рӯз муайян шуда, гурӯҳе аз хизматчиён ҷиҳати анҷом додани машқи ҳарбии техникӣ ба машқгоҳ раҳсипор шудаву сарбозони дигар ба таълиму азхудкунии қисмҳои техникӣ ва аслиҳа ба синфхонаҳои зебову ба талаботи муосир ҷавобгӯ равон мегаштанд.
Ҷамшед Ҷомаҳмадов, подполковник, муовини командири қисми ҳарбии мазкур, оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, дар иртибот ба шароити буду боши ҳайати шахсӣ, сатҳу сифати баланди машқҳои ҳарбиву варзишӣ, таълими дарсҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва истиқболи сазовори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳарф зада, бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки сарбозон уҳдадориҳои ҳарбиро сарбаландона иҷро менамоянд.
- Ҳар як сарбоз хуб дарк мекунад, ки бо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ саҳмашро дар ҳифзи оромию суботи кишвар, зиндагии осоиштаи мардум мегузорад,- мегӯяд капитан Шаҳобиддин Нурматов, муовини командир оид ба корҳои фаҳмондадиҳию сиёсӣ, - ба хотири боз ҳам тақвиятбахшии донишҳои сиёсӣ, тарбияи ахлоқии сарбозон ҳар рӯз доир ба як мавзуи сиёсиву ҳуқуқӣ дарс мегузарем.
Аз суҳбат бо сарбозон эҳсос мешавад, ки онҳо бо намояндагӣ аз ҳамаи манотиқи мамлакат буда, бо ҳам дӯсту бародарона хизмати Ватан-Модарро ба ҷо меоранд. Сарбоз Абдумалик Насриддинов аз шаҳри Ваҳдат, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шуда, барояш соли дуюми хизмат оғоз ёфта, дар талош аст, ки дастуру супоришҳои командиронро бо иҷрои баланди сиёсиву ҳарбӣ амалӣ созаду бо рӯйи сурх ба зодгоҳаш баргардад.
- Бо хоҳиши худ ба хизмат омадам ва аз ин басо хурсандам. Нахуст қарзи шаҳрвандиамро адо карда, сониян дар ҷараёни хизмат даҳҳо дӯстону рафиқон пайдо кардам, ки баъд аз адои хизмати ҳарбӣ низ дӯстию рафоқатро идома хоҳем дод. Тибқи реҷаи муайянкардаи афсарон дар самти донишҳои сиёсиву таърихӣ ва ҳарбӣ мо-сарбозон аз мавзеъҳои таърихии вилояти Суғд дидан карда, аз саҳифаҳои гузаштаи халқамон ошноӣ пайдо кардем. Воқеан ҳам, ифтихор дорам, ки адои хизмат дораму ҷиҳати ҳифзи марзу буми Ватан нақш мегузорам. Бо истифода аз фурсат аз ҷавонписарони мамлакат ҷиддан даъват ба амал меоварам, ки бо амри виҷдону дарки ватандориву ифтихор аз он ба хизмати ҳарбӣ ҳозир шаванд ва қарзи худро назди Ватан содиқона адо намоянд, - гуфт Абдумалик Насриддинов.
Андешаҳои ӯро сержант Хуррам Ҷӯрахонов, ки ба хизмати ҳарбӣ аз ноҳияи Ёвон даъват шудааст, тақвият дода, афзуд: «Соли 2018 зимни истиқболи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштам, ба суҳбаташон низ мушарраф гашта, ваъда додам, ки ҳатман ба хизмати ҳарбӣ рафта, қарзи шаҳрвандиамро иҷро мекунам. Аз ин рӯ, баъд аз хатми донишгоҳ бо хоҳиши худам ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастам ва аз ин сарбаландам. Зеро ҳамаи шароитҳо барои обутоби бадан, машқҳои варзишӣ, фароғат, сайёҳат барои сарбозон муҳайёст».
Тавре Ҷамшед Ҷомаҳмадов гуфт, солҳои охир дар қисми ҳарбӣ рӯзи дарҳои кушод баргузор мегардад, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳраку ҷамоатҳо аз шароити хизмати сарбозону афсарон аз наздик шинос шуда, мулоқоти самимиву ошкоро доир менамоянд.
- Мушоҳида мешавад, ки чи тавр сарбозон бо ифтихор, аз рафти хизматашон нақл мекунанду даъватшавандагони оянда бо завқи беандоза гӯш мекунанд ва саволҳо медиҳанд. Чунин таҷриба дар масъалаи даъвати босифат ба сафи Артиши миллӣ нақши мусбӣ мегузорад,- зикр кард Ҷамшед Ҷомаҳмадов.
Сарбозону афсарони ин қисми ҳарбӣ дар машқҳои гуногуни ҳарбию варзишӣ миёни қисмҳои ҳарбии вилояту ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ иштироки фаълона доранд. Аз ҷумла, дар мусобиқаи танкӣ бо унвонии “Биатлони танк”, ки дар Россия ва Қазоқистон баргузор шуда буд, мақоми намоёнро касб намуданд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.02.2022 №: 37 Мутолиа карданд: 453