logo

иҷтимоиёт

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. АЗ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТО ШАРАФИ ИНСОНӢ

Ҳамасола халқи шарафманди кишвар 23-юми февралро ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҳияи баланд ва ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд. Инак, имсол аз таъсисёбии ин ниҳоди калидӣ бисту нуҳ сол пур шуд. Бахшида ба ин санаи пурифтихор дар мавриди рисолати Қувваҳои Мусаллаҳ, иқтидори мудофиавӣ, зарурати тақвияти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, нақши Артиши миллӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан ва ҳифзи сулҳу оромии пойдор бо собиқадорони соҳа, роҳбарони зинаҳои гуногуни сохторҳои Вазорати мудофиа, омӯзгорони риштаи ҳарбӣ, шаҳрвандони касбу кори гуногун суҳбатҳои сарироҳӣ анҷом додем, ки онро пешниҳод менамоем: 
 
Асрор ЛАТИФЗОДА, генерал - майор:  
- Вақте дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳарфе ба забон оварданӣ шавем, беихтиёр заҳмату талошҳои бунёдгузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истеҳкоми пояҳои давлатдорӣ, аз ҷумла Артиши миллӣ пеши назар меоянд. Ва чуноне ки Сарвари давлат мегӯянд,  баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатамон таъсиси Артиши миллӣ чун як сохтори муҳими давлатдорӣ ногузир буд.
Дар таърих ин ҳақиқат, ки Артиши миллӣ дар зери хаймаҳо таъсис ёфта, дар заминаи тадбирҳои пайваставу судманди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба як неруи тавонои низомӣ, кафили сулҳу субот табдил шудааст, дар таърихи давлатдории навини мо ҳамеша сабт аст. Имрӯз мо аз он ифтихор дорем, ки дорои артиши қудратманду тавоно ҳастем ва он ба як мактаби тарбияи ватандӯстӣ ва камолоти маънавию ҷисмонӣ мубаддал гаштааст. Бо вуҷуди ин, шароити имрӯза тақозо менамояд, ки тадбирҳоро дар самти баланд бардоштани тарбияи ватанпарастии насли ҷавон боз ҳам тақвият бахшем. Сафи Қувваҳои Мусаллаҳро аз ҳисоби ҷавонони таҳсилкарда, огоҳу ватандӯст пурра намоем. Зеро барои иҷрои чунин ҳадаф имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳои заруриро фароҳам кардааст.  
 
Шодӣ САФАРОВ, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов:
- Барои ташаккули шахсияти ҷавонон роҳу василаҳои зиёде мавҷуданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз омилҳои калидӣ ба шумор меравад. Зеро хизмати ҳарбӣ ҷавононро аз ҳар ҷиҳат обутоб бахшида, ҳисси ватандӯстӣ, ки аз ҷумлаи рукнҳои асосии ҳувияти миллист, дар ниҳодашон бедор месозад. Дар ин замина, бояд ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ низ пайваста таваҷҷуҳ намуд. Зеро он шеваи аз ҳама муҳим буда, дигар шаклҳои тарбия маҳз аз он сарчашма мегиранд.
Айни замон, талабот нисбат ба омода намудани мутахассисон дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла талаботи мактабу маориф ба мутахассисони қобилиятноки бахши омодагии дифои ҳарбӣ бештар гардидааст. Дар ҳамин ҳол, аз кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои олии кишвар масъулияти бештаре тақозо шуд, то дар баробари муассисаҳои таълимии махсуси низомӣ дар пуррасозии ҳайати неруҳои мусаллаҳ саҳмгузор бошанд. Дар ин робита, факултети омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ҳамчун яке аз  манбаъҳои омода намудани  кадрҳои болаёқати соҳаи ҳарбӣ нақши муассир дорад. Ҳамин аст, ки аз ҳисоби ҷавонони болаёқат ҳамасола сафи хоҳишмандони таҳсил дар факултети мазкур афзун мегардад ва хатмкунандагони он чун кадрҳои болаёқат шуруъ аз соҳаи маорифу сохторҳои низомиву қудратӣ,  ба тамоми соҳаҳои  дигари кишвар ба кор ҷалб мегарданд.  
 
Билол МУҲИДДИНЗОД,  полковник, сардори шуъбаи сеюми Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Вазорати мудофиа:
- Дар ҳама соҳаҳо иқтидори баланди кадрӣ қувваи асосӣ буда, бурду бохт, пешрафти соҳа аз онҳо вобаста аст. Дар соҳаи ҳарбӣ сатҳи омодабошии ҳайати шахсӣ ба қобилияту кордонӣ, ҳисси садоқатмандиву ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ робитаи зич дорад. Бо ин мақсад, таъминоти кадрҳо яке аз самти муҳими сиёсати ҳарбии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин аст, ки ҳар сол аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик, сафи Артиши миллиамон бо афсарони касбӣ пурра мегарданд. Илова ба ин,  афсарон ва курсантони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд. Айни ҳол, дар муассисаҳои олии таълимии ҳарбии кишварҳои ба мо дӯсту ҳампаймон, яъне академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбӣ шумораи зиёди курсантону шунавандагон таҳсили илми низомӣ менамоянд.  
 
 Мунис ДАВЛАТЗОДА, подполковник: 
- Тавре Конститутсия муқаррар намудааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» хизмати ҳарбӣ уҳдадории конститутсионии шаҳрвандон муайян гаштааст. Аз ин рӯ, муқаррароти қонунгузории кишвар водор месозад, ки дар баробари сохторҳои дахлдор шуруъ аз волидону омӯзгорон, фаъолону пирони рӯзгордида, умуман тамоми ҷомеа баҳри ташаккул ва рушди шуури баланди ватандӯстии насли наврас тадбирҳои заруриро амалӣ намоем, то садоқат ба анъанаву ормонҳои олии Ватан, иҷрои уҳдадориҳои конститутсионӣ, ҳадафи  ҳамешагии насли ҷавон бошад. 
Тавре ҳамагон шоҳидем, бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар кишвари азизамон дигаргуниву пешравиҳои азим ба вуқуъ пайвастанд, аз ҷумла дар қатори дигар соҳаҳо хизматчиёни ҳарбӣ пайваста зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор доранд. 
 
Мавлон ШАРИФОВ,  собиқадори соҳаи кор бо ҷавонон: 
Дар давоми 30 сол бо истифода аз таҷрибаи сатҳи ҷаҳонӣ дар ҷузъу томҳои ин ниҳоди пурқудрат дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Аз таҷрибаи зиёда аз 20-сола дар соҳаи кор бо ҷавонон, бевосита дар бахши тарбияи ҳарбию ватанпарастӣ  бо итминон ва холисона зикр намуданро зарур меҳисобам, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи кишварҳои пешрафта қарор дорад. Танҳо як мисол овардан кифоя аст. Насли калонсоламон хуб дар хотир доранд, ки дар даврони шуравӣ аксари ҷавонон орзу доштанд, ки дар қӯшунҳои ҳавоӣ-десантӣ хизмат намоянд. Имрӯз тамоми намудҳои қӯшунҳо, аз ҷумла ҳавоӣ-десантӣ, дар кишварамон амал мекунад ва ҳар ҷавони ҷисману руҳан солим имкон дорад дар он хизмат намояд.
Муҳимтар аз ҳама, мо сол ба сол шоҳиди ба таври ихтиёрӣ ва   муташаккилона ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шудани ҷавонон гашта истодаем, ки бешак чунин муносибати онҳо баҳри иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ва конститутсиониашон шоистаи таҳсин аст.      
 
Амуридин АҲМАДОВ, подполковник:
-  Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бобати тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ музди маоши хизматчиёни ҳарбӣ шуруъ аз оғози соли ҷорӣ зиёд гашт. Ин тадбири навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ғамхориҳои пайваста ба соҳаи ҳарбии кишвар гувоҳӣ медиҳад. Илова ба ин, бахусус тули солҳои охир мо-низомиён шоҳиди бунёдкориҳои зиёд дар ҷузъу томҳо, тамоми сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гашта истодаем. Аз ҷумла ба истиқболи таҷлили сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар қатори дигар соҳаҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои зиёд роҳандозӣ шуда, бинову иншооти зиёди ҳарбӣ бунёду навсозӣ гардиданд. 
Албатта, ин ҳама тадбирҳо масъулияти хизматчиёни ҳарбиро барои иҷрои шоистаи уҳдадориҳояшон бештар мегардонад. Бахусус, дар шароити мураккаби ҷаҳон вазифаву уҳдадориҳои хизматчиёни ҳарбӣ барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият бештар мегардад. 
 
Муҳаммадӣ МУҲАММАДИЕВ, таърихшинос, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон:      
- Агар ба таърихи гузашта назар афканем, дар осори пурарзиши бузургонамон Ватану ватандорӣ аз ҳама шарафи бузург маънидод гаштааст. Тавре устод Садриддин Айнӣ дар асарашон “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” менигоранд, ҳангоми ба шаҳодат расидани Темурмалик аз миёнбанди ӯ ин навиштаҷот пайдо мешавад, ки далели муҳаббату садоқати бепоён ба Ватану меҳанпарастист:
Амри кафан зи хоки Ватан кардам орзу,
Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок.
Воқеан, корнамоиҳои Спитамени диловар, Деваштичи ватандӯст, Темурмалики сафшикан ва Восеи шуҷоъ, ки парчами озодиву истиқлолиятро баланд афрохта, баҳри дифоъ аз Ватан муборизаҳои бемисл  бурдаанд, баъди садсолаҳо низ ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ боқӣ мемонад.  
Хурсандиовар аст, ки имрӯз дар сафҳои Артиши миллӣ аксари ҷавонон дарк намудаанд, ки ҳимояи Ватан - Модар ин иҷрои шоистаи қарзи шаҳрвандӣ ва уҳдадориҳои конститутсионӣ аст ва, бешак, чунин муносибат падидаи беҳтарин дар шароити соҳибистиқлолии кишвар аст. 
 
Бахтиёр МУҲИДДИНОВ, лейтенанти калон, афсар-омӯзгор:       
- Пешаи афсарӣ ва соҳаи ҳарбӣ масъулияти хеле баланд дорад.  Ҳамин аст, ки имрӯз бисёр ҷавонон афсариро пешаи доимии худ қарор медиҳанд. Бешак, афсар будан ва дар тан либоси низомӣ доштан мояи ифтихор аст, ҳамзамон, барои сазовор шудан ба ин касби бошараф, тақозо мешавад, ки бисёр нозукиҳоро ҷавонон хуб донанд, забон омӯзанд, илмҳои муосирро аз худ намоянд. 
Дар навбати аввал, нафаре дар ин роҳ муваффақ мегардад, ки воқеан ҳам, меҳру садоқаташ ба Ватан, ба Модар, ба зодгоҳу сарзаминаш беандоза бузург аст. Ин меҳру муҳаббат, агар аз оила сарчашма гирад, заминаҳои устувор пайдо менамояд. Маҳз дар ҷараёни дарсҳои назарияву амалӣ тавассути хуб ба роҳ мондани машғулиятҳои фанни тайёрии ибтидоии ҳарбӣ дар ниҳоди ҷавонон сифатҳои воло – ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, ахлоқу одоби миллӣ, поквиҷдонӣ, эътиқоднокӣ ва дигар арзишҳоро парвариш ва инкишоф медиҳад. Имрӯз мактаб бо ташкили чорабиниҳои гуногун, бо ба роҳ мондани  вохӯриву мулоқотҳо, маҳфилҳои ҷолиби ҳарбию варзишӣ, фарҳангию мубоҳисавӣ, аз қабили ташкили боздиди хонандагони синфҳои болоӣ аз қисмҳои низомӣ, ташкили маҳфилҳои “Ватанпарвар”, “Муҳофизи Ватан”, “Ҳомии Ватан” ва боз тадбирҳои дигар барои ташаккули тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии насли ҷавон заминаи муҳим мегузорад. 
        
АНОРА, адибаи ҷавон, узви маҳфили адабии «Сеҳри қалам»:  
- Ватану ватандорӣ, ҳифзи марзу буми диёр аз қадим барои мардуми тоҷик арзиши баланд доранд. Ҳамин аст, ки дар ситоишу васфи Ватан адибону бузургонамон осори гаронмоя ба мо мерос гузоштаанд. Воқеан, Ватан ҳамон қаламравест, ки тули ҳазорсолаҳо аҷдодонамон дар он ба сар бурдаанду ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шумурда, барои ҳифзу шукуфоии ин қаламрави меҳрпарвар, ки имрӯз Тоҷикистон ном дорад, ҷон нисор кардаанд. Ватан ҳамон қаламравест, ки моро ба оғӯш мегирад, мепарварад ва ба камол мерасонад. Ватан модари мушфиқу ғамхори ҳар яки мост. Пас Ватану ватандорӣ ва хизмат ба он вазифаву қарзи ҳар яки мо, ҳар як ҷавонмард, ҳар як сокини кишвар аст. Ҳимояи Ватан бошад, ҳимояи нангу номуси мост. 
 
Хайём РАҶАБОВ, курсанти факултети ҳуқуқшиносии Академияи ВКД:
- Ватан ба ҳимояи ману мо ниёз дорад ва дар ҳама вазъият месазад, то дар канори халқу миллати хеш бошем ва аз замини аҷдодиамон ҳимоят намоем. Дар ин самт сари чанд нукта бояд тамаркуз кард: аввал ин ки чӣ тавр бояд насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуд, чӣ тавр ҳисси ватандор буданро дар вуҷудашон бедор ва чӣ гуна ба онҳо фаҳмонд, ки хизмат ба Ватан, ин хизмат ба Модар, хидмат ба посдории сулҳу субот, осудагиву оромию ваҳдати кишвар аст. Шахсан ман, ҳамчун як ҷавони замони истиқлол хоҳиши адои хизмати Ватан – Модарро дар сафи Артиши миллии кишварамон дошта, ҳимояи марзу бум ва хоки диёрамро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонам. Ифтихор мекунам, ки дар қатори дигар ҷавонони  ғаюру шуҷои Ватан китф ба китф дар ҳимояи марзу буми сарзамини худ камари ҳиммат бандам. Зеро ҳимояи марзу буми Ватан ҳимояи номус, шараф, эътибори асли худ аст, пас ҷавонони далери миллатро мебояд, ки садоқату вафодорӣ ва мардонагиро аз даст надода, дар роҳи  суботи Ватан камари ҳимматро ба дурустиву сахтӣ бибанданд, ки ин сарзамин ба муҳаббату садоқат ва ҷоннисории мо чун обу ҳаво ниёз дорад.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
Сайфулло АШУРОВ, 
Судобаи ФАЙЗАЛӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2022    №: 37    Мутолиа карданд: 796
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед