Хабарҳо
23 ФЕВРАЛ ТАНТАНАИ ҶАШН ДАР «ҶУМҲУРИЯТ»
Тантанаи Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи идҳои шукӯҳманду ифтихороти ватандорист, дар идораи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» субҳи барвақт оғоз шуд.
Ташаббуси баргузории ин чорабинии хотирмон, ки дар руҳияи баланди милливу ватанпарастӣ ҷараён гирифт, асосан, ба дасти бонувони идора буд. Пешниҳоди барномаи хоси мусиқӣ ва саҳнаҳои пурмазмуни бонувони идора ишора ба он доштанд, ки ҳама бояд дар роҳи ҳифзи Ватан якдилу босадоқат бошем.
Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзнома, ба ин муносибат кормандонро самимона табрик гуфта, ба ҳамаи ҳомиёни содиқи Ватан тансиҳативу сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулу бошарафашон муваффақият орзу намуд.
- Имрӯз аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол пур шуд. Тавре медонем, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ сарфи назар аз он ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ фарогир буд, мамлакати тозаистиқлоли мо зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ намуд. Ҳарчанд, барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Ин нуктаро борҳо Сарвари давлат низ таъкид кардаанд, ки Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ, аз сифр бунёд гаштааст ва хушбахтона имрӯз ба як неруи тавонои мудофиавӣ табдил шудааст, - гуфт Қурбоналӣ Раҳмонзода.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ Моҳира Сангмамадова, муовини сармуҳаррири рӯзнома ҳозиронро таҳният намуда, изҳор дошт, ки мо – кормандони «Ҷумҳурият» амалан дар канори Артиши миллӣ буда, бо неруи қалам дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва ягонагии Тоҷикистони азиз фаъолона саҳм мегузорем.
М. БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 703