сиёсат
ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ 29-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
23 феврал дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади идонаро ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ бо иштироки аҳли ҳунару фарҳанг шукӯҳи тоза бахшид, ки туҳфаи арзандае барои афсарону сарбозони содиқи ҷумҳурӣ мебошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.02.2022 №: 38 Мутолиа карданд: 770