сиёсат
ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПОЯГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ
Агар ба таърихи таъсис ва бунёдгузории Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон назар намоем, мебинем, ки поягузор ва ташаббускори он Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои навтаъсис, махсусан давлатҳои Осиёи Марказӣ, дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта Қувваҳои Мусаллаҳи хешро барпо карданд. Ҳамзамон, аз артиши пурқудрати шуравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро ба мерос гирифтанд. Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон боқимондаҳои на танҳо соҳаи ҳарбӣ, балки тамоми соҳаҳоро аз даст диҳад ва ҳамаро аз сифр оғоз кунад.
Зикр намудан бамаврид аст, ки ҳама дигаргуниҳо ва пешравиҳо дар таъсиси Артиши миллӣ баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст. 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ ва Сарвари давлат роҳи минбаъдаи рушду тараққиёт ва сохти давлатдории Тоҷикистонро ҳамчун кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон карданд. Ин роҳи саодати миллати тоҷик ва ободии Тоҷикистон гардид.
Таъсиси Артиши миллии кишварро ба се марҳала ҷудо кардан мумкин аст. Мақсади асосии давраи аввал поягузории артише буд, ки қобилияти таъмини истиқлол, якпорчагии хоки Ватан ва ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Дар давраи мазкур таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ» ва ҳуҷҷату санадҳои муҳими дигар қабул карда шуданд.
Дар давраи дуюм вазифаи асосӣ, такмили сохторҳои ташкилию штатии навъҳои асосии артиш ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ таъсис ёфтаанд.
Марҳилаи сеюми сохтории Артиши миллӣ баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид, ки он ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошт.
Қатъ гардидани ихтилофот дар мамлакат имконият фароҳам овард, ки Артиши миллӣ ба мустаҳкамкунии таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои ҷангию тактикӣ ва такмили омодагии ҷангии онҳо оғоз намуд.
Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки ҳарбиён ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар давоми 29 соли фаъолият дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои истиқлол, пойдории субот ва сохтори конститутсионӣ корномаҳои неку ибратбахш доштанд, ки фаромӯш нахоҳем кард. Бавижа, дар чандин амалиёти ҳарбӣ, ки қасди душман барканории сохти конститутсионӣ буд, ҷонбозиҳо карданд.
Дар ин давра ҳамкориҳои ҳарбию техникии Тоҷикистон бо давлатҳои гуногун ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ сол ба сол ривоҷу равнақ меёбад. Имрӯз, сафҳои Артиши миллӣ аз ҳисоби низомиёни касбӣ, ки мактабҳои ҳарбии дохилию хориҷиро хатм кардаанд, мукаммал гардидааст.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Маҳз дар сафи артиш ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Бо тамоми ҳастӣ дарк мекунанд, ки хидмати ҳарбӣ шараф аст, зеро нангу номуси падару модар ва зану фарзандони азизи худро дифоъ мекунанд. Вақте ки мо - омӯзгорон ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Аз ин хотир, ҳамчун омӯзгор ва, ҳамзамон, ба гунаи модар аз шогирдону фарзандон мехоҳам, ки барои ояндаи фарзандон ва ору номуси аҳли хонавода ба сафи артиши миллӣ бипайванданд.
Гулшан МАМАДҚУЛОВА,
омӯзгори гимназияи «Ҳиммат»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.02.2022 №: 38 Мутолиа карданд: 801