иҷтимоиёт
ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОССИЯ ҲУҚУҚИ НАФАҚА ГИРИФТАН ДОРАНД
Моҳи январи соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба имзо расид. Тибқи он, аз якуми июли соли равон андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятим ва ноболиғон, ки бинобар маҳрум шудан аз саробон ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақа таъин ва ба андозаи 25 дарсад зиёд мегардад.
Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият», иброз дошт, ки тибқи ин фармон, мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, нафақаи беш аз 90 ҳазор кӯдаки бесаробонмонда 51 сомонӣ зиёд мешавад. Дар маҷмуъ, барои афзоиши навбатии нафақаи ин гурӯҳи нафақагирон дар буҷети Агентӣ беш аз 50 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.
Моҳи январи соли равон дар раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 1239 парастор ва 1653 ятим сабти ном шудаанд, ки ҳаҷми миёнаи нафақаи онҳо дар як моҳ 232 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, 47 844 парастор ва 79 453 кӯдаки нимятим бо ҳаҷми миёнаи нафақаи 151 сомонӣ номнавис шудаанд. Шумораи нафақагирон нисбат ба соли пешӣ афзуда, то моҳи январи соли равон ба 749 817 кас расид, ки аз ин 157 ҳазору 779 нафараш маъюб мебошад. Пардохти нафақаи маъюбон дар як моҳ 51,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Соли сипаришуда ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 3431,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 550,6 миллион сомонӣ беш мебошад. Қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пурра иҷро гардид. Барои пардохти нафақа ва ёрипулии иҷтимоӣ 3126,5 миллион сомонӣ равона гардида, талабот пурра таъмин шуд ва ҳоло дар ҷумҳурӣ қарзи нафақа вуҷуд надорад.
Порсол дар доираи идомаи ислоҳоти соҳа, бо мақсади такмили низоми таъминоти нафақа, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ” таҳия шуда, мавриди амал қарор гирифтанд.
Дилмурод Давлатзода иброз дошт, ки соли рафта лоиҳаи шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа мувофиқа шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2021 «Дар хусуси лоиҳаи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа» ба тасвиб расид. Тибқи он, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Россия расман ба фаъолият машғуланд, бо шаҳрвандони ин кишвар баробар буда, ҳуқуқи нафақа гирифтанро доранд. Созишнома имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа собиқаи корӣ ҳам дар Россия ва ҳам дар Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад. Агар қисми собиқаи кории муҳоҷирон дар Тоҷикистон гузашта бошад, Тоҷикистон низ нафақа муайян мекунад.
Илова бар ин, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Агентӣ ва вазорату идораҳои марбута муяссар гардид, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистону Қирғизистон, созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини нафақа ба имзо расонанд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, аз ҷумла пардохти ёрипулӣ барои бекорӣ, ташкили корҳои ҷамъиятии музднок ва дигар масъалаҳои марбута ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 15,7 миллион сомонӣ гузаронда шуд.
Дар сатҳи мақомоти маҳаллии Агентӣ дар асоси усули «Равзанаи ягона» марказҳои хизматрасонӣ барои нафақахӯрон таъсис ёфтанд. Тибқи тартиби нав мутахассисе, ки ариза дар бораи таъин ва баррасии нафақаро қабул мекунад, нусхаҳои скайнершудаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи нафақахӯрро таҳия мекунад ва дар шакли Excel файли нафақа тартиб дода, баъдан бо истифодаи шабакаи интернет ба марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ барои коркард ирсол менамояд.
- Ҳоло дар доираи татбиқи лоиҳаи таҷрибавӣ дар шаҳри Душанбе, ҷиҳати ҷорӣ намудани шабакаи ягонаи мубодилаи электронӣ корҳои зарурӣ ҷараён доранд ва интизор меравад, ки соли равон ин корбарӣ дар минтақаҳои дигари кишвар мавриди истифода қарор мегиранд,- гуфт дар охир Дилмурод Давлатзода.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.02.2022 №: 38 Мутолиа карданд: 1127