иҷтимоиёт
ВМКБ. НАВРАСОНИ ДУШВОРТАРБИЯ АЗ ҚАЙДИ РАСМӢ БЕРУН МОНДААНД
Соли рафта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби 18 ноболиғ 9 ҷиноят содир гардидааст. Ҳарчанд ҷинояткорӣ дар қиёс ба солҳои қабл кам шуда бошад ҳам, дар умум, нигаронкунанда арзёбӣ мегардад. Гузашта аз ин, соли 2021 тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон) 395 нафар волидон ба маблағи 29608 сомонӣ, инчунин, 33 нафари дигар барои ҳуқуқвайронкунии фарзандонашон ба маблағи 1620 сомонӣ ҷарима гардиданд.
Ин нуктаро Ҳавобегим Сафарқулова, мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дар машварати назоратии назди раиси ВМКБ оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020 – 2024» иброз намуд.
Ҳавобегим Сафарқулова иттилоъ дод, ки доир ба масъалаи мазкур қарори раиси вилоят ба тасвиб расида, дар ин самт корҳои муайян анҷом мешаванд. Аз тарафи кормандони бахш дар ҳамбастагии идораю муассисаҳои дахлдор бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ давоми соли 2021 ва моҳи январи соли ҷорӣ дар байни ноболиғон беш аз 500 суҳбату вохӯриҳо гузаронда шуданд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят пайваста корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба роҳ монда шуда, бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба хонандагон тавзеҳ дода мешаванд.
-Ҳарчанд ҷиҳати амалигардонии “Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020 – 2024” аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузориҳои муайян пешбинӣ шуда бошанд ҳам, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ин масъала кам таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, - гуфт бо нигаронӣ Ҳавобегим Сафарқулова.
Дар ҷараёни баррасии масъала раиси вилоят Мирзонабот Алишер фаъолияти бахшро баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон, пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ нокифоя арзёбӣ намуда, афзуд, ки кор дар ин самт ҳанӯз беҳбудии ҷиддиро талаб мекунад. Гарчанде таълим ва сифати дониш дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ беҳтар шудааст, аммо дар масъалаи тарбия ҳанӯз камбудиҳо ҷой доранд. Алоқаи байни ниҳодҳои тарбия то ҳоло ба таври зарурӣ роҳандозӣ нагардида, ниёз ба тақвият дорад.
Таъкид рафт, ки аз рӯи ҳисоботҳо дар мактабҳои вилоят кӯдакони душвортарбия мавҷуд нестанд, аммо вазъи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва даст доштани онҳо дар дигар амалҳои ғайриқонунӣ собит месозад, ки чунин кӯдакон дар шаҳру ноҳия ҳастанд. Аз он, ки хонандагони душвортарбия расман ба рӯйхати ноболиғони душвортарбия дохил намешаванд, онҳо ислоҳ намегарданд, балки амалҳои зиддиқонуниашонро бештар мекунанд. Бинобар ин, зарур аст, ки дар ҳаққи онҳо “хизмати хирсона” накарда, бояд ба тарбияи дуруст фаро гирифта шаванд. Дар ин самт, дар мамлакат муассисаҳои махсус амал мекунанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳодисаҳои маълуми рӯзҳои 25 – 28 ноябри соли 2021-и шаҳри Хоруғ хонандагони муассисаҳои таълимӣ низ иштирок намудаанд. Ин шаҳодат аз он аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ наврасони душвортарбия вуҷуд доранд, вале муассисаҳо онҳоро чун наврасони душвортарбия сабт намекунанд.
- Мо бояд корҳои тарғиботию ташвиқотиро ҳарчи бештар ба роҳ монем, фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро ҳамоҳанг созем. Ба сохторҳои марбута лозим аст, ки оид ба фаъолияти худ ҳар моҳ тариқи васоити ахбори омма баромад намуда, корҳои ташвиқотию тарғиботиро вусъат бахшанд. Ба роҳбарияти маорифи вилоят супориш дода мешавад, ки дар бобати пешгирии аз қайди расмӣ берун мондани наврасони душвортарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ корро ҷоннок намояд, - иброз дошт раиси вилоят.
Доир ба беҳбуд бахшидани вазъи кор бо ноболиғони душвортарбия ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, ҳамчунин, Парвиз Орифзода, прокурори вилоят, Ризо Назарзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ, Майсара Азизбекова, муовини сардори шуъбаи огоҳонӣ-пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар вилоят, суханронӣ намуданд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.02.2022 №: 38 Мутолиа карданд: 479