Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
ТАСС. Вазири корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сийярто иброз дошт, ки кишвараш ҷонибдори ҷилавгирӣ аз ҷанги эҳтимолӣ дар Украина бо роҳҳои дипломатӣ мебошад.
Мир24. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Туркманистон сабти номи номзадҳоро ба интихоботи президентии дарпешистода ба итмом расонд. Ба мақоми Роҳбари давлат нуҳ нафар мубориза хоҳад бурд.
Мир24. Исландия ҳама маҳду-диятҳо вобаста ба коронавирусро аз рӯзи ҷумъа лағв мекунад.
Российская газета. Котиби матбуотии Кохи Сафед Ҷен Псаки изҳор дошт, ки Президенти ИМА Ҷо Байден нияти фиристодани неруҳои амрикоиро ба Украина надорад.
CentralAsia (UZ). Дар Ӯзбекистон аз 1 март низоми ниқобпӯшӣ дар хиёбонҳо лағв мешавад. Ин тасмим тавассути Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ гирифта шуд.
Газета.ру. Владимир Путин дар паёми худ ба шаҳрвандони Федератсияи Россия иброз дошт, ки дар нақшаҳои кишвараш ишғоли ҳудудҳои Украина нест.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 769