Хабарҳо
НОҲИЯИ ВОСЕЪ. ИСТЕҲСОЛ ВА СОДИРОТ АФЗУД
- Соли рафта заҳматкашони ноҳияи Восеъ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 120 миллиону 502 ҳазор сомонӣ расонданд, ки 125 фисади нақшаро дар бар мегирад. Ин нишондод нисбат ба соли 2020 – ум 24 миллиону 27 ҳазор сомонӣ бештар аст. Дар ноҳия 33 корхонаву коргоҳ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 900 нафар бо кор таъмин аст, - гуфт Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳия, дар нишасти хабарӣ.
Раис иттилоъ дод, ки соли гузашта ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 2572 нафар муроҷиат кард. Аз 2042 корҷӯ 1208 нафарашро занон ташкил мекунанд. Дар ҳамин давра ба 738 нафар занону духтарон мақоми бекорӣ дода шуд. Тибқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 1273 нафар бо кор таъмин гардид. Музди миёнаи меҳнат 947 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 миллиарду 135 миллиону 293 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба соли пеш 56 миллиону 588 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст. Аз ҷониби кишоварзон 2859 тонна маҳсулот содирот гардид, ки 108 дарсади нақшаро ташкил мекунад.
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 793