Хабарҳо
КӮЛОБ. ХИЗМАТҲОИ ШОЁНИ ҲОМИЁНИ ВАТАН ҚАДР ГАРДИД
Дар арафаи ҷашни Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони мақомоти мудофаи кишвар ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро аёдат намуданд.
Зимни суҳбатҳои самимӣ бо фарзандони шуҷои мамлакат, ки дар таҳкими қонуният ҳифзи якпорчагии кишвар ва муҳофизати марзу буми кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи ҳомиёни Ватан дар арафаи ҷашну маросимҳои миллӣ онҳоро қадрдонӣ хоҳад намуд.
Ин иқдомҳои роҳбарияти шаҳри Кӯлоб аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, мояи сарбаландиву ифтихори собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Дар ин рӯз собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ташаббусҳои иҷрокунандаи раиси шаҳри Кӯлоб ҷиҳати таваҷҷуҳ ба ҳаёту фаъолияти онҳо изҳори сипос намуда, тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ миёни ҷомеа ва тарбияи насли ҷавонро дар руҳияи меҳандӯстиву ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз рисолати минбаъдаи худ арзёбӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Бахтиёр Назарзода ба собиқадорони ҷангу меҳнат Сафаралӣ Бозорзода, Аскар Демпанаев, Салим Саид, Хурсанд Аъзамов, Талабхӯҷа Нозимов, Саймурод Исмоилзода, Хоркаш Бобоев, Давлат Амиров сипоснома ва туҳфаҳои идона тақдим намуд.
Далер ШАРИПОВ, бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 761