Хабарҳо
МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ВАЛЕНТИНА МАТВИЕНКО
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, ки ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, вохӯрд.
Тавре аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар доданд, дар суҳбат ҳамкории дуҷонибаю шарикии стратегии Тоҷикистону Россия, ҳамчунин, ҷанбаҳои мубрами вазъияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Рустами Эмомалӣ бо зикри таҷлили 30-солагии муносибатҳои дипломатии кишварҳо, ки ба 4 апрел рост меояд, аз робитаҳои ҳасанаи дӯстӣ, сатҳи баланди боварию эътимоди байниҳамдигарӣ, шарикии стратегӣ ва натиҷаҳои пурмаҳсули ин ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ кард.
Зикр шуд, ки палатаҳои болоии порлумонҳои ду кишвар дар доираи Ассамблеяи байнипорлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи порлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шурои Федератсия робитаҳои зичро ба роҳ монда, пеш мебаранд.
Дар зимн, ҷонибҳо аз раванди баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва амалигардонии лоиҳаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд. Инчунин, масъалаҳои амният, афзоиши хатарҳои фаромиллӣ ва вазъи имрӯзаи Афғонистон ва минтақа мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор гирифт.
БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР УКРАИНА ҚАРОР ДОРАНД
Бинобар аз ҷониби мақомоти Украина аз 24 феврали соли 2022 ҷорӣ шудани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми ҳудуди мамлакат, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, ки дар Украина қарор доранд, хоҳиш менамояд, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои фавриро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.
Дар изҳороти вазорат омадааст, ки дар сурати пайдо шудани мушкилот, шаҳрвандони мо метавонанд ба сафорати Тоҷикистон дар Украина аз рӯйи хатти алоқаи доимии рақами +380933361040 муроҷиат намоянд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 720