logo

президент

Баҳри бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиат дастур дода шуд

3  май  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати мамлакат ва  Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои марбута ва шахсони дигари дахлдор машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд ва рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ баррасӣ шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо назардошти вазъи ногувори зиндагии мардуми аз боришоти боронҳои сел зарардида, хусусан дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дод, ки баҳри ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои  офатҳои табиӣ, барқарор намудани роҳу пулҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои зиндагии муқаррарии мардум чораҳо андешанд.
Ба Ҳукумати мамлакат ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро оид ба иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, зери назорати доимӣ бигиранд.
Супоришҳои мушаххас ҳамчунин оид ба татбиқи босамари лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ дода шуд.

www.president.tj


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3572
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед