logo

энергетика

СОДИРОТИ НЕРУИ БАРҚ 911,6 МИЛЛИОН КВТ/СОАТ АФЗУД


Вазорати энергетика ва захираҳои об дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати ягонаи энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обиро пеш мебарад.
 
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи ниҳод, гуфт, ки порсол дар ҷумҳурӣ содироти энергияи барқ нисбат ба соли пешӣ 911,6 миллион кВт/соат зиёд шуда, 2 миллиарду 439,2 миллион кВт/соатро ташкил дод. Неруи барқ, асосан, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон як миллиарду 213,1 кВт/соат ба маблағи 612,2 миллион сомонӣ ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон як миллиарду 145,7 миллион кВт/соат ба маблағи 259,4 миллион сомонӣ содирот шуд. 
 
- Айни замон дар асоси технологияи муосири (барномаи биллингӣ) дар соҳа ҷоригардида, ирсоли СМС-паёмак ба муштариён оид ба маълумоти нишондиҳандаҳои ҳисобкунак, сарфи неруи барқ, ҳисоби маблағи барқи истифодашуда, пардохти он ва бақия баъди сабти электронӣ ва ё баъди пардохти маблағ роҳандозӣ шуд, ки ҳадаф аз он шаффофият дар ҳисоби дақиқи неруи барқ мебошад. Дар натиҷа, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба муштариён баланд шуд. Ҳоло Вазорат якҷо бо ҷамъиятҳои шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ ҷорӣ намудани системаҳои электронии идоракунии истифодаи неруи барқро ба роҳ мондааст, - гуфт Далер Ҷумъа.
Тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд то соли 2030 иқтидори тавлидотии барқи кишвар аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, махсусан офтобӣ ва бодӣ, 700 мегаватт зиёд гардад. Дар робита ба ин, дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи офтобӣ дар назар аст. Вазорат ҷиҳати татбиқи масъалаҳои таҷдид дар манбаъҳои тавлиди неруи барқ ва пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии байналмилалии роҳбарияти олии кишвар дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо, ки масъалаҳои рӯзмарра ба шумор рафта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва ҳамовозӣ пайдо намудаанд, саҳм мегузорад.
Гуфта шуд, ки соли рафта дар ҷумҳурӣ 20 миллиарду 624,6 миллион кВт/соат неруи барқ тавлид гашт, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли пешӣ 853,8 миллион кВт/соат бештар мебошад. Инчунин, истеҳсоли неруи гармӣ нисбат ба соли пешӣ 46,7 ҳазор Гкал афзуд. Ҷамъоварии маблағи неруи барқ 93,6 дарсад ё 3 миллиарду 113,6 миллион сомониро  ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 385,1 миллион сомонӣ зиёд аст. 
Далер Ҷумъа сабабҳои асосии зиёд гардидани ҷамъоварии маблағи энергияи барқро ба беҳтар ба роҳ мондани корбарӣ дар самти ҷамъоварии маблағи энергияи барқ, пурзӯрсозии назорати кори низоми биллингӣ, идоракунии корпоративӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири хизматрасонӣ барои муштариён марбут донист.
Моҳи июни соли гузашта миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созишнома оид ба таъсиси ҷамъияти саҳомии муштарак, омодасозии арзёбии техникӣ - иқтисодии сохтмон ва истифодабарии ду неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ба имзо расид, ки айни ҳол корҳои ташкилӣ дар ин самт ҷараён доранд. Соли гузашта, дар баробари вусъатбахшии бунёди НБО «Роғун», ҳамчунин, ҳаждаҳ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,6 миллиард сомонӣ татбиқ гашт. 
-Дар ин давра, дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ низ тадбирҳо андешида шуданд. Аз ҷумла, соли рафта дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220 ва 110 кВ дар НБО «Сарбанд» ва агрегати №3 бо иқтидори лоиҳавии 49 мВт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, моҳи сентябри соли рафта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба фаъолияти зеристгоҳи барқии «Хоруғ» ва «Помир – 1» оғоз бахшиданд. Бо ба кор даровардани иншоот, марҳилаи нав ва таърихии таъмини неруи барқ дар ВМКБ шуруъ шуд, зеро нахустин маротиба системаи энергетикии вилоят ба иқтидори 110 кВ расид, - таъкид кард вазир. 

Кароматулло АТО,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2022    №: 40    Мутолиа карданд: 9274
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед