иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Зиндагинома ва фаъолияти Шамсиддин Шарбатов, омӯзгори Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов”, шоистаи омӯзиш ва мактаби зиндагист. Зеро номбурда инсони нексиришт, донишманду хушгуфтор, таҳаммулпеша ва дорои дигар сифатҳои ҳамида мебошад. Маҳз ин хислату сифатҳо устоди азизро дар байни ҳамкорон ва шогирдонаш сазовори эҳтироми хосса гардондааст.
Дар бораи кору фаъолияти устод навиштан мояи ифтихору сарфарозист. Ситоиши инсонҳоеро, ки дар қалбашон меҳру муҳаббат нисбат ба арзишҳои олии инсонӣ ҷӯш мезанад, гумон мекунам, ҷомеа хуш пазироӣ менамоянд.
Шамсиддин Шарбатов баъди адои хизмати ҳарбӣ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода супорида, ин даргоҳи илму ҳунарро бо ихтисоси “Фаъолияти иҷтимоии фарҳангӣ” хатм намудааст. Ҳамчун омӯзгори соҳибтахассус ва дараҷаи олӣ аз соли 1991 то имрӯз ба донишҷӯён дарс медиҳад.
Ӯ бо шавқу рағбати рӯзафзун нисбат ба пешаи омӯзгорӣ ҳар субҳ барвақт ба таълимгоҳ меояд. Дар даромадгоҳи муассиса ҳамкоронашро бо табассум ва нигоҳи гарм пешвоз мегирад. Бо чунин тарзи муносибат зиёда аз 30 сол боз дар коллеҷи фарҳанг ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорад. Бо донишҷӯён хушмуомила ва меҳрубон аст. Аз ин рӯ, ӯро самимона дӯст медоранду эҳтиром мегузоранд. Дар тамоми чорабиниҳои идонаи давлатӣ, аз қабили ҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи забони давлатӣ, инчунин озмунҳои “Бӯстон”- у “Андалеб”, ки дар сатҳи ноҳия ва ҷумҳурӣ баргузор шудаанд, бо шогирдонаш иштирок менамуд ва ҳоло ҳам дар ин самти кор фаъол аст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Фарҳанг ҳастии миллат аст”. Барои мардуми шарифи кишвар моҳияти суханони Пешвои миллат чун рӯз равшан ва арзишманд мебошад. Ба ин хотир, дар қатори тамоми зиёиёну фарҳангпарварони мамлакат Шамсиддин Шарбатов ҳам кӯшиш менамояд, ки саҳми худро барои рушди соҳаи фарҳанг бештар гузорад.
Барои омӯзгори сатҳи баланд будану хизматҳои содиқонаву пурсамар намудан, устоди азиз бо унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Мавсуф, инчунин, барои иштироки фаъолаш дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фарҳангию маърифатомӯзӣ бо ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва директори муассисаи таълимӣ сарфароз гардидааст.
Тавре устод Шамсиддин Шарбатов дар суҳбат иброз намуд: “Ман аз он ифтихор менамоям, ки имрӯзҳо давлати сиҳибистиқлоли мо дар ҷаҳон ҳамчун кишвари рушду тараққикарда нуфузи хосса дорад. Сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи фарҳанг заминаи устувор гузоштааст. Азбаски дар атрофи пойтахти кишварамон зиндагӣ менамоям, бевосита ё тавассути "оинаи нилгун" мебинам, ки барои пешрафти соҳа, давлату Ҳукумати Тоҷикистон корҳои зиёде ба анҷом расондааст.
Албатта, аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумат самаранок истифода бурда, аҳли фарҳанги кишвар, аз ҷумла мо - омӯзгорон, боз ҳам бояд пурсамар меҳнат намоем ва дар рушди соҳа саҳми худро гузорем”.
Миралӣ ВОҲИДОВ,
мудири кафедраи “Рӯзноманигорӣ ва
китобхонашиносӣ”-и Муассисаи давлатии
“Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи
П. Бӯйдоқов”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.02.2022 №: 40 Мутолиа карданд: 522