logo

номаҳо

ҲАР КӢ Н – ОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РӮЗГОР

Ин мисраи асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, барҳақ, баҳри ононе гуфта шудааст, ки аз ҳаводиси аввали солҳои 90 -ум дар Тоҷикистон дарси ибрат наомӯхтаанду он рӯзҳои барои миллати мо нангину сангинро хеле зуд фаромӯш кардаанд. Чаро дар миёни мо - шаҳрвандони сарбаланди сарзамини фарҳангпарвар ҳанӯз ҳам нафароне ба мисли Мирзобоқӣ ёфт мешаванд, ки тариқи интернет бо ҳар гуна андешаҳои ботил андешаи мардумро вайрон намуда, оромиши кишварро ба ҳам рехтан мехоҳанд. Магар аз пайомаде, ки бар асари ҷангҳои таҳмилӣ дар Афғонистон ба вуқуъ омадаву ҳаёти мардумонашро боз ҳам тоқатфарсо намудааст, ҳанӯз ҳам сабақ нагирифтаем?
Ҳанӯз, ки дер нашудааст, биёед аз тақдири ҳамсоягони худ – мардуми Афғонистони  решаи амнияташон хокхӯрда андешаи амиқе намоем. Магар ҳамин ба ду гурӯҳи ба ҳам муқобил ҷудо гаштану бо ҳам муддати тулонӣ зиддият нишон додани низомиёни Афғонистон набуд, ки оқибат толибони иртиҷоъпараст ба сари қудрат омаданд. Акнун бубинед, ки онҳо бо мардумашон чӣ кор карда истодаанд. Чаро дидаву дониста амнияти Ватани хеш - Тоҷикистони рӯз ба рӯз ба кишвари рӯ ба рушду нумӯдоштаро халалдор созем?! Чаро боре он мисраеро, ки адиби классикиамон гуфтааст, яъне:
Сад бор бадӣ кардиву раҳми ту наомад,
Хубӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ., 
- ро ба ёд наорем? Охир метавон аз бадиҳо ҳазар намудаву ҷойи он рӯ ба некӣ овардаву Тоҷикистони маҳбуби худро бо Сарвари азизи миллату давлати хеш дӯст дорему эҳтиром гузорем.
Ман як нафар омӯзгорам, ки дар музофот фаъолият дорам. Сари чанд вақт ба аёдати хешовандон ба пойтахт меоям, ба биноҳову гулгаштҳои тару тозаи он  назар дӯхта шукр мекунам, ки Тоҷикистон, бахусус пойтахти нозанини он, ба ин зудӣ симои худро дигаргун менамояд. Ба мо барои дӯст доштану аз амнияти Ватани азиз шукргузорӣ намудан чӣ намерасад?
 
Мавзуна  РАҶАБОВА, 
омӯзгори  Коллеҷи  тиббии 
шаҳри  Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2022    №: 40    Мутолиа карданд: 4442
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед