Хабарҳо
Навидҳои фарҳанг
«САПЕДОРОНИ ОЗОДӢ» ЧОП ШУД
Китоби "Сапедорони озодӣ" дар шаҳри Кобул рӯйи чоп омад, ки баргузидаи шеъри иҷтимоиву сиёсии занони Афғонистон ва Тоҷикистон буда, шеърҳои таркиби он ҷаҳлу нодониро инкор ва дар ин моҷаро аз бонувони Афғонистон ҳимоят мекунанд.
Ибтикори мазкур аз сӯйи гурӯҳи фарҳангии "Ҳамзабонон" ва кӯшиши шоир Шакило Шуъла Аъзамӣ ба нашр расид.
Ин китоб намунае аз осори 10 шоирбонуи Тоҷикистон - Гулрухсори Сафӣ, Фарзона, Гулноз Тоҳириён, Рудобаи Мукаррам, Нуқра Суннатниё, Сурайё Ҳакимова, Адиба Ҳабибова, Нодира Назарӣ, Робияи Холмирзо, Махфират Юсуфӣ ва Нуринисо Акрамоваро фаро мегирад.
«ЛАЙЛӢ ВА МАҶНУН»-И НАВОӢ БО ДУ ЗАБОН
Дар як китоб бо ду забон рӯйи чоп омадани достони “Лайлӣ ва Маҷнун” дар тарҷумаи шоири зулиссонайн Ҷонибек Қувноқ, ки дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории ду халқ хизматҳои шоиста кардааст, воқеаи муҳими ҳаёти адабист.
Ҷонибек Қувноқ тарҷумаи достонро 30 сол пештар аз ин ба муносибати 550-солагии асосгузори адабиёти классикии ӯзбек Алишери Навоӣ ба сомон расонда буд, аммо аз сабаби мушкили иқтисодӣ дар шакли китоб чоп нагардид. Бо саъйи узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоири боистеъдод Асадуллоҳ Шукуров достони мазкур нашр гардид.
Ёдовар бояд шавем, ки Навоӣ дар марҳилаи аввали эҷод бо тахаллуси Фонӣ ғазалҳои форсӣ суруда, аз шогирдони садоқатманди Абдураҳмони Ҷомист.
«ХАТЛОНФИЛМ» СОҲИБИ СТУДИЯИ НАВ ГАРДИД
Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” аз ифтитоҳи студияи нав дар вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад. Зикр мешавад, ки гурӯҳи эҷодӣ ва техникии ин студия дар вилоят филмҳои мустанад ва бадеӣ ба навор хоҳад гирифт.
Ҳоло масъулони он ба наворбардории филм дар бораи шаҳри бостонии Тахти Сангин, ки қаблан ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шуда буд, шуруъ кардаанд. Инчунин, ният доранд, ки филми ҳуҷҷатии «Бешаи палангон»-ро низ ба навор гиранд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 800