Хабарҳо
30 - СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ. ДАР НАЗДИ ҚАСРИ АРБОБ БОҒИ ФАРҲАНГӢ - ФАРОҒАТӢ БУНЁД МЕШАВАД
Бахшида ба 30 - солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Қасри Арбоб, ки макони баргузории Иҷлосияи таърихӣ буд, боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд мешавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷойи бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ боздид карда, бо лоиҳаи иншоот шинос гардид. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки боғи мазкур бо тарҳи меъмории милливу муосир сохта шуда, дорои дарвозаи асосӣ, нишастгоҳҳо, гулгашту фаввораҳо буда, барои нақлиёт низ ташкили таваққуфгоҳ пешбинӣ гардидааст.
Раиси вилоят қайд намуд, ки бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ дар назди Қасри таърихии Арбоб барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон мувофиқ буда, ба ин макони таърихӣ ҳамасола садҳо нафар меҳмонони хориҷӣ ташриф меоранд. Аз ин лиҳоз, боғи нав метавонад макони хуби истироҳативу сайёҳӣ бошад.
Бояд гуфт, ки имсол мардуми кишвар 30-юмин солгарди баргузории яке аз рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсоз - Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Маҳз 30 сол пеш вакилони Шурои Олӣ бо назардошти авзои мураккаби сиёсию ҷамъиятии ҷумҳурӣ, дар Қасри Арбоб ҷамъ омада, қарори муҳимеро, ки сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон ба он сахт марбут буд, қабул намуданд. Дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз хиради азалии миллати тоҷик боло гирифт ва дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро Сардори давлати Тоҷикистон интихоб карданд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд баҳри барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти миллӣ, пойдории таҳкурсии давлат, рушди муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва байналмилалӣ заминаи муҳим ва мусоид фароҳам овард.
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 809