logo

Хабарҳо

"ДУШАНБЕ ГАНҶЕ ДАР ҚАЛБИ ОСИЁ"

Бо ин ном аз тариқи нашрияи «Шарқи озод» китоби  хубу хонданӣ ба табъ ва дастраси ҳаводорон гардид. Масъулони нашр Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» мебошад.
Китоб маҷмуи очерку мақолаҳоеро дар бар мегирад, ки дар доираи озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Душанбе ганҷе дар қалби Осиё» ба ифтихори пойтахти фарҳангии ИДМ интихоб гардидани пойтахти кишварамон дар соли 2021 баргузор карда шуд.
Китоб бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди пойтахти ҷумҳуриямон – шаҳри Душанбе оғоз меёбад: «Агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем ва исбот намоем, ки, воқеан, миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем». Ин суханон, бешак, як навъ раҳнамо ва дастур барои ҳар сокини пойтахт ва шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ба ҳар мамлакат нахуст аз пойтахти он баҳогузорӣ мекунанд ва пешрафту тараққиёташро муайян менамоянд.
Баъдан дар асар муроҷиатномаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сокинони пойтахт ҷиҳати ба «шаҳри гулрез» ва «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти мамлакат оварда мешавад.
Шаҳзод Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, дар навиштааш бо номи «Душанбе – симои Меҳан, аз ҷумла таъкид медорад: «Имрӯз дар пайи талоши шаҳрдори ҷавон зери сиёсати ободкоронаи Президенти кишвар Душанбе ба макони дӯстдоштании хурду бузурги Меҳан мубаддал гардида, дидори он орзуи ҳар сокини кишвар ва хориҷиён мебошад».
Матлаби рӯзноманигори шинохта Ҷумъахон Темурзода бо ин  байт ва ҷумла, ки гувоҳ аз саршории муҳаббати муаллиф ба пойтахт аст, оғоз меёбад:
«Душанбе шаҳри ишқу шаҳри армон,
Душанбе махзани илм асту ирфон.
Душанбеи азизро чиҳил сол боз бо нигоҳи пур аз меҳру муҳаббат чунин мебинем».
Ҳамин тавр, муаллифони навиштаҳо, аз ҷумла Беҳрӯз Холмуродов, Нуралӣ Нурзод, Мансур Шоҳиён, Ҳасан Азизов, Хуршед Мавлонов, Ҷамшед Олимов, Зебониссо Бобоалиева ва дигарон дар бораи таърихи бунёд, пешрафти он дар соҳаҳои гуногун, гулгулшукуфии пойтахт баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, дастгирии Пешвои миллат матлабҳои хубу хонданӣ ва таҳлилӣ ба табъ расондаанд.
Мураттиб ва муҳаррири масъули китоб Шодихони Назар дар интихоби маводҳо ва ҷобаҷогузории онҳо саҳми назаррас дорад.
Қисмати дуюми китоб дар навбати худ боз бо се бахш: «Дирӯзи Душанбе» ва «Душанбе дар 25 соли соҳибистиқлолӣ», «5 соли рушд бо Эмомалӣ Раҳмон» ҷудо мешавад. Дар онҳо суратҳое ҷой дода шудаанд, ки симои ин шаҳри азизро дар ду давр ва солҳои гуногун баён месозанд.
Хулоса, китоб туҳфаи арзишмандест барои дӯстдорони пойтахти кишварамон ва пажӯҳишгарон дар ин самт.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 668
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед