Хабарҳо
Токаев ва Макрон вазъи феълии Авруосиёро баррасӣ карданд
Мир24. Бо ташаббуси ҷониби Фаронса Президенти Қазоқистон Қосим – Жомарт Токаев бо Президенти ин кишвар Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар суҳбат масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин, вазъи феълии Авруосиё баррасӣ шуданд. Сарварони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки равобити доимии кориро идома диҳанд,- гуфт дафтари матбуоти Президенти Қазоқистон.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин кишвар, як рӯз пеш Токаев бо раиси Шурои Аврупо Чарлз Мишел гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст.
Қаблан Токаев дар ҷаласаи Шурои байниҳукуматии Авруосиё дар Нур-Султон аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки барои рафъи мушкилоти иқтисодӣ якҷоя ҷидду ҷаҳд намоянд.
Лукашенко ва Зеленский дар бораи вохӯрии ҳайатҳои Россия ва Украина ба тавофуқ омаданд
Мир24. Президентҳои Беларус ва Украина Александр Лукашенко ва Владимир Зеленский рӯзи якшанбе суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Лукашенко ва Зеленский ба мувофиқа расиданд, ки ҳайати Украина бо намояндаи Россия бидуни ҳеҷ шарте дар марзи Беларус ва Украина дар наздикии дарёи Припят мулоқот кунанд. Лукашенко масъулиятро ба дӯш гирифт, ки дар ҷараёни сафар, музокирот ва бозгашти ҳайати Украина тамоми чархболҳо, ҳавопаймоҳо ва мушакҳои мустақар дар Беларус дар замин боқӣ хоҳанд монд.
Қаблан котиби матбуотии Президенти Россия Дмитрий Песков гуфта буд, ки ҳайати Россия барои музокирот бо Украина омода аст. Дар навбати худ Владимир Мединский, ёрдамчии Роҳбари Россия, гуфт, ки Украина дар бораи музокирот бо Россия дар вилояти Гомел мувофиқат кардааст.
Натоиҷи раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Беларус
АИР «Новости». Дар раъйпурсӣ аксарияти мардуми Беларус ба ҷонибдории ислоҳот ба Конститутсия овоз доданд. Дар ин бора раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Игор Карпенко хабар дод.
«65,16 дарсади иштирокчиёни раъйпурсӣ, ки ба рӯйхатҳои овоздиҳӣ дохил шудаанд, ба ҷонибдории қабули тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Беларус овоз доданд. Зид - 10,07 дарсад», - гуфт раиси КМИР. Шумораи умумии иштирокчиёни раъйпурсӣ 6 миллиону 815 667 нафарро ташкил дод. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар раъйпурсӣ 78,63 дарсади шаҳрвандони ба рӯйхати раъйпурсӣ воридшуда, ширкат варзиданд.
Овоздиҳӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсия 27 феврал баргузор шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 986