Хабарҳо
Ҷоми ФФТ
“Регар-ТадАЗ” бори сеюм онро ба даст овард
Тими «Регар-ТадАЗ» дар вохӯрии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон – 2022 ба дарвозаи дастаи “Ҳосилот”- и Фархор чор голи беҷавоб зада, барандаи ҷом гардид.
Тӯбҳоро Артур Фозилов (дақ. 65, 70), Шуҳрат Элмуродов (79) ва Фатҳулло Фатҳуллоев (88) ба самар расонданд.
Ҳамин тавр, бошгоҳи «Регар-ТадАЗ» бори сеюм соҳиби Ҷоми ФФТ шуд. Қаблан, солҳои 2012 ва 2016 ҷомро ба даст оварда буд.
Дар бозӣ барои ишғоли мақоми сеюм «Файзканд» (Восеъ) бар «Хатлон» (Бохтар) бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ (16 – 26 феврал) 8 даста «Регар-ТадАЗ», КМВА, «Ҳосилот», «Истаравшан», «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Файзканд», «Хатлон» ва «Спитамен» ширкат дошт.
ҶОМИ ОСИЁ – 2023
Тоҷикистон бо кадом тимҳо ва кай бозӣ мекунад?
Бар пояи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё – 2023, ки дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (Куала Лумпур, Малайзия) баргузор гардид, тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо мунтахабҳои Қирғизистон, Мянма ва Сингапур қувваозмоӣ мекунад.
Тибқи иттилои ФФТ, бозиҳои гурӯҳи «F» дар як давр ба таври мутамарказ 8, 11 ва 14 июн дар шаҳри Бишкек мегузаранд.
Аллакай, ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё – 2023 (Чин) 13 даста Чин (мизбон), Сурия, Австралия, Эрон, Ироқ, Арабистони Саудӣ, Қатар, Уммон, Ҷопон, АМА, Ветнам, Корея ва Лубнон роҳ ёфтаанд.
Барои 11 роҳхати боқимонда 24 мунтахаб дар марҳилаи интихобӣ талош мекунад. Ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё – 2023 ғолибони 6 гурӯҳ ва 5 дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо бо нишондоди беҳтар роҳхат мегиранд.
Гурӯҳҳои дигар чунинанд: Гурӯҳи «А»: Урдун, Кувайт (мизбон), Индонезия, Непал. Гурӯҳи «В»: Фаластин, Филиппин, Яман, Муғулистон (мизбон). Гурӯҳи «С»: Ӯзбекистон (мизбон), Тайланд, Малдив, Шри-Ланка. Гурӯҳи «D»: Ҳиндустон (мизбон), Ҳонгконг, Афғонистон, Камбоҷа. Гурӯҳи «Е»: Баҳрайн, Туркманистон, Малайзия (мизбон), Бангладеш.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 865