Хабарҳо
«Тоҷикистон - Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ»
Зери ин унвон дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ҷаласаи пленарии Форуми VII байнипарлумонӣ доир гардид.
Дар оғоз Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко бо суханони ифтитоҳӣ баромад карданд. Сипас, маросими имзои Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ҳукумати вилояти Челябинск дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва башардӯстӣ баргузор гашт.
Баъдан, кори форум таҳти раёсати ҳамраисони Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Раҷаббой Аҳмадзода ва Николай Журавлёв идома ёфт.
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маориф
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимӣ, ки дар доираи татбиқи Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Россия барои 1224 хонанда бунёд мегардад, шинос шуданд.
Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко тавассути видеоконфронс бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии дигаре, ки дар доираи ин созишнома бунёд мегардад, ошно гаштанд.
Дар идома, ба Муассисаи давлатии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Сино ташриф оварданд. Дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи «Омӯзгори русиягӣ дар хориҷа» дар литсей-интернати мазкур 5 омӯзгори русиягӣ ба хонандагон дониш меомӯзад.
Қоҳир Расулзода бо Михаил Бочаров мулоқот намуд
Таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии муштарак, сармоягузорӣ, коркарди ниҳоии маҳсулот ва, дар маҷмуъ, тақвияти ҳамкорӣ аз масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо директори генералии Ширкати нассоҷии «Балтика Групп»-и Россия Михаил Бочаров баррасӣ шуд, - хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон имкони хуби сармоягузорӣ дорад ва барои рушди бахши хусусӣ ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ дар заминаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ва таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар соҳаи саноату сармоягузорӣ имкони созгор фароҳам сохта, татбиқи якчанд имтиёзро ба роҳ мондааст.
Фаъолияти «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» тамдид гашт
Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» барои фаъолияти оператори низоми пардохтии «Осон» ба муҳлати 5 сол тамдид гардид. Дар ин бора Бонки миллӣ иттилоъ дод.
Дар асоси ин қарор иҷозатномаи ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ки бо қарори раёсати Бонки миллӣ аз 18 феврали соли 2019 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста мешавад. Идораи низоми пардохт вазифадор шуд, ки дар феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1024